Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 07:51 – Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 10:26 – Фарҳод Раҳимӣ, президенти АМИ: Ҳадафи Пешвои миллат – рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ 
  • 10:24 – Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб 
  • 10:22 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд 

ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд

ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот намуд

Имрӯз, 17 феврал, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии Пол Эберхард мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсииҶумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар ҷараёни суҳбат роҷеъ ба тадбирҳое, ки ҷиҳати омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ то имрӯз аз ҷониби КМИР амалӣ гаштаанд, ёдовар шуда, зикр намуд, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии мамлакат барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳаё намудааст.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва гузоришу суҳбатҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда истодаанд.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилали аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбӣ арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.
ДУШАНБЕ, 17.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин