Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:21 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 
  • 16:51 – Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид 
  • 08:16 – Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:06 – СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 

Ваҳдатофарӣ аз илму дониш аст

Имрўз ҷавонони тоҷик бар он мекўшанд, ки Ватани маҳбубамонро бо ҷон ҳифз намуда, барои пешрафташ корҳои шоистаро ба сомон расонанд. Дар солҳои истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ фаъолияти созандагии ҷавонони вусъати тоза гирифт. Дар ниҳоят эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон ин қишри ҷомеаро боз ҳам руҳбаланд гардонд. Шукрона, ки мо дар Ватани ободу ором, дар фазои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба сар мебарем ва рисолати хизмати Ватан-модарро садоқатмандона анҷом додан дорем.
Ваҳдатофарӣ аз илму дониш аст Ҳоло ҷавонон ба ҷашни Ваҳдати миллӣ омодагӣ доранд. Ин рўзи муборак дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рўзи пурсаодат бар ивази талафоти зиёди моддиву маънавӣ, қурбониҳои бешумор расидем. Аз ин лиҳоз, ба имзо расидани созишномаи сулҳ, ки санади воқеан тақдирсоз аст, аз ҷумлаи саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар рўзи аввали ба сари қудрат омадан барои дар саросари кишвар барқарор намудани сулҳи пойдор талошу ҷонбозиҳо карда, оқибат Тоҷикистонро ба Ватани сулҳу ваҳдат, ба хонаи умеди тоҷикон мубаддал сохтанд.
Ба таъбири Пешвои миллат: “Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирўзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерўву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурўзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид”. Ваҳдат ризоияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буда, нодиртарин дастоварди мардуми кишварамон маҳсуб меёбад ва он омили безаволиву тавоноии Тоҷикистони азиз мебошад. Бинобар ин он бояд бегазанду устувор боқӣ бимонад ва маҳфуз дошта шавад.
Имрўз мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ бартараф намудем. Арзишҳои бузурги умумимиллӣ- соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро ҳифз карда истодаем.
Файзи ваҳдат аст, ки мо муттаҳид шудем, ваҳдат буд, ки мо зери болу болу пари он сарҷамъ гаштем ва ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ваҳдатро илму дониш таҳким мебахшад. Ҳар қадар насли имрўза маърифатноку босавод шавад, ҳамон қадар пояи ваҳдат, сулҳу салоҳ, якдилию якдигарфаҳмӣ пурқувват мегардад.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин мо, аҳли маърифат, аз ҷумла омўзгорон имрўзҳо дар мавзуҳои “Ваҳдати миллӣ- бахти миллат!”, “Сулҳу ваҳдат- неъмати бебаҳо” ва “Ваҳдати миллӣ –рушди устувори миллӣ” соатҳои тарбиявӣ, конференсияю мизҳои мудавварҳо гузаронда истодаем. Ҷавононро ба омўхтани илмҳои муосир сафарбар намуда, барои омўхтани забонҳои хориҷӣ тарғибу ташвиқ менамоем, то ки қобилияти зеҳнии онҳо баланд бардошта шавад. Ин вазифаи мост, ки неъмати бебаҳо ва муқаддас-Ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он бирасем, то ки дар оянда ин гавҳари ноёбро боз ҳам таҳким бахшем.

М. ТОҲИРОВА, омўзгори Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови ш. Конибодом
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин