Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:27 – Кӣ ҳуқуқ ба овоздиҳии пешакӣ дорад? Чанд саволу ҷавоб доир ба иштирок дар интихобот 
  • 17:33 – ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд 
  • 15:23 – ПАДИДАИ БЕСОБИҚАИ ТАЪРИХ – САРВАРИ ДАВЛАТ БА ҲАР ХОНА КИТОБ ҲАДЯ МЕОРАД! Ва ё тақдими китоб суннати хуҷастаи тоҷикон аст 
  • 17:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд 

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат баён гардиданд, тасдиқ шуд

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти мамлакат баён гардиданд, тасдиқ шуд

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, тасдиқ шуд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин тадбир бо мақсади таъмини иҷрои босифат, самаранок ва саривақтии вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, андешида мешавад.
Раиси шаҳр дар ин қарор масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки иҷрои босифат ва самараноку саривақтии нақшаи чорабиниҳоро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Дар ин росто, танҳо соли равон дар пойтахти мамлакат як зумра чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он доир гардиданд».
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки «Тоҷикистон соли 2019 раёсати як қатор созмонҳои минтақавӣ ва ниҳодҳои онҳо, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми ҳамкории амниятии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт. Соли оянда раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Гузашта аз ин, мавриди қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардаанд. Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти мамлакат Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор намоем».
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин