Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:38 – Баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 17:42 – Филми коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии Голливуд соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин кори коргардонӣ» гардид 
  • 17:38 – Тавзеҳи Паёми сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат 
  • 14:22 – ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯНД 

Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард

Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард

Имрӯз, 9 декабр Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кор шурӯъ кард. Иҷлосия таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат мегирад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур вакилони шаҳрӣ масъалаҳоро вобаста ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 баргузор мешавад.
Ҳамчунин тибқи ин фармон интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 доир шуда, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 1 марти соли 2020 гузаронида мешавад.
/АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин