Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:57 – Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ Владимир Воронков 
  • 10:44 – Мулоқот бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Дмитрий Патрушев 
  • 10:17 – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА 
  • 09:16 – ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АНДЕШАИ МИЛЛӢ 

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар Рамазон фаъолияти тарабхонаҳо аз соати 11:00 ба роҳ монда шуд

Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе дар Рамазон фаъолияти тарабхонаҳо аз соати 11:00 ба роҳ монда шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ дастур дод, ки оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шарифи Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизмат расонидан ба онҳо мусоидат намоянд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба онҳо роҳандозӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон, бахусус ба шаҳри Душанбе дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Аз ҷумла, ёдрас мешавем, ки моҳи марти соли равон зиёда аз 60 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ташриф оварда, дар тантанаҳои наврӯзӣ иштирок карданд.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани Наврӯзи Душанбе воқеан ҳам пойтахти мамлакатро ба меҳвари чорабиниҳои бузурги фарҳангию сайёҳӣ табдил дода, меҳмонон ва сайёҳони зиёдро ба шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат ҷалб намуд.
ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин