Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

Аҳамияти рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон ва минтақа дорои табиати зебо, ҷойҳои фарҳангию таърихӣ ва табобатию истироҳатии хеле хуб мебошад. Кишвари мо дорои потенсиалӣ бузурги сайёҳӣ мебошад. Ин тақозо менамояд, ки ин потенсиал ё иқтидорро самаранок ва мақсаднок истифода бурда, кишвари худро дар арсаи ҷаҳон дар баробари дигар мамлакатҳои пешрафта дар соҳаи сайёҳӣ хамчун яке аз кишварҳои рушдкардаи ин соҳа, барои ҷалби шумораи ҳарчи зиёди сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик ва дар навбати худ онҳоро аз фарҳанг ва тамаддуни оламшумули мардуми тоҷик муаррифӣ намудан машҳур созем.
Мутобиқи Консепсияи рушди сайёҳӣ ва туризм Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 зиёда аз 1 миллион сайёҳонро қабул намояд, ки ин аллакай аз рушди ин соҳа ва истифодабарии потенсиали мавҷуда дарак медиҳад.
Далели ин гуфтаҳо Паёми ироанамудаи имсолаи Пешвои миллат ба парлумони кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар санаи 26 декабри соли 2018 пешкаш гардида буд.
Пешвои миллат солҳои 2010-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки аз ҷониби аъзоёни парлумон, аҳли нишаст ва тамоми мардуми кишвар бори дигар ҳамчун падидаи басо муҳим ва бузург қабул гардида, яке аз заминаҳои асоситаринро баҳри рушди боз ҳам хубтари имрўз ва ояндаи соҳаи сайёҳӣ гузошт. Аз ҷумла, бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки дар оянда деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушд карда, махсусан сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои асосии таъминкунадаи даромади аҳолии кишвар, инчунин таъминкунандаи даромад ба иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта, омили асоситарини пешрафти дигар соҳаҳои муҳими кишвар ба шумор меравад, равнақ меёбад. Дар ин замина моро зарур аст, ки баҳри хубтару беҳтар рушд додани деҳот ва сайёҳӣ тамоми имконоти мавҷударо самаранок ва мақсаднок мавриди истифода қарор диҳем. Чунки имрўз деҳот як масъалаи калидӣ, асосӣ, мубрам, актуалӣ ва рўзмарра ба ҳисоб меравад, бидуни рушд додани он мо наметавонем рушди соҳаи сайёҳии кишварро тасаввур намоем, чунки имрўз тамоми сайёҳон аз деҳоти дуру наздик дидан карда, бевосита ба фарҳангу тамаддуни мо баҳо медиҳанд, бинобар ин, рушд додани он, пеш аз ҳама, омили асоситарини рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад.
Нодир СОЛИЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин