Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Суханрониҳои эътимодбахш

Суханрониҳои эътимодбахш

Моҳи марти соли гузашта ба сохтмони нерўгоҳи барқии обии "Роғун" раиси Шўрои энергетикҳои ИДМ Анатолий Владимирович Чуенко ташриф оварда буд. Вай бо ҷараёни кор дар ҳамаи иншооти бунёдшавандаи нерўгоҳ аз наздик ошно гашта, ваҷду ҳайрати хешро аз ин ободгариҳо пинҳон карда наметавонист. Мардуми Тоҷикистон, Президенти шумо воқеан бузург будаанд, азму ғайрати олӣ доштаанд, ки шумо бо ин буҷаи нокофӣ, дар ин вазъи мушкили иқтисодие, ки доред, ба чунин сохтмони азим иқдом кардед ва онро собитқадамона пеш бурда истодаед, мегуфт ў. Коре ки шумо мекунед, на фақат дар минтақа, балки дар ҷаҳон назир надорад. Қариб тамоми иншооти неругоҳ дар зери замин, дар қабати кўҳ ҷой шудааст-ин дар амалияи нерўгоҳҳои обӣ таҷрибаи нодир аст, сипас, баландтарин, 335 метр, сарбанди об дар ҷаҳон. Шумо, бешубҳа, изҳори боварӣ кард А.В. Чуенко, баъди анҷоми кори неругоҳ аз ҷиҳати ҳаҷми иқтидорҳои обии тавлиди барқ дар ИДМ ба ҷойи якум мебароед.

Дар ҳақиқат, Роғун сохтмони азимест, ки он мақоми сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлати моро боло бурдааст ва хоҳад бурд. Тамоми неругоҳ, фақат ба ҷуз таҷҳизоти элигазӣ, дар зери кўҳ бунёд мешавад, ки монандаш ҳоло дар ҳеҷ ҷо нест. Обанбораш ғунҷоиши калонтарини ҳаҷми обро дорад. Ин имконият обанбори "Роғун"-ро ба обанбори бисёрсола табдил медиҳад. Бояд гуфт, ки алҳол ҳамаи обанборҳо дар кишвари мо, аз ҷумла "Норак" яксолаанд, яъне, захираи обашон дар тавлиди барқ танҳо барои як сол кифоят мекунад, ки мо давоми солҳои зиёд бо танқисии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рў ба рў будем.
Обанбори "Роғун" бошад, ин хатарро аз миён мебарад ва барои кори муттасили неругоҳҳои дигар низ шароит фароҳам меоварад.
Ин мавзуъҳои ҷолиб зимни суханронии раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" Мирзо Иброҳимзода чанде пеш дар толори қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат зимни як ҷамъомади пуродам матраҳ гардиданд. Ҷамъомад ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки рўзи 26 декабри соли гузашта сурат гирифт, бахшида шуда буд. Дар толор намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, фаъолони шаҳру деҳот, хизматчиёни давлатӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, омўзгорону табибон, занон, ҷавонон ҳузур доштанд. Ҳозирин суханрониҳои эътимодбахшу пурдалели нотиқонро перомуни Паёми навбатии Сарвари давлатамон ва хулосаю вазифагузориҳояшонро барои давраи минбаъдаи рушди кишвар бо таваҷҷуҳи зиёд шуниданд.
Мирзо Иброҳимзода, зимнан, аз лаҳзаҳои пурҳаяҷони оғози кори чархаи аввали нерўгоҳи "Роғун" ёдовар шуда, иброз дошт, ки ин воқеаи хурсандибахш натиҷаи сиёсати собитқадамонаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Натиҷаи ҳамин сиёсат аст, ки дар Ватанамон тўли даҳ соли охир 1520 мегаватт иқтидорҳои нави энергетикӣ ба истифода дода, 1300 километр хатҳои нави барқ кашида шуданд. Ду сол аст, ки мардуми мамлакат бе маҳдудият бо барқ таъминанд, дар сурате, ки аз ҳамсоягони мо, ҳатто, Ўзбекистон маҷбур аст, ки дар интиқоли барқ маҳдудият дошта бошад. Вай гуфт, ки ҳоло нерўгоҳи "Роғун" ҳар шабонарўз 2 миллиону 500 ҳазор киловатт/соат ба шабакаи энергетикии мамлакат барқ медиҳад. Дар ин иншооти азим 22 ҳазор нафар барои ба истифода додани иқтидорҳои навбатӣ шабу рўз кор карда истодаанд. Аммо "Роғун" бо вуҷуди бузургиаш, танҳо як самти кор ҷиҳати рушди энергетикаи кишвар аст. Боз нерўгоҳҳои "Норак", "Дўстии халқҳо", "Сарбанд", "Варзоб", ки чандин даҳсола инҷониб кор мекунанд, таҷдид шуданд ва таҷдид шуда истодаанд. Масалан, таҷдиди нерўгоҳи "Дўстии халқҳо"-ро дар Қайроққум бо маблағи 198 миллион доллар ширкати овозадори амрикоии "Ҷенерал Электрикс" ба уҳда гирифтааст.
Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки кишварамон дар содироти нерўи барқ дастовардҳои бештар дошта бошад ва дороиҳои давлат афзун шаванд.
Соли гузашта содироти нерўи барқ 3 миллиард киловатт/соат буд. Имсол бошад, танҳо ба Афғонистон он то ба 120-125 мегаватт мерасад, дар сурате, ки порсол фақат 50 мегаваттро ташкил медод, яъне, акнун ба ин давлат 2 миллард киловатт/соат нерўи барқ мефурўшем. Ба Ўзбекистон соли гузашта 1, 5 миллиард киловатт/соат барқ содирот кардем. Аммо рушди энерегетика на фақат афзоиши содирот аст, балки тавре Сарвари давлатамон дар паёмашон гуфтанд, он воситаи асосии пешбурди тамоми иқтисод аст. Дар паём саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегияи миллии мо муайян гардид. Саноатикунонӣ бошад, бе заминаи энергетикӣ имкон надорад. Президенти мамлакат дар паёмашон, инчунин, солҳои 2019-2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карданд. Оё рушди деҳот, сайёҳию ҳунарҳои мардумиро бе заминаи энергетикӣ тасаввур карда мешавад? Бо ҳамин сабабҳост, ки Президенти хирадманди мамлакат, ин давлатмарди тавоно "Роғун"-ро ибтидои гардиши куллӣ дар ҳаёти кишвар номиданд ва бе-шубҳа, ҳамин тавр ҳам мешавад. Тавре дар паём зикр гардид, то соли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 22 дарсад расонда мешавад.
Дар охир раиси ШСХК "Барқи тоҷик" ҳозиринро ба кори софдилона баҳри ободонии Ватан ва иҷрои муваффақонаи ҳадафҳои дар Паёми Сарвари давлат пешбинигардида даъват намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ҷалб намуд ва зимнан, аз Қонун "Дар бораи хизмати давлатӣ" гап кушод, ки дар паём ба он диққати махсус зоҳир гардидааст. Нотиқ зимни шарҳу эзоҳи қонун ба ин суханони Президенти мамлакат ишора кард, ки дар низоми демократии давлатдорӣ давлат хизматгузори халқ аст, на баръакс. Ҳамин асл руҳу маҳаки асосии қонуни нав "Дар бораи хизмати давлатӣ"-ро ташкил медиҳаду вай дар заминаи он қабул гардидааст. Инчунин, вобаста ба шароитҳои давр қонун-ҳо дар бораи терроризму ифротгаройӣ ва коррупсия дар таҳрири нав қабул гардиданд, ки Сарвари давлат дар паёмашон аз ин боб сухан рондаанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Паёми навбатии Сарвари давлатро шартан ба ҳафт бахш тақсим намуда, моҳияти асосии ҳар қисматро ба таври алоҳида шарҳ дод. Вай гуфт, ки бахши аввали паёмро метавон ба рўйдодҳои таърихии соли гузашта ихтисос дод, ки дар байни онҳо эълони Даҳсолаи байналмилалии об бо ташаббуси Тоҷикистон, оғози кори чархаи авали "Роғун" ва бар-қарорию таҳкими равобити дўстона бо Ўзбекистон махсус таъкид гардидаанд. Дуюм -ислоҳоти иқтисодию фаъолияти низоми молиявӣ, сеюм- рушди саноатии кишвар ва бахши соҳибкорӣ, чорум-сиёсати иҷтимоӣ, панҷум-фароҳам овардани фазои созгори ҳуқуқию амниятӣ, шашум-сиёсати хориҷӣ, таҳлили раванд-ҳои минтақавию байналмилалию муносибати Тоҷикистон бо онҳо ва ҳафтум -воридшавии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҷомеаамон.
Сипас Ҷ. Муртазозода муҳимтарин нуктаҳоро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Аз ҷумла, сармоягузориҳои давлатӣ ба соҳаҳои иқтисодию мҷтимоӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ, эълони 300 рўзи ислоҳот, моратории дусола ба санҷиши субйектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муқаррар кардани сол-ҳои 2019-2021. Қабули Стратегияи милии рушди сайёҳӣ то соли 2030, ки аз ҷониби Сарвари давлат ба миён гузошта шуд, айни муддао гардид ва акнун барои равнақи ин кор имкониятҳои бештар фароҳам меоянд. Зимнан, Ромит бо ин васила боз ҳам ободтар мешавад. Ба туфайли рушди иқтисодӣ ва муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ муҳоҷирати корӣ дар кишвар 25 дарсад кам шудааст, ки тамоюли хуб аст. Ва ин боз дар шароите, ки шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон аз соли 1990 қариб ду баробар афзун гардидааст.
Ҷ. Муртазозода, ҳамчунин, аз он ёдовар шуд, ки Пешвои миллат дар паёмашон масъалаи коркарди пурраи нахи пахтаро дар дохили кишвар ба миён гузоштанд ва ин хеле муҳиму саривақтӣ аст. Вай изҳори умед кард, ки аҳли ҷомеаи мамлакат сарҷамъона баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои дар паём ба миён гузошташуда камар баста, Ватанамон минбаъд боз ҳам бештар обод хоҳад шуд.
Раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода зимни суханронӣ бо истинод ба Паёми Президенти мамлакат гуфт, ки шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон босуръат зиёд мешавад, ки он назди давлату ҷомеа вазифаҳои хеле масъулиятнок мегузорад. Ин вазифаҳо дар паём равшан нишон дода шудаанд: саноатикунонии мамлакат, ҷалби торафт бештари сармоя, рушди кишоварзӣ, боғу токзор, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, афзун сохтани боздеҳи замин ва амсоли инҳо. Рушди сайёҳӣ бошад, имкон медиҳад, ки ҳазорон нафар мардум соҳиби ҷойҳои корӣ гарданд. Масалан, барои Ромит имкониятҳои васеъ фароҳам меоянд. Вай вобаста ба таҷлили 5500-солагии шаҳри бостонии Саразм дар соли 2020, ки дар паём ёд-оварӣ гардид, ба ҷавонон рў оварда, онҳоро ба омўзиши амиқи таърихи миллат, технология ва забонҳои хориҷӣ даъват намуд.
Дар охир аз толор шоири ҷавон Бузургмеҳри Ҳаким, гирандаи стипендияи президентӣ Гулбарг Раҳимзода, имомхатиби масҷиди Мавлоно Юсуф Мақсадулло Тоҷиддинов ва чандеи дигар ба сухан баромада, таассуроташонро аз Паёми навбатии Пешвои миллат баён доштанд ва барои маълумоти пурмуҳтаво ба маърўзачиён изҳори сипос карданд.
Муроди НУРИЁН

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин