Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

НАҚШАҲО АМАЛИШАВАНДААНД

Паёми Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, барои мо раҳнамои возеҳи фаъолият қарор гирифт. Дар он ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти иқтисодию сиёсии кишвар чӣ дар дохил ва чӣ дар минтақаю ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, такид гардид, ки соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.
Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Боиси нигаронӣ аст, ки ҷуғрофиёи он торафт васеъ шудан дорад. Дар Ироқу Сурия ҳарчанд давлати ба ном исломиро саркўб карда бошанд ҳам, гурўҳҳои парокандаи он дар қаламрави Афғонистони ба мо ҳамсоя интиқол ёфта истодаанд. Ҳатто ба сарҳадоти Тоҷикистон наздик шудаанд. Бинобар ин сохтори марзбонони ҷумҳурӣ бояд ҳушёрии касбиро аз даст надиҳанд. Ҳамеша дар пайи оромию субот бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар ин маврид зикр намуданд, ки «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем». Барои ин мо омодем, ки бо ҳамаи ташкилотҳои зидахли байналмилалӣ ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монем. Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе моҳи майи соли равон конференсияи байналхалқӣ ба ба нақша гирифта шудааст.
Бо ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва тинҷию амонӣ мо ҳама гуна чорабиниҳоро доир карда метавонем. Дар арафаи Наврўзи байналмилалӣ дар пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе расми кушода шудани «Даҳсолаи нави об барои рушди устувор дар солҳои 2018-2028» доир карда мешавад, ки ин воқеаи муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад. Аз гўшаву канори ҷаҳон намояндаҳо меаянд ва ин чорабиниро ҳусни оғоз мебахшанд. Чуноне, ки Сарвари давлат иброз доштанд «мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод».
Тоҷикистон соли равон роҳбарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бар зимма гирифтааст, ки дар ин доира ҳам тадбирҳои зиёдеро бояд амалӣ гардонад. Дар пеш масъалаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 истодааст, ки дар ин маврид ҳам чораҳои заруриро бояд роҳандозӣ намояд. Пешвои миллат дар масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ ва туризм истода гузашта соли ҷориро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мрдумӣ эълон карданд. Имсол барои амалӣ кардани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нақшаҳои калон дар пешанд.
Масалан, барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ, барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида мешавад, қайд намуд Сарвари давлат.
Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.
Музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад, қайд шудааст дар Пёми солона.
Ҳамин тариқ, агар тинҷиву амонӣ, сулҳу ваҳдат бошад, ба ин ниятҳои ниҳоӣ хоҳем расид. Шукр, ки дар замони осоишта ҳаёт ба сар мебарем ва ин нақшаҳо амалишавандаанд.

Хуршед АБДУЛЛОЕВ,
сармутахассиси шуъбаи нотариалии
давлатии ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин