Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

Ваҳдати миллӣ ин Ваҳдати мардумӣ

Ваҳдати миллӣ ин Ваҳдати мардумӣ

Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ҳамчун ҳуҷҷати такдирсоз тавонистаем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба мархалаи навини Точикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Вахдати милли хамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Точикистон шароит фарохам овард, ки бо истифодаи арзишхои аз чониби чомеаи чахони эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрванди гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам бехтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободи ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндаги бинобар сабабхо ва омилҳои айни ва зехни унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандаги ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобуди таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлати расид.
Чунонки маълум аст, ба туфайли пирўзии Инкилоби Кабири Октябр ҳуқуқи миллати точик барои давлатдори эътироф гардид, гўшае аз қаламрави кафомонда ва кўҳистон дар ихтиёраш қарор гирифт. Муборизаи як гурўҳи фарзандони шуҷоъи миллат ба пайдо шудани соли 1924 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъд соли 1929 Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон сабаб гардид, харчанд аз мавзеҳое, ки худи халқияти тоҷик дар он ҷойҳо ташаккул ёфта буд, бар асари номуттаҳиди ва хиёнатҳои берунаву дохили ҷудо монд. Ба хар хол ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрўзаи мо шояд номумкин буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки таассуб, маҳалгарои, тангназариҳо дар шуури элитаи миллӣ ва динӣ ҷой дошт, вале сиёсати қавии давлатӣ ва ҳизбӣ дар замони Иттифоқи Совети онро боло рафтан намегузошт. Бинобар ин, хислатҳои манфии мазкур дар он солҳо ба ҳадди ифрот ва омили харобкунандаи зеҳни мардум табдил намеёфт.
Вале дар охирхои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд.
Тавре ки ҳамаамон дар ёд дорем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳуриамон гурўҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷи қарор гирифта, Ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд.
Майдоннишиниҳои дар Тоҷикистон бавуҷудомада нақшаи фалаҷ кардани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ ва маънавиро доштанд, ки оқибат он ба фоҷиаи миллӣ овард.


Ваҳдати миллӣ ин Ваҳдати мардумӣ

Албатта, ҳар давлату чомеа ба душворию буҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишвархои ғарби ва шарқи низ ҷангҳои дохилӣ ва задухўрдҳою кашмокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд.
Ҷанги шахрвандие, ки шўрўъ гардид, натичаи тараққиёти ноҳамгуни иктисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддикоммунистӣ аз тарафи дигар буд.
Вале табиати сулҳҷўёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои хаёти шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард.
Ҷанги шаҳрванди барои хоҷагии халқи мо хисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ раиси Ҷумхур Эмомали Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Рўзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ огоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу ороми меорам».
Гирди як миз овардани гурўҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Эмомали Рахмон вазифахои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кўшиш ба харҷ дод. Роҳбарияти мухолифин, пеш аз ҳама марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ вазифаи таърихии худро бо гузашти айём ба хуби эхсос кард. Ба шарофати дастгирии халқи тоҷик ва шахсиятхои равшанфикри хориҷ мо тавонистем, ки ба орзуи деринаи мардумамон – сулҳу субот дар Ватанамон комёб гардем ва бо азми қави барои эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал карор дошта бошад, саъю кушиш намоем.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли оғози гардиши кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону чавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофаринии миллати тоҷик ва иродаи неки ҳарду ҷониб буд.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натичаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид.
Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми кишвар, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танхо ягонагии этники, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию дини дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеч яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳи дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад.
Ба андешаи мо, чанд омил мавҷуд аст, ки Ваҳдати миллиро, бахусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлак мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм – хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд.
Ба омили хориҷи метавон ҳодисаҳои охири ҷахони имрўза, бахусус «баҳори араб»-ро шомил сохт. Ба таври умумӣ метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хоричӣ инчунин муносибати на он қадар дўстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳаргуна монеаҳои сунъи эҷод месозанд, дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳури зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эхсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.
Омили дигаре, ки метавон ба ин гурўҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афғон ва то имрўз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати милли саъю кушиш менамояд.
Ба омили дохилӣ бошад, аввалан, худи ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳури ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Вахдати миллиро махсус мухим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Вахдати миллиро тақозо менамоянд. Ба ҷумлаи омилхои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии аҳоли низ дохил шуда метавонад. Бояд кайд кард, ки омили мазкурро ба ҷумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз Вахдати миллӣ вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд.
Баъзан авомиле пайдо мешавад, ки чи меъёр ё арзиши олие вучуд дорад, ки ба хотири он байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вучуд дошта бошад. Дар чунин ҳол на диният ва на миллият чунин вазифаро адо карда наметавонанд. Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндаги мекунанд. Инчунин, боз як идда шахсиятҳое низ вуҷуд доранд, ки дар зиндагии хеш бо дин ҳеҷ як робитае доштан намехоҳанд. Дар баробари ин, миллиятро низ чун арзиши ягона набояд қабул намуд, харчанд худи ғоя Ваҳдати «милли» номгузори мешавад. Инҷо мафҳуми «миллат» тамоми сокинони мансуби миллатҳои гуногунро, ки дар қаламрави ҷумҳури ба сар мебаранд, дарбар мегирад. Аз ин рў, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди ҷумҳури инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳури низ ба хисоб меравад.
Дар муддати 21 сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгарои, мансабпарасти бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.
Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиклолияти давлатии мо сол аз сол қавитар мегарданд.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доирахои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медихад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалин» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёси, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инкилобҳо ба воқеаҳои оғози солҳои 90-уми Тоҷикистони мо хеле монанд хастанд.
Бархурдҳои сиёсиву муборизахои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро хифз намоем.
Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус, макомоти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимои, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд.Ҳоло дар ҷумҳури барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амали мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин барнома бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ тадриҷан ташаккул меёбанд. Дар ҳамин ҳол, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқи яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

Гулмаҳмадова Мавзуна Давлатшоевна

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин