Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

Абдулло Раҳмонзода: «Соли 2019 ба хазинаи варзишии мамлакат 355 медали тилло ворид карда шуд

Абдулло Раҳмонзода: «Соли 2019 ба хазинаи варзишии мамлакат 355 медали тилло ворид карда шуд

Соли 2019 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ба хазинаи варзишии мамлакат 994 медал ворид карданд, ки аз ин 355 адад медали тилло, 250 нуқра ва 389 адад биринҷӣ мебошанд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз намуд.
Бино ба зикри номбурда, аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар ҳайати 917 нафар ба чемпионатҳои Осиё, Ҷоми Осиё, Ҷоми Аврупо, Гран При, Гран Слам ва дигар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалие, ки тибқи нақшаи тақвимии федератсияҳои байналмилалии намудҳои варзиш пешбинӣ гардида буд, сафарбар карда шуданд.
«Инчунин сол аз сол шумораи бонувон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд шуда, соли гузашта 140 нафар бонувони варзишгар дар 50 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда 172 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 67 медали тилло, 40 медали нуқра ва 65 медали биринҷӣ мебошад», — гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои бадастовардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 569 адад зиёд мебошад.
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин