Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:27 – Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот 
  • 17:33 – ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд 
  • 15:23 – ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст 
  • 17:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд 

ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифт

ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифт

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Дар ин бора аз КМИР ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба маълумоти манбаъ, ин мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯз низ зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар бораи аккредитатсияи миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳайати 8 нафар ва аз Ҷумҳурии Беларус дар ҳайати 2 нафар мушоҳиди байналмилалӣ қабул гардид.

Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.

Дар назар аст, ки ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин