Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ВАҲДАТ-ШОҲСУТУНИ МИЛЛАТ

Дар таърихи давлатдории тоҷикон рўйдодҳои муҳиму сарнавиштсоз ва дорои аҳамият ҷаҳонидошта хеле зиёд мебошанд ва ин арзишҳои миллӣ бо гузаштаи бойю ғанӣ омезишу густариш ёфта, арзиши муқаддасро ба худ касб менамоянд. Дар ин робита фарзанди фарзонаи миллат Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар яке суханрониҳояшон бахшида ба Ваҳдати миллӣ қайд намудаанд:
«Сулҳу субот, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Аз ин рў, бори дигар дар назди халқи шариф ва миллати сарбаланди тоҷик сари таъзим фуруд меорам». Дар марҳилаи ҳозира мардуми шарифи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ қарор додаанд. Мо тамоми дастовардҳоямонро ба мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем. Зеро роҳи ягонаи рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан аз сулҳу оромӣ сарчашма мегирад. Сарвари давлат дар суханрониҳояшон борҳо дар ин бора таъкид кардаанд:
«Мо бояд сулҳу суботи ҷомеаро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ва неъмати азизтарин эҳтиёт ва ҳифз намоем». Аз ин рў лозим аст, ки дастурҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун масъулияти бузурги ватандорию ватанпарастӣ бори дигар ёдовар шавем: «Ҳар фарде, ки худро тоҷикистонӣ медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандию қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад». Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромию осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
ВАҲДАТ-ШОҲСУТУНИ  МИЛЛАТАҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар он аст, ки тўли солҳо табақаҳои солими сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷаъмиятиро ба ҳам муттаҳид намуда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама озодии шахс ва адолати иҷтимоӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд, ки аҳамияти ба худ хосро доранд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ сокинони ноҳияи дурдасти Шамсиддин Шоҳин барои ҳимояи марзу буми кишвар ва барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон дар канор наистода ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд. Дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар ин давра аз ноҳия 216 нафар иштирок намуда, аз ин 43 нафарашон ба шаҳодат расидаанд, ки хотираи неки онҳо дар ёдҳо ҳамеша боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки бо шарофати сулҳу суботи кишвар дар тўли 20 соли охир дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дигаргуниҳои назаррас ба мушоҳида мерасад. Сохтмони шоҳроҳи Душанбе- Кўлоб қитъаи Шўрообод-Шоҳон дар масофаи 40 км бо маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳдошти зиндагии сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аҳамияти бузург дорад. Сохтмони роҳ пеш аз ҳама дўстиву бародарии мардуми тоҷикро бо давлатҳои дигар барқарор намуда, барои рушди соҳаҳои савдо, туризм аҳмияти стратегӣ дорад. Бунёди аввалин муассисаи таълмии замонавӣ дар маркази ноҳия, сохтмони қасри фарҳангӣ, варзишгоҳи марказӣ, мактаб- интернати замонавӣ дар деҳаи Шоҳон, ки сохтмонашон ба нақша гирифта шудааст, ояндаи наздик симои ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба таври куллӣ тағйир хоҳад дод.
Тўли 20 соли Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ зиёда аз 212 иншоот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, роҳдорӣ, кашидани хати оби ошомиданӣ, биноҳои маъмурӣ, марказҳои хизматрасонию маишӣ, таъмини деҳаҳо бо хати барқ ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодаи умум қарор доранд. Ҷавонони ноҳияи куҳистонии Шамсиддин Шоҳин бо назардошти дастуру ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат барои донишу касбомўзӣ талош мекунанд. Дар зарфи 20 соли Ваҳдати миллӣ 4600 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, 2000 нафар ба коллеҷҳо, 327 нафар ба мактабҳои олии дохили кишвар тибқи квотаи президентӣ ва 173 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил шуда, баъди хатми донишгоҳу омўзишгоҳҳо саҳми арзандаи хешро дар рушду нумуъи соҳаи гуногуни кишвар гузошта истодаанд. Мо кормандони масъули мақомоти маҳаллӣ кўшиш менамоем, ки дар арафаи 20- солагии Ваҳдати миллӣ робитаро бо ҷомеа таҳким бахшида, баҳри ободии сарзамини биҳиштосоямон саҳмгузор бошем.

Ф. ҚАЛАНДАРОВ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин