Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ».

«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ». Мулоҳизаҳои коршинос Зубайдулло Давлатов дар бораи сулҳи тоҷикон


«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ».

ДУШАНБЕ, 25.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. То таҷлили ҷашни 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои башумор мондааст. Боиси хушҳолист, ки тӯли ин солҳо мардуми сарбаланди тоҷик аз як гиребон сар бароварда, дасти ҳам бигрифта, ба сӯи мақсади наҷиб – таъмини рушди устувор ва шукуфоии бештари Тоҷикистон раҳсипор аст. Воқеан ҳам дар луғатҳо низ омадааст, ки иштироки ҳама афроди миллат дар амал ва мақсад ваҳдат ном дорад. Аммо набояд, фаромӯш кард, ки роҳи расидан ба сулҳ барои Тоҷикистон тахту ҳамвор набуд…


Тафсилоти бештари ин мавзӯъ дар шарҳи корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ки дар зер пешниҳоди хонандагони сомона мегардад:


— Бале, тай кардани ин роҳ барои мардуми мо осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик. 27 июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон ва кӯшиши талошҳои беназир ва хастанопазири Сарвари давлат дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.
Раиси Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпарасту миллатдӯст баъд аз мухолифатҳо ва ҷангҳои таҳмиллӣ, баъди давраҳои зиёди музокирот ба ихтилофот хотима гузошта, ба қавли устод Лоиқ Шералӣ, ба сулҳи деринтизор расиданд.
Дар назди Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ иҷрои вазифаҳои бисёр душвор, аз қабили таъмини сулҳ, баргардонидани муҳоҷирин ба Ватан, сарҷамъ намудани миллат ва сохтмони давлатдории тоҷикон меистоданд. Ҷаноби Олӣ ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, дар роҳи таъмини сулҳ дар Тоҷикистон корҳои зиёдро анҷом доданд сулҳу суботро барқарор намуданд.


«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ».

Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Россия идома кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санаде ба имзо расиданд, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд.
Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши назаррас бозиданд.
Миллати тоҷик таҳдиди аз байн рафтани давлатро эҳсос намуда, дар атрофи фарзанди фарзонаи худ Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, давлати миллии худро, ки натиҷаи орзӯю ормонҳои ҳазорсола буд, аз хатари парокандашави эмин нигаҳ дошт.
Дар солҳои пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре мегӯянд, ҷон ба каф гирифта, барои гуфтушуниди сулҳ бо мухолифин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд ва ба раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар ин ҷараён борҳо бо Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрдаю дар бораи расидан ба сулҳи сартосарӣ табодули андеша намудаанд. Бурҳониддин Раббонӣ паёми ҷиддие изҳор намуда буд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси точик аст. Эмомалӣ Рахмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст…»


Сарзамини Тоҷикистон пур аз ганҷ аст, аммо барои давлату миллати тоҷик аз ваҳдати миллӣ дида гаронбаҳотар ганҷе нест!
Барои миллати тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон 17 июни соли 2002 чунин гуфта буданд: «27 июн бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо, зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад».


«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ».

Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат меёбанд. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубадал гаштааст. Дар чунин шароит, ки вазъияти дунё ҳар лаҳза дар ҳоли таъғйирёбист, дар дохили давлат таъмин будани Ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа, таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ барои тинҷу осоишта меҳнату зиндагӣ кардани мардум аҳамияти муҳим дорад.
Ҳама гуна мухолифат ва низоъ бо роҳи музокирот бояд ҳаллу фасл шавад. Таҳаммул карда тавонистани ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, гузашт ва муросо муруввату мадоро, худдорӣ аз ҷаҳлу ҷидол аз хислатҳои неки миллати бофарҳанг ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз вазъ ва авзои ҷаҳон ноором аст. Дар Сурия Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ҷанг идома дорад. Ҷангу ҷидол дар ин давлатҳо боиси пайдо шудани ҳазорон гурезаҳо гардидааст.


Мо тоҷикону тоҷикистониён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки чунин рӯзҳои сахту сангинро мо низ аз сар гузаронидаем. Худо кунад, ки аз ин дарси талхи таърих сабақҳои дуруст бардошта бошем.
Дар ҷаҳони имрӯз ифротгароӣ ё экстремизми динӣ, терроризм ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта истодаанд. Гурӯҳҳои террористии Ал-Қоида, ДИИШ, Ҳизби Таҳрири Исломӣ, Ҷунбиши Толибон, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Равияи Салафия, ТЭТ Ҳизби Наҳзати Ислом, Ҷамоати даъват ва таблиғ, Ихвон-ул-муслимин, Ҳизби Исломии Туркистони Шарқӣ, Акрамия, Ҷамоати Муҷоҳидини Осиёи Марказӣ, Аш-Шабоб, Боко Ҳаром, Ансоруллоҳ ба амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон таҳдиди бевосита доранд ва кӯшиш менамоянд, ки амнияту суботи Тоҷикистонро осебпазир намоянд. Нуфузи ин ташкилотҳои террористӣ рӯ ба афзоиш аст. Ниҳоди террористии ба ном «Давлати Исломӣ» кӯшиши зери тасаруф гирифтани минтақаҳои нав ба нав дар кишварҳои гуногун, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро боз ҳам устувортар гардонем.


Ҳодисаҳои нангини 4–16 сентябри соли 2015–суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи ТЭТ Ҳизби Наҳзати Исломӣ сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон амалӣ гардонида, ба сари мардуми тоҷик низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернет ва табодули иттилоот ба воситаи расонаҳои электронӣ васеъ паҳн шудааст. Ин тарзи истифодаи иттилоот ҳам ҷиҳати мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Маҳз ана ҳамин шабакаҳои интернетӣ омили пайвастани як тоифа ҷавонон ба созмонҳои ифротию террористӣ мегардад. Ҷавонон бояд донанд, ки технологияҳои иттилоотӣ воситаи паҳншавии низоъҳо шуда, боиси ба амал омадани бархӯрдҳои фоҷиабор дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон мегарданд.


Падару модарони моро лозим аст, ки ба таҳсили ғайрирасмии динии фарзандон роҳ надиҳанд, барои ин гуна таҳсил онҳоро ба хориҷи ҷумҳурӣ нафиристанд. Дар хориҷ вақти таҳсилро тамом кардан онҳо ба Ватан алакай бо мафкураи бегонаи экстремистӣ бармегарданд. Дар мафкураи ин гуна ҷавонон ақидаҳое ҷой дода шудаанд, ки ба воқеияти давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ рост намеоянд ва дар натиҷа қисме аз онҳо дар зиндагӣ раҳгум мезананд ва ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ меафтанд.
Таассуфовар аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистони мо ҳанӯз ҳам унсурҳои манфӣ вуҷуд доранд ва онҳо ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва суботи мамлакат халал ворид карда метавонанд. Коррупсия, маҳалгароӣ, рушди номутаносиби минтақаҳои ҷумҳурӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва камбизоатӣ аз ҷумлаи мишкилоти ҷомеаи мо мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик вақти зиёд ё фурсати таърихӣ надорад, ки солҳои дароз ин зуҳуроти номатлубро таҳамул намояд. Мо бояд ба дарки он расем, ки душманон метавонанд аз маҳалгароии мо сӯистифода намуда, миллатро ба муқобили ҳам барангезанд.


Мардуми Тоҷикистон ғояҳои ифротгароёнаи ташкилотҳои экстремистию террористро қабул надоранд ва барои таъмини амну суботи мамлакат саъю талош меварзанд. Ташкилотҳои экстремистӣ миёни мардум замина надоранд ва ваҳдати миллии мамлакатро халалдор карда наметавонанд.
Таҷрибаи талхе, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овард ба такрори воқеаҳои гузашта роҳ намедиҳад ва ин таҷриба, ин дарси таърих кафолати ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан ва пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат хоҳад буд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ба сифати як ҷашни тақвимӣ нест, балки фаротар аз он саҳифаи таърихест, ки ба ивази зиёни бузурги модию маънавӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ, заҳмату машаққат ва сабру таҳамули зиёд насиби тоҷикон гардидааст.


«МО ҶОНИ ВАТАН БАР ИВАЗИ ҶОНҲО ХАРИДАЕМ».

Тавре шоире гуфтааст:


Мо ҷони Ватан бар ивази ҷонҳо харидаем,
Ин хоки пок сурма ба чашмон кашидаем.
Он ҷонҳо, ки нисори ҳифзи Ватан шуданд,
Дар дафтари хотираи мардум навиштаем.


Муроди мо аз ин гуфтаҳо мусоидат ба баланд гардидани ғурури миллӣ, бедор намудани ҳисси ифтихор аз Ватани озоду соҳибистиқлол, худшиносӣ, боло гирифтани эҳсоси солими ватандӯстӣ ва таъкиди он аст, ки сулҳ, суботу амнияти ҷомеа, ваҳдати миллӣ, меҳнати ҳалолу самаранок роҳи ягонаи наҷоти давлату миллат дар шароити бисёр муракаби ҷаҳонишавист.


Рӯзи Ваҳдати миллӣ, рӯзи ба ҳам омадани мо, муборак бошад, ҳамватанони азиз!

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин