Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ

Аз ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Сангвор руҳу илҳоми тоза гирифта, барои рушду нумӯи диёри хеш ва Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талошҳои зиёде намуда, ба бисёр комёбиҳои назаррас муваффақ гардиданд. Дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ машғуланд. Дар шоҳроҳи Лабиҷар-Сангвор ва маркази ноҳия зиёда аз 120 адад шиору овезаҳо лавҳаҳои таблиғотӣ ва парчамҳо насб карда шудаанд.
Дар доираи имконоти мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо роҳандозӣ гардида истодааст. Дар байни аҳолии ноҳия мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию ободкорӣ ба сомон расонида мешавад.
Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот мунтазам ҳашарҳои оммавӣ баргузор шуда истодаанд. Сокинони ноҳияи Сангвор бо роҳбарии раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи соҳавию минтақавӣ равона намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2017 Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҷумла мардуми ноҳияи Сангвор ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд. Соли 2017 барои сохтмони асосии ноҳия аз буҷет 500 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки аз ин маблағ 200 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии бинои маркази кишоварзии ноҳия ва 300 ҳазор сомонӣ барои сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и деҳаи Косагардон, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40-и деҳаи Ҳафтчароғ, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти асосии № 53-и деҳаи Хирз, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №27-и деҳаи Хубон, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ассосии №51-и деҳаи Алисурхон ва сохтмони китобхона дар деҳаи Сайёд ҷудо гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ дар биноҳои зикргардида ба итмом расонида шуданд.
Соли ҷорӣ сохтмони беморхонаи марказии деҳаи Миёнаду, сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и деҳаи Сайёд, таъмири асосии бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Шӯр, таъмири асосии бинои интернати деҳаи Лоҷург, таъмири асосии кӯдакистон дар деҳаи Чилдара, таъмири асосии бинои маркази калонсолон дар деҳаи Тавилдара, таъмири асосии маркази калонсолон дар деҳаи Чилдара, сохтмони пулҳои мошингузар дар деҳаҳои Саридашт ва Ҷуроғ, барқарорсозии пули мошингузари деҳаҳои Гирдоб ва Ғовд, барқарорсозии канали обгузари деҳаҳои Шакоб-Разак, Шоҳ, Хирз ва Лайрон, кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Миёнаду ва Дараи Себак, сангфарш намудани роҳи мошингузари деҳаи Руботнол, сангфарш намудани роҳи назди қабристони деҳаи Тавилдара, соҳилмустаҳкамкунии пули мошингузари деҳаи Деҳикалон, дарёчаҳои деҳаҳои Сайёд, Сабзихарф, Хур, Ёзғанд ва дарёчаи Гурумбаки деҳаи Тавилдара ва кашидани хати барқи деҳаҳои Гирдоб ва Чашмаи Кабуд ба анҷом расонда шуд.
Ҷамъ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2017 дар 24 иншоот ба маблағи 6 миллиону 103 ҳазору 100 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.
Дар ноҳия сехи дузандагӣ фаъолият менамояд ва ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2018 барои 2 ҳазор мактаббача сару либоси мактабӣ медӯзад. Асосан духтарони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин карда шуданд. Мо ин корро давом медиҳем ва ният дорем, ки дар солҳои наздик бо рушди сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё сохта, мардуми ноҳияро бо шуғле фаро гирем.
Маълумот дар бораи ноҳияи Сангвор
Сохтори маъмурӣ ва ҳудуди ноҳия. Масоҳати умумии ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод, шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон ҳасарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад. Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 90 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат.
Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ. 22-24 декабри соли 1930 дар конференсияи якуми ҳизби округи Ғарм ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара) дар ҳайати округи Ғарм ташкил карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 деҳаи Тавилдара ҳамчун маркази маъмурии ноҳия таъсис ёфта, соли 1955 ноҳия барҳам дода шудааст. Ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) бори дуюм 23 феврали соли 1991 аз нав ташкил шудааст. Аз соли 2016 инҷониб ноҳияи Сангвор номгузорӣ гардидааст. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд.
Миқдори боришот солона ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави ноҳия ҳайвонҳои ваҳшӣ: хирс, гург, хуки ёбоӣ, силовсин, рӯбоҳ, нахчир ва ғайра ба таври фаровон зиндагӣ доранд. Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом) растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд.
Табиат ва иқлими ноҳия барои занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию куҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.
Сайёҳӣ. Ноҳияи Сангвор дорои шароити мусоиди рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Мушкилоти пешгирандаи рушди соҳаи мазкур пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор, суст будани инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ (меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад.
Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Бо камоли боварӣ бояд изҳор дошт, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳӣ (туристӣ) табдил додан мумкин аст.
Мухбири “Ваҳдат”


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин