Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:47 – Таъиноти кадрӣ 
  • 13:45 – Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён 
  • 16:41 – Фаррух Ҳамрализода соҳибкорони кореягиро даъват намуд, ки барои вуруд ба иқтисоди Тоҷикистон қадамҳои устувор гузоранд 
  • 10:30 – ДИН ВА ХУРОФОТ. 

ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

Расо 82 сол муқаддам, 8 июли соли 1937 Нусратулло Махсум дар Москва ба ҳабс гирифта шуд, пас аз ду моҳи дигар нисбати ӯ ҳукми қатл содир гардид…


ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

«Барои бақову ҳастии миллат, эҳёи давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, озодиву адолат ва ҳақиқати таърихии халқи тоҷик хизмати Нусратулло Махсум низ басо назаррас аст».
Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Расо 82 сол муқаддам, 8 июли соли 1937 яке аз фазандони сарсупурдаи миллати тоҷик Нусратулло Махсумро дар Москва ба ҳабс гирифтанд, пас ду моҳ нисбати ӯ ҳукми ҷазои олӣ содир гардид ва 1 ноябри ҳамон сол ба қатл расонида шуд… Зиндагиномаи ин марди шариф барои ҳар як сокини кишварамон намунаи ибрат аст. Имрӯз мо дар сомона бо нашри очерки мухтасари ҳамкорамон дар бораи Нусрутулло Махсум бахши нав «РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ»-ро ифититоҳ менамоем.
…Фоҷиаҳои солҳои 30-юми асри ХХ риққатборанд. Ба гардиши гирдоби пурталотуми он замонҳои мудҳиш, ки ҷомеаи Тоҷикистонро низ, мутаассифона, фаро гирифта буд, бадхоҳони халқи тоҷик мусоидат мекарданд. Дар фурсати муносибе, вақте ки сели зиёикуши шӯравӣ пайи маҷроҳои нав буд, душманони миллат ба пушти Нусратулло Махсум – фидоии миллат, фарзанди мубориз ва озодихоҳи халқи тоҷик, абармарди даврон ханҷар заданд.
Мутаассифона, дар ҳама давру замон ҳастанд афроде, ки бо ниҳоди бад ва нотавонбинии худ бори зиндагиро боз ҳам сангинтар месозанд. Дар он солҳо бозори бадхоҳон ниҳоят гарм буд.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев Нусратулло) дар оилаи деҳқони камбағал дар ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Волидайни ӯ маълумоти динӣ доштанд, бахусус модараш Шарифмо, ба нақли ҳолдонҳо, зани аз лиҳози динӣ босавод, шеърдӯст ва ҳатто бедилшинос низ ривоят шуда, дар саводи ибтидоӣ гирифтани Нусратулло саҳми босазои худро гузоштааст. Яке аз сабабҳои «Махсум» мулаққаб шудани ӯ низ дар ҳамин мебошад. Бинобар вазъи бади рӯзгор Нусратулло аз синни навҷавонӣ бо иддае аз ҳамдеҳагонаш барои таъмини оила ба шаҳрҳои Қӯқанду Фарғона сафар карда, дар он ҷо ба шуғли ҳаммолӣ пардохта, рӯзгори хешро пеш мебурд. Зиндагӣ ва фаъолият дар шаҳрҳои бузург ба ҳаёти Нусратуллои навҷавон таъсири амиқ гузошт. Ӯ пайваста бо одамони гуногунсоҳаи қишрҳои мухталифи ҷомеа дар тамос мешуд.
Муоширати зиёд дар шаҳрҳои гуногунмиллат ба забономӯзии Нусратулло низ таъсир гузошт ва ӯ забони гуфтугӯии ӯзбекӣ ва русиро аз бар намуд. Ҳамчунин мавҷи корпартоиҳо ва эътирозҳоро бо чашми худ дида, рӯз то рӯз нисбат ба ҷомеа диди тозатар пайдо мекард. Бо афкору ақидаи пешқадам ба зодгоҳаш баргашта, ҷодаи сиёсатро интихоб кард. Фаъолияти худро аз раисии Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм сар карда, бинобар меҳнати софдилонаву қалби покаш то зинаҳои баланди роҳбарӣ, яъне раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ расид.


ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

ДАР АКС: Нусратулло Махсум солҳои 20-уми асри гузашта ба ҳайси Раиси Шӯрои инқилобии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон адои вазифа карда буд.



Ба меҳнати содиқонаи шабонарӯзии Нусратулло Махсум меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат неруи тоза мебахшид. Дар тамоми ҷодаҳои созандагии кишвар саҳмгузор буд. Вале нотавонбинон ва душманони миллат пешравии назарраси зеҳнӣ, азму иродаи бемисли ӯро дида натавониста, пайи аз байн бардоштанаш гардиданд. Он солҳо ӯ дар Москва дар Академияи нақшавии Иттиҳоди шӯравӣ ҳамчун шунаванда таҳсил мекард. Ҳангоми таҳсил Нусратулло Махсум нақша дошт, ки аз фурсати муносиб, яъне аз мавқеи марказ истифода бурда, баҳри ватану миллати хеш корҳои хайреро анҷом диҳад, вале маълумоти бардурӯғе, ки ҳамарӯза даста-даста аз душманони дӯстнамояш ба марказ ворид мешуданд, оҳиста-оҳиста ӯро ба вартаи нобудӣ кашиданд. Соли 1937 Нусратулло Махсум бо ҷурми бурдани корҳои зиддиинқилобӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Рӯзҳои охирине, ки Нусратулло Махсум дар зиндон ба сар мебурд, гарчи хоби ороме ҳам надошт, ҳамеша деҳи худро дар хоб медид. Айёми бачагӣ. Гӯё мӯйсафеде мехоҳад ба ӯ — навраси 10-12-солае кумак расонад… Гоҳ ӯро аз ҷӯе мегузаронид, гоҳо дасташро гирифта, роҳеро ба ӯ нишон медод, гоҳи дигар, гӯё дар баландие дармондаасту ҳамон мӯйсафед барои ба поён фуромадан ба ӯ мадад мекунад. Шабе набуд, ки волидайнаш ба хобаш надароянд ва дар он хобҳои гоҳ орому баъзан мушавваш Нусратулло солҳои кӯдакиашро медид…
Ин хобҳои кӯтоҳ умедбахш буданд. Нусратулло умедвор буд, ки ҳатман нафаре пайдо мешаваду барои сиёҳро аз сафед ҷудо кардан ба ӯ кумак мекунад. Охир ӯ дар назди виҷдонаш пок буд, итминони комил дошт, ки солҳои сол дар назди халқу Ватан содиқона хизмат кардааст ва роҳи тайкардааш поку беолоиш аст. Вале ҳатто таъбирҳо низ дар пеши террори замон оҷиз буданд. Ӯ ба ёди тифли навзодаш Музаффар, ки ҳанӯз нафаси падарро дар чеҳраи маъсумаш эҳсос накарда буд, ашк мерехт. Ба бӯи тифлонаи ӯ, ки аз беҳтарин неъматҳои табиат медонист, пазмон шуда буд.
Чун ба ёд меовард, ки ин мавҷи бераҳми қурбониҳо беҳтарин ходимони давлатӣ, академикҳо, олимон, шоирон, нависандагон, ҳунарпешагон ва дигар фаъолонро ба гирдоби худ кашида, нисбат ба онҳо мудҳиштарин ҷазоҳоро раво дидааст, ноумедӣ вуҷудашро фаро мегирифту садҳо суоли беҷавоб мағзашро фишор медод.
Дар утоқи тангу тори шаҳри ғурбат шахсе нишаста буд, ки солиёни зиёд Тоҷикистони навтаъсисро сарварӣ намуда, дар бунёди сохтори сиёсӣ, тақсимоти арзӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ ва дар ҳалли муаммову мушкилоте, ки барои мустақилияти тоҷикон монеа эҷод мекарданд, саҳми босазое гузошта, ниҳоят ба буҳтони ноҳақ гирифтор шуда, дар қалби шӯравӣ барои адолат талош меварзид.
Маъмулан, вақте сардори оиларо ба ҳабс мегирифтанд, баъди чанде маъмурон дубора ба ин хонадони ваҳшатзада омада, аҳли оилаҳои онҳоро низ зиндонӣ мекарданд, дар ҳузури фарзандон манзилҳояшонро мавриди кофтуков қарор медоданд. Атфоли танҳомондаро ба хонаи кӯдакон месупурданд. Хонадони Нусратулло Махсум низ баъди маҳбус шуданаш барои муддате пароканда шуд: ҳамсарашро ҳамчун ҳамсари «миллатчии буржуазӣ» ва «душмани халқ» ба ҳабс гирифта, кӯдаконро ба ҳар гӯшаву канор ба хонаи бачагон супорида, паҳну парешон карданд.
Нусратулло Махсум аз ин ҳолат хуб огоҳ буд. Яқин медонист, ки мабодо умр вафо накунад, ҳатман рӯзе фаро хоҳад расид, ки шаффофияти кори ӯро таърих собит мекунад, вале оё фарзандонаш бори ин озмоиши сангини ҳаётро таҳаммул мекарда бошанд?
Мунтазири пурсишҳои муфаттишон лаҳза мепоид, фурсати сухан гуфтанро интизорӣ мекашид. Умед дошт, ки ҳатман адолат барқарор мегардад. Аммо, ҳайҳот, суханҳо ногуфтаву сатрҳо нонавишта монданд ва охирин заработи қалби саршор аз муҳаббати Ватан пайи ормонҳои ношикаста хомӯш шуданд.
Он замон хешовандон, шиносҳо, ҳамкорон ва ёру рафиқон аз аҳли оилаи нафароне, ки «душмани халқ» эълон мешуданд, канораҷӯӣ мекарданд, то ба сарашон балое наояд. Аҳли хонаводаи Нусратулло Махсум низ ба чор тарафи шӯравӣ пароканда шуданд.
Фарзанди калонӣ Мунавваршо, ки донишҷӯи пешқадами Донишкадаи омӯзгории шаҳри Москва буд, бо баҳонае аз таҳсил хориҷ карда шуд ва дар ҳолати рӯҳафтодагии шадиде ба деҳаи бобоии худ баргашт. Чун дар деҳот ҳама ба кору бори деҳқонӣ банд буданд ва ба пок будани гузаштагони ӯ шубҳае ҳам надоштанд, Мунавваршо чандон азоби рӯҳӣ намекашид, вале буданд нафароне, ки бо нигоҳҳои маҳкумкунанда ва муносибати соядору сухани беҷо ба ҷароҳати қалби ӯ намак мепошиданд. Пирони деҳ ӯро дилбардорӣ мекарданд ва таскин мебахшиданд. Шояд он мӯйсафеди хайрхоҳе, ки Нусратулло Махсум дар хоб дида буд, рамзи пирони деҳаашон буд, ки фарзанди дилшикастаи ӯро дилбардорӣ карда, бо умеди эҳёи адолат пайваста дуогӯи ӯ буданд?..
Мунавваршо мутмаин буд, ки падар ҳеҷ гуноҳе надорад. Шахсе, ки барои мустақилияти Тоҷикистон ҷони худро дареғ намедошт ва шабу рӯз ҷоннисорона барои ҳар ваҷаб хоки он талош меварзид, чӣ тавр метавонад ягон амали зиддиинқилобӣ нишон диҳад? Ҳаргиз, на!
Асли воқеа ва маълумоти пурратарро фарзандон аз ёддоштҳои ӯ, ки ба забони русӣ таълиф шуда буданд, дастрас карданд. Аз рӯи нақли духтари Мунавваршо – Раъно Нусратулло:
«Вақте падарамро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Бубнови шаҳри Москва хориҷ карданд, падарам ба зодгоҳашон баргаштанд ва баъд аз он соли 1948 ба Қазоқистон бадарға шуданд. Падарам дар ёддоштҳояшон навиштаанд: «Ман дар Қазоқистон 7 сол зиндагӣ кардам. Солҳои охир зиндагӣ дар Чулактау беҳтар шуд ва ман ташвишу монеаро намедонистам, ҳатто 2000 сӯм захираву баъзеи чизҳои дигар низ доштам. Моро аз хобгоҳ гирифта, дар хонаҳои хиштии навсохта ҷой доданд. Ғайр аз ин ман бо як муйсафеди юнонӣ дар як ҳуҷраи кушод ва ду арманӣ Тарас ва Эшхонов дар дигар ҳуҷра зиндагӣ мекардем. Эшхонов одами куҳансол буд ва ба ӯ зуд-зуд духтараш ҳар хел савғотӣ -мураббои чормағзӣ ва дигар таъомҳои лазизи арманӣ мефиристод.
Капитани Кумитаи давлатии бехатарӣ, ки моро назорат мекард, одами хуб буд ва ба ман маслиҳат дод, ки ба коллегияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди шӯравӣ мактуб нависам. Ман мактубро навишта, ба дасти капитан додам ва шояд ӯ онро ба ҷойи таъйиншуда фиристода буд, ки аввали соли 1954 маро аз макони бадарға озод намуданд».
Пайғоми озодӣ ва лаҳзаҳои ин хабарро шунидани Мунавваршо дар ёддоштҳои ӯ ба таври муфассал оварда шудааст. Аз нақли духтараш Раъно, ӯ то шунидани ин хабар, лаҳзаи хотирмонеро дар ёддоштҳояш қайд намудааст ва онро фоли нек унвон додааст:
«Вақтҳои охир ман дар бригадаи рангзанҳо кор мекардам. Ҳар рӯзи истироҳат ман ба дарёчае, ки дар масофаи 100-200 метр ба тарафи шимоли деҳа ҷорӣ мешуд, мерафтам. Ин дарёча чуқур набуд, то миёни одамро панаҳ мекард. Об ҳамеша мусаффову ширин буд. Ва ман ин рӯзи истироҳат либосамро кашида шустам ва барои хушк шудан дар зери офтоб мондам ва худам ба об даромада, оббозӣ кардам. Аз об набаромада дидам, ки дар самти чапи соҳил мори хушранги ғалатие дар офтоб гарм шуда истодааст. Ман умуман аз морҳо наметарсам ва бо ду дастам об гирифта, ба ӯ пошидам. Вай ба ҳаво парида, дохили об афтид. Ман тарсида, аз об баромадам ва ҳар қадаре ки нигоҳ кардам, дигар морро надидам. Мор якбора ғайб зад. Сипас, ман либосҳоямро пӯшида, оромона ба хона баргаштам.
Субҳи рӯзи душанбе, вақте ба кор ҳозир шудам, ҳамкоронам ба наздам омада, гуфтанд, ки туро ба комендатура даъват кардаанд. Ман хавотир шуда, ба комендатура рафтам ва дар он ҷо ду нафар ваколатдор дар даромадгоҳ маро дида, гуфтанд, ки «яхши ангма», яъне хушхабар овардем. Сипас, ман камтар ором шуда, рост ба утоқи муовини сардор даромадам. Ӯ маро ба нишастан таклиф кард ва ба ман қарори Коллегияи Вазорати корҳои дохилиро дар бораи озод шуданам аз ҷойи бадарға супорид. Ҳамин тавр, ман шаҳрванди озод шудам ва баъди яку ним моҳ, дар фасли тобистон ба назди хешовандонам ба ноҳияи Ғарм баргаштам. Ин аст он фоли неке, ки ман дар дарёчаи Чулактау морро дида будам, гарчанде дар урфият морро чун душмани инсон унвон кардаанд».
Аз он ки мувофиқи қонунҳои ҷорӣ ҳаққи парасторӣ кардани хоҳару бародаронашро надошт, хиҷолатзадаву дармонда буд. Бештари вақти худро дар боғчаи назди ҳавлиашон сарф мекард, бо гиёҳу ниҳолҳои он дар суҳбат шуда, ба муаммову суолҳояш посух меҷуст. Пайваста чашмбароҳ буд. Роҳи падарро мепойид, ки раҳнамои зиндагиаш буд. Бехабар аз он ки ҳанӯз 1-уми ноябри соли 1937 падари бузургвораш Нусратулло Махсум– сарсупурдаи миллат, шахсе, ки дар баҳсу мунозираҳои марзии Тоҷикистон ширкат варзида, бо ин корҳояш ба худ иддаи зиёди душман харида буд, қатл гардида, ҷони худро қурбони дасисаҳои он замон намуда буд.


ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

ДАР АКС: марқади Нусратулло Махсум дар Москва. Соли марги ӯ саҳван 1935 навишта шудааст.



Солҳо сипарӣ шуданд. Фарзандони Нусратулло Махсум шикасти зиндагиро мардонавор тоб оварда, нангу номусро пойгоҳи азму иродаи худ қарор доданд. Онҳо бо сари хам таҳсил намуда, улуми замонаро фаро гирифта, соҳибмаълумот ва бо меҳнати софдилонаи худ номбардори падар гардиданд.
Анвар Нусратуллоев соли 1936 мактаби ҳарбии Кремлии Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумииттифоқ (КИМУ)-ро хатм намуда, дар ҳайати қӯшунҳои сарҳадии Шарқи Дур хизмати Ватанро адо кардааст. Ӯ дар соли 1940 дар воқеаҳои кӯли Ҳасан ширкати фаъолона дошта, дар яке аз амалиётҳои ҳарбӣ бар зидди фашистон иштирок карда, захмӣ гардид ва дар госпиталҳои ҳарбӣ ҷон супурд.
Махсумова Хосият солҳои зиёд роҳбарии омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо бар уҳда дошт. Ба унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Махсумов Акбар Нусратуллоевич — доктори илмҳои кишоварзӣ, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дар мансабҳои Вазири кишоварзии ҶШС Тоҷикистон, ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯрои вазирон, ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии агросаноатии ҶШС ифои вазифа намуда, хизматҳояш ҳамчун ходими давлатӣ бо ордену медалҳо ва ҷоизаҳои давлатию илмӣ қадрдонӣ шудааст.
Махсумов Музаффар Нусратуллоевич – олими ситорашинос, доктори илмҳои физика ва риёзиёт умри худро сарфи таҳқиқоти илмӣ намуда, аз соли 1977 то соли 1992 директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Таърих олудагиҳои сунъиро шуста, ҳақиқати нобро рӯи об мебарорад. Бо мурури замон бегуноҳии ин фарзанди фарзонаи миллат собит гардида, 28 декабри соли 1957 бо Қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори генералии ИҶШС Нусратулло Махсум бегуноҳ дониста шуд.


ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

Бо қарори раёсати КМ ҲК Тоҷикистон 26 июни соли 1964 узвияти Нусратулло Махсум дар ҳизб аз нав барқарор карда шуд…
27 июни соли 2006 хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадр гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Дар ин рӯз, ҳангоми таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт нимпайкараи Нусратулло Махсум ифтитоҳ гардид.


ҶОНФИДОИ БАҚОИ МИЛЛАТ.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Нусратулло Махсум дар ноҳияи Рашт.


Зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи нимпайкараи Нусратулло Махсум Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳаёт ва қаҳрамониҳои Нусратулло Махсум ёдовар шуда, аз ҷумла чунин гуфтанд: «Таърих гувоҳ аст, ки асри ХХ барои миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷик асри талошу муборизаҳо барои эҳёву барқарорсозии давлат ва асри бедории миллат буд.
Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст.
Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои заррин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд.
Дар солҳои дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҷумҳурӣ фаъолият намудани Нусратулло Махсум дар Тоҷикистон он қадар корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъат ёфта буданд, ки халқи мо садсолаҳои пешин чунин дигаргунсозиҳоро надида буд.
Дар ин давра, пеш аз ҳама, таъсиси сохторҳои нави идоракунӣ, рушди тамоми соҳаҳо, бунёди роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, созмон додани мактабҳову курсҳои гуногуни касбомӯзӣ, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои муассир амалӣ гаштанд. Бо номи ин фарзанди содиқи миллат як давраи томи таърихи халқи тоҷик, як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз ва бунёдкориҳои азими кишварамон иртиботи қавӣ доранд.
Нусратулло Махсум ба маънои томаш ҷонфидои миллати тоҷик буд. Ба подоши хизматҳои шоиста ва талошҳои худ ҷиҳати эҳёи давлатдории тоҷикон гирифтори тӯҳмату бӯҳтон ва қурбони беадолатиҳои шовинистиву бадхоҳони халқи тоҷик гардид.
Бо бунёди нимпайкараи Нусратулло Махсум мо номи ӯро на танҳо абадӣ мегардонем, балки наслҳои имрӯзу ояндаи миллатро ба он ҳидоят месозем, ки онҳо пайрави чунин мардони ватанпарасти асили халқи худ гашта, бо эҳсоси амиқи худшиносии миллӣ барои ободиву шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоянд.
Бигузор зиндагии ин марди наҷиб ба ҳар яки мову шумо сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад».

Сарвар АЗИМӢ


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин