Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:49 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсиро ифтитоҳ намуданд 
  • 07:29 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан мулоқот намуданд 
  • 08:19 – Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд 
  • 08:12 – Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия 

Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост

Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост

Наврӯз тарғибгари арзишҳои неки мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, инсонҳоро ба сулҳу ҳамбастагӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистӣ роҳнамун месозад. Ин матлабро дар оғози барномаи фарҳангии таҷлили Наврӯзи байналмилалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Раъно Бобоҷониён, ки имрӯз дар Боғи роҳиоҳанчиёни пойтахт таҳти унвони «Наврӯз- пайвандгари дилҳо» бошукӯҳ баргузор гардид, баён дошт.
Раъно Бобоҷониён аз номи дастгоҳи марказии ҲХДТ аҳли нишастро бо фарорасии Соли нави ориёӣ –Наврӯзи ҳуҷастапай шодбош гуфта, ба онҳо тандурустӣ, осоиштагӣ ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд. Бо дахли ҷойгоҳи Наврӯз дар ташаккули фарҳанги мардумони ҳавзаи Наврӯз, хосса тоҷикон, Раъно Бобоҷониён афзуд, ки Наврӯз шоҳсутуни тамаддуни инсоният буда, дар рушд ва ташаккули арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик нақши арзишманд гузоштааст.


Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост

Зикр шуд, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон ҷашни Наврӯз дар саросари Тоҷикистон дар сатҳи баланд сарҷамъомона зери фазои сулҳу осоиштагӣ таҷлил гардида, аз ҳамдилию ҳамбастагии мардуми сарзаминамон пайк мерасонад. Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ҷашни Наврӯз дар солҳои соҳибистиқлолӣ шукӯҳи тоза гирифт. Ин аст, ки ҳамасола дар яке аз минтақаҳои мамлакат ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ботантана таҷлил мегардад. Рисолати Наврӯз тарғиби сулҳу амонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ҳамбастагист, зеро Қатъномае, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз қабул намуд, «Фарҳанги сулҳ» унвон гардида буд.
Инчунин дар маросими таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода доир ба таъриху фалсафа ва ҳикмати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷойгоҳи он дар раванди ободонию созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе ибрози назар намуда, афзуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Наврӯз ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфою обод дар минтақа табдил гардидааст.


Иштирокдорон ва меҳмонони маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз гӯша ва хони наврӯзӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар боғ созмон дода шуда буд, дидан намуданд. Онҳо бо ҳунари нотакрори бонувони тоҷик, хосса дар оростани хони ҳафтсин ва ҳафтшин, ки рамзи баҳор ва Наврӯз аст, омода намудани навъҳои гуногуни нон, кулчақанд, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ ва ғайра шинос гардиданд.
Барномаи ҷолиби консертӣ дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, ки ба васфи Наврӯз, баҳор ва Ватан бахшида шуда буд, ҳамчун дастагули наврӯзӣ пешкаши иштирокдорон ва меҳмонон гардонида шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин