Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ 
  • 15:42 – Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар шаҳри Ҳисор 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар мавзӯи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.


«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш сардори Академияи Вазорати мазкур Файзалӣ Шарифзода зимни суҳбат иброз намуд, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти Ватани азизи хешро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободиву оромии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, сабақ ва намунаи ибрат аст. «Ба шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки таърихи пуршарафи миллату давлати хешро хубтар омӯхта, ифтихори миллии худро тақвият бахшем, нагузорем, ки фазои ором ва сулҳу суботи Ватани моро абрҳои сиёҳ тира созанд. Ҷангу ҷидол инсониятро ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасонад, балки сабаби харобиву бадбахтиҳо мегардонад»,-афзуд ӯ.


«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»- конфронси илмӣ-назариявӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

Дар идома аз ҷониби меҳмонон зикр карда шуд, ки барои насли имрӯзаи мо Рӯзи Ғалаба на танҳо ба таври муқаддас пос доштани хотираи бобоён ва падаронамон аст, ки барои шараф ва номуси халқу диёрамон ҷони худро нисор намудаанд, балки санаест, ки ҳар яки моро водор месозад муборизони ҳақиқии сулҳи пойдор байни халқҳои ҷаҳон бошем ва ба ҳаракати қувваҳои ҳангоматалабу ҷангхоҳ дар ҳар шакле, ки зоҳир нашавад, сари вақт хотима гузорем.
Ҷанг дар таърихи инсоният ҳамеша ҳодисаи даҳшатнок ва нанговар ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар халқи соҳибтамаддун ва бофарҳанг бояд аз ҷангу ҷидол бипарҳезад ва бо маслиҳату андеша барои сулҳу салоҳ мубориза барад.
ДУШАНБЕ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин