Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:53 – Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост 
  • 13:11 – Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар шаҳри Душанбе 
  • 17:13 – Ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад 
  • 10:19 – БАҲОР 

МИЛЛАТ БОЯД ЗЕРИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ҶАМЪ ОЯД

МИЛЛАТ БОЯД ЗЕРИ  ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ҶАМЪ ОЯД
Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаи мардуми мусулмон месўзад, назар намуда, аз ҳоли ҳузнангези мардуми хонабардўши Шарқ дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гўё фаромўш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офарида, паёмбари барҳақ ҳидоят ва Китоби ягонаи осмонии Қуръон роҳнамоӣ кардааст. Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатро дар ёд доранд, аммо фаромўш кардаанд, ки ҳамагӣ фарзандони бобои Одаманд, фаромўш кардаанд, ки онҳо ҳама дарду захмро баробар эҳсос мекунанду саодатро инчунин хоҳонанд ва онҳоро умумиятҳои бузурге мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин ва одамият муттаҳид кардааст.

Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдатҳои забонӣ, миллӣ, фарҳангӣ дар ағлаби мавридҳо ба оромию вазъи мўътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд кард. Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кфили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдид намоянд. Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрўз, дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст, асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургони гузаштаи мо бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит сохтаанд. Ислом ва бузургии он дар масири таърих маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгўию қитол, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии ҳалқу миллатҳои мухта-лиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрўз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, хилофи дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат аст.
Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд ва мақоми худро гум накардааст. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумўи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешаванд.
Аз ин нуқтаи назар, агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул карданд, назар кунем, дар нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб, хусусан тоҷикон хидматҳои амалии соҳибмазҳаби мо Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит(р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.
Дар ибтидои асри дуввуми ҳиҷрӣ (асри ҳаштуми мелодӣ) баъди вафоти Пайғамбар алайҳиссалом асосан фатвои шаръӣ на ба тариқи хаттӣ, балки аз ҷониби соҳибфатвоён шифоҳӣ содир карда мешуд.
Соҳибфатвоҳо дар масъалаҳои зиёд ба дигар миллату қавмҳои ғайри миллати араб монеъгиҳо пайдо карда буданд, аз ҷумла мегуфтанд, ки Қуръонро ба дигар забон тарҷума кардан мумкин нест ва ҳар касе, ки фаҳмидани маънои онро хоҳад, бояд забони арабиро омўзад, шарҳу таъвили Қуръон фақат бо забони арабӣ ва тафсири он бо ояту ҳадис бошад, ҳеҷ олиме ҳақ надорад, ки бо фаҳму заковат ва маърифати худ маъ-нои онро баён кунад ва инчунин то асри тадвин, яъне асри саввуми ҳиҷрӣ иҷозат намедоданд, ки ҳадисҳои Пайғамбар алайҳиссалом навишта шавад ва чунин масъалаҳои мубрам зиёд буд.
Чунин ба назар мерасид, ки урфу одат, расму оин, иду ҷашнҳои миллату қавмҳои навмусулмон ба инобат гирифта намешуд, манфиати миллатҳои ғайри араб сарфи назар мешуд.
Соли 700-ўми мелодӣ Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Кўфа дар оилаи форс-тоҷик ба дунё омаданд ва дар назди устодони бузург улуми замони худро аз худ карда дар байни халқ соҳибфатво шуданд.
Барои Имоми Аъзам(р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки он кори осон набуд, аммо Имоми Аъзам(р) оқилона чорчўбаи муқаррар гардидаро шикастанд ва аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунанд, бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро бо тариқи нав фатво доданд, аз ҷумла тафсир ва тарҷимаи Қуръонро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва ба шарҳу таъвили оятҳо дохил намудани баёни фикри муфассиронро низ иҷозат доданд, ҳатто дар намоз бо забони форсӣ-тоҷикӣ ибодатро фатво доданд, бо ин мавқеи муайян ва навовариҳо дар таълимоти дин ин фарзанди фарзонаи миллат ба мазаммату маломати баъзе душманони миллатҳои ғайри араб рў ба рў шуданд.
Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ ҳар вақто, ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рўи қиёс"масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳоро, яъне масъалаи миллиро ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамуданд.
Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани "урф" анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросимҳои миллиро бо баёни он, ки инҳо хилофи шариат нестанд, иҷозат фармуда роҳи миллати моро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд.
Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нестанд ва онҳо дар рўзгори инсоният нақши бориз доранд ва бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.
Имрўз мо, ходимони дин бояд фаромўш накунем, ки дар асри ХХI зиндагӣ мекунем ва бояд донем, ки миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кард, фарзандони ин миллат, дар мисоли Имоми Аъзам, Имом Ал-Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузоштанд ва муваффақ ҳам шуданд.
Барои ҳамин ҳам, ман ҳамчун як фарзанди миллат, як ходими дин нооромиҳои олам, хусусан сўиистифода аз дини исломро дида, бо ҳисси масъулият ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва хусусан ба ходимони дини кишвар муроҷиат менамоям, ки дин имрўз ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дўстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро баҷо биёрад. Мо ходимони дин дар пайравии ин бузургони миллат бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоем, ки дар зиндагонӣ ва давлатдории тоҷикон миллати мо зери Парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри Истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хидматҳои Пешвои миллат бирасем, ҳамаи мо таҳти роҳбарии одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамонро обод кунем.
Ҳоҷӣ Ҳусайн МЎСОЗОДА,
сархатиби вилояти Суғд
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин