Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

22-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ҒОЯВӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД.

22-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ҒОЯВӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД.

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора 21 июн қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявӣ таҷлил намудани 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, таҳаммулпазириву ҳамдилӣ муттаҳид намудани сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи Ваҳдати мллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.
Хотиррасон мекунем, ки 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун ибтидои замони нави ташаккули давлатдории Тоҷикистон ворид гаштааст. Дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин