Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:34 – Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 
  • 11:27 – 5500-солагии Саразми бостонӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардид 
  • 10:20 – Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард 
  • 10:17 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд 

Ниёгони тоҷикон ҳазорсолаҳо таҳти Парчам Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд

Ниёгони тоҷикон ҳазорсолаҳо таҳти Парчам Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд

22 ноябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории барномаҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ-рамзи давлатдорӣ» ҳамоиши бошукӯҳ доир гардид.
Дар нишаст мутахассисону муҳаққиқон аз Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, бо ишора ба таърихи парчами миллӣ ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки ифтихори ватандорӣ, қабл аз ҳама, аз эҳтироми муқаддасоти миллӣ шуруъ мешавад.
Мавсуф иброз намуд, ки мафҳумҳои парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ва ҳуқуқи маънавии мардум барои соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд ва он парчам рамзи як давлати неруманди замон ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз дирафши Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва барои истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии мардуми куҳантамаддуни мост. Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.
Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик”, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар бораи таърихи пайдоиши парчами халқи тоҷик ва интихоби рангҳои парчам иброз дошт, ки «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамбардорони нахустини мардуми мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин