Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI - уми Шўрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.
Имрўз бо гузашти бистуҳафт сол бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI - уми Шўрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чӣ нақши муҳиме бозид ва ба марди ба номусу ватандуст Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расида ба дўши ў масъулияти бузургеро гузошт.
Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳ дер интизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд.
Зеро ҳанўз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон таҳти сарварии худ Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомўш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ шурўъ намуд.
Баъди зиёда аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.
Дар ин давра бори нахуст аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави мамлакат қабул гардида, дар асоси он парламенти касбии иборат аз ду палата ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин замина фаъолияти мақомоти олии қонунгузор ва иҷроияи мамлакат таҳким ёфта, аввалин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллӣ гузошта шуданд.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декаби соли 2018 таъкид гардид, ки “тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд”.
Қобил ба ёдоварист, ки мақомоти прокуратура дар марҳилаи ташкилёбии худ бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ мубориза бурда, баҳри оромии ҷомеа ва таъмини сулҳу субот корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Мақомоти прокуратура дар таъмини риоя ва иҷрои меъёрњои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии њуқуқӣ нақши калон дошта, бо ин васила дар таъмини соњибихтиёрии кишвар ва сулњу суботи он сањмгузор аст.
Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуда, яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 қайд гардид, ки “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.
Дар баробари ин, метавон гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият ба вуҷуд овардани рўҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон - озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорад. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.
Тоҷикистон имрўз узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории Исломӣ ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.
Маҳз маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 чун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2010 “Иди байналмиллалии Наврўз”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва соли 2017 даҳсолаи нави байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон гардид.
Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим ин ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад.
Имрўз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

Сардори шуъбаи тафтишотии
прокуратураи ҳарбии гарнизони
Душанбе, майори адлия Касирзода Баҳодур Саидҷон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин