Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон натиҷаҳои қаблии интихоботи парлумониро эълон кард
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон 22 декабр натиҷаҳои қаблии интихоботи баргузоршуда ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузоршударо эълон намуд, хабар медиҳад агентии УзА.
Дар интихобот ҳамаи панҷ ҳизби сиёсии дар кишвар фаъолиятдошта ширкат варзиданд. Фраксияи бузургтаринро Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон бо 43 вакил ташкил медиҳад. 35 вакил аз Ҳизби Демократӣ, 18 вакил аз Ҳизби Халқӣ -Демократӣ, 21 вакил аз Ҳизби Сотсиал- Демократӣ ва 11 вакил аз Ҳизби Экологии Ӯзбекистон интихоб гардиданд.
Интихобот дар 128 ҳавзаи интихоботӣ аз 150 ҳавза баргузор шуд, номзадҳои боқимонда шумораи кофии овозҳоро ба даст оварда натавонистанд. Дар он ҷо овоздиҳӣ баъди ду ҳафта такроран барпо мегардад.
/АМИТ «Ховар»/.
Оставить комментарий
- Шарҳҳо
- Имрӯз
- Серхондатарин