Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ

Эй Пешвои олами шавқат, хуш омадӣ,
Аз офтоби меҳри ту эҳё шудам зи нав.
Чун дўстдори розу ниёзам касе намонд,
Андар фуруғи васли ту гўё шудам зи нав.
******
Эй субҳи нурбахши сахо аз шуои ту,
Хушкид ашки ғуссаву ғам дар нигоҳи ман.
Андар хати ҷабини ҳаётам аён бувад
Дилномаи навиштаи рўзи сиёҳи ман.
******
Дар ин фазо, ки дарду ғубори ятимӣ аст,
Ночору нотавону нафасгир гаштаам.
Ман ночашида лаззати шаҳди ҷавониям
Дар остони тифлии худ пир гаштаам.
******
Омад аҷал, рабуд зи ман модари маро,
Носер лек, боз маро бе падар гузошт.
Дар ошёни гашта хароб аз шамоли наҳс
Чун мурғаки аламзада бе болу пар гузошт.
******
Сахт аст рўзгор дар айёми бекасӣ,
Дигар намондааст умеди маҷоли ман.
Лабташнаву гуруснаву нимҷону ноумед
Ман донаму Худо, чи бувад арзи ҳоли ман.
******
З-он дам ки модарам ба суроғи фаришта рафт
Ғайр аз ту кас ба ман зи садоқат нагуфтааст.
Рўзе ки бо падар ҳама дороиям бирафт,
Ҷуз ту касе ба ман зи муҳаббат нагуфтааст.
******
Хун мехўрад ба сина дилам аз фироқи талх
Ин ашки шур дар бари ру худ гувоҳи ман.
Дар рўи дасти туст кунун бахти неки мо
Баъд аз Худои ҳақ ту шудӣ додхоҳӣ ман.
******
Акнун туӣ,ки бори ятимӣ намекашам,
Ҳарфи накўи туст чароғи умеди ман.
Пар мекашам кунун ба самои нишоту бахт
Эй рўи босафои ту пайки сафеди ман.
******
Эй руҳи поки модари ман шодмона бош,
Фарзанди ту дигар на ятим асту дар ба дар
Осуда хоб кун, падаро, лахти ҷони ту
Дар чорсуи қисмати худ нест бе падар.
******
Эй Пешвои ман, падари меҳрубони ман,
Тавфиқу фазл бод, туро ёри беназир!
Сад сола бошу беғаму пирўзу сарбаланд
Эй офаридагор, дуои дилам пазир!
Рудобаи Мукаррам

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин