Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:44 – ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НАҚШИ НАЗАРРАС ДОРАНД 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 

Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кор оғоз намуд

Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кор оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба кори худ оғоз намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА хабар медиҳад, дар ин нишаст намояндагони 27 кишвари аъзои Машварат иштирок намуданд.
Ҳадаф аз ҳамоиши мазкур мувофиқа ва ниҳоисозии лоиҳаи Эъломияи Саммити 5-уми Машварат, ки 15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мебошад.


Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Кумитаи намояндагони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба кор оғоз намуд

Директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ҳабибулло Мирзозода зимни суҳбат зикр намуд, ки дар ҷаласаи имрӯза аз ҷониби коршиносони кишварҳои аъзо ҳуҷҷати асосие, ки барои Саммити Душанбе бояд пешниҳод гардад, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад. Коршиносон дар ин ҷаласа дар атрофи маъалаҳои мубрами минтақа, ки бояд дар ин ҳуҷҷат инъикос гарданд, табодули афкор менамоянд.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз дар асоси мувофиқаи ин кишварҳо ин ҳуҷҷат бояд то охири рӯз омода гардад. Ин ҳуҷҷат барои баррасӣ ба иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, манзур мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2020 раисии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба уҳда дорад. Саммити МҲТБО чорабинии муҳими Машварат маҳсуб ёфта, зимни он роҳбарони кишварҳои аъзо фаъолияти онро мавриди бозтоб ва арзёбӣ қарор дода, масъалаҳои ҷориро муҳокима ва уфуқҳои нави ҳамкориро муайян хоҳанд кард.
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ таҳти шиори «Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО» доир мегардад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин