Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – "ТОҶИКОН"-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ! – ҷавонон ва сокинони шаҳри Бӯстон иқдоми навбатии Пешвои миллатро ҷонибдорӣ менамоянд 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 
  • 18:22 – Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис маротибаи 12-ум баргузор мешавад 

Ваҳдати миллӣ - омили безаволиву тавоноии Тоҷикистони азиз!

Ваҳдати  миллӣ - омили безаволиву тавоноии Тоҷикистони азиз! Ба озмуни «20-солагии Ваҳдати миллӣ»
Ваҳдати миллӣ - омили безаволиву тавоноии Тоҷикистони азиз!

“Ҳар як инқилоб вақте арзиш дорад, ки худро ҳимоя карда тавонад”- гуфта буд В.И.Ленин.
Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат бастанд.
Ҳайҳот! Ин чӣ рўзи сияҳ ба сари мо омад!? Ҷаҳолат, зулм, истибдод, кўштор, шармандагӣ!!! Оре, барои миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо бадбахтие, шармандагие аз ин сахттару бузургтар намешавад. Бародар бар сари бародар теғ мекашад! Падар сўи писар тир мекушояд! Мардумро ба маҳалу минтақаҳо ҷудо намуданд, писарамаку писархола бо ҳам душман шуданд. Бале! Ин даҳшат ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум фаромуш нахоҳад шуд.
Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ниҳоят пурэҳсос шахсияте ба арсаи сиёсат ворид мегардад, ки дар таърихи навини тоҷикон номи ўро бо зар бояд навишт. Ҷаласаи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмоновро ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ интихоб намуд ва дар нахустин суханронии худ ин абармарди тоҷик суханони безаволи хеш “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!”- ро аз минбари олӣ иброз дошт.
Аз рўзхои аввалини фаъолияти худ тамоми ҷидду ҷаҳди хешро барои амалӣ намудани ин иқдоми асосӣ ва ниҳоят муҳими худ равона сохта, Сарвари Давлат гуфтушунид бо гурўҳҳои силоҳбадаст, таъмини амнияти миллии ҳар як шаҳрванди мамлакат, халъи силоҳ, ба ватан баргардонидани гурезагони бурунмарзӣ ва ба ҷойи зисти доимӣ баргардонидани мўҳоҷирони иҷбориро вазифаҳои асосӣ ва авалиндараҷаи худ қарор дод. Ў таъкид карда буд: “То он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз таҳрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем ҳеҷ гуна кумаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад”.
Хушбахтона, кўшишу заҳматҳои шабонарўзии Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон барабас нарафтанд. Миллати куҳанбунёди мо боз як бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки дасисаву бозиҳои пасипардагии ҷудоихоҳон ва манфиатҷўён дар назди ақли солим ва тафаккуури бузурги инсонӣ ҳеҷ аҳамияте надоранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Сулҳро аз Ҷанг ва Ваҳдатро аз Парешонӣ афзалтар дониста, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Маҳз баимзорасии ин созишнома ибтидои пешравиҳо, фаъолияти бунёдкорона, рушди иқтисоди миллӣ ва вазъи иҷтимоиву маишии халқамон гашт. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ обрўю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ афзуд ва таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар тамоми олам мавриди омўзиш қарор доданд.
Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон моҳият ва ҷавҳари аслии Ваҳдати миллиро пурра дарк намуда, шукронаи ин неъмати худойдодро ҳар замон мекунанд, зеро ки аз оқибатҳои нангини ҷанги шаҳрвандӣ бохабар мебошанд. Афғонистону Ироқ, Сурияву Яман ва даҳҳо давлатҳои қитъаи Африқо ба хоку хун оғуштаанд. Вазъияти ҷаҳони имрўза ҳар як фарди боору номусро талқин месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳифозати дастровардҳои Ваҳдати  миллӣ - омили безаволиву тавоноии Тоҷикистони азиз!Ваҳдати миллиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморад ва ба қадри он бирасад.
Мо – тоҷикистониён ифтихор аз он дорем, ки ба Ваҳдат расидем.
Ваҳдати миллӣ омили асосии осоиштагии кишвар, рушду инкишофи ҳамаҷонибаи он ва сабабгори аслии ин ҳама ҷашну тантана мебошад. Оре! Тоҷикистон азизу осудаи мо ҷашн дорад ва аз оғози ин саҳифаи тилоии Ватани азизамон 20 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳама бурду бохти мо: оромию осудагии мардум, дастовардҳои илмиву техникӣ, варзишиву фарҳангӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ, баландшавии сатҳи зисти аҳолии кишвар ва инкишофи ақлониву зеҳнии мардум аз Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.
Соҳаи маориф ва илм дар давраи соҳибистиқлолӣ даҳчанд рушд намуда, аҳли ин тими бузург – омўзгорону кормандони муассисаҳои таълимӣ бо меҳнату заҳматҳои ҳаррўзаи худ тавонистанд дар замири толибилмон донишу хирад, некхўиву некманишӣ, ҳиммату ҷавонмардӣ ва муҳаббат ба ҷаҳону ҷаҳониёнро ҷой кунанд. Омўзгор бо масъулияти баланди инсонӣ насли наврасро тарбия намуда, дар баробари ин ҷомеаи инсониро такмил медиҳад.
Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро асоси безаволиву тавоноии Ватани азизамон ҳисобида, ба нақши ҷавонон дар амалигардонии сиёсати имрўзаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад. Ў ҷавононро ояндаи миллат номида, соли 2017, соли ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллиро Соли ҷавонон эълон намуд. Ин басо рамзист ва мо – ҷавононро водор месозад, ки тамоми кушишу ғайрати худро барои пойдории сулҳу осоиштагӣ, рушду нумўи кишвар, гулгулшукуфии ватани азизамон равона созем. Мо – ҷавонон бояд дастуру супоришҳои гирифтаамонро саривақт, бо масъулияти хос ва сарбаландона иҷро намуда, ба боварӣ ва итминони роҳбарияти имрўзаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардем.
Асрорзода Убайдулло Саттор- директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, дотсент
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин