Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим бо вакилони мардумӣ машварати корӣ доир намуд

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим бо вакилони мардумӣ машварати корӣ доир намуд

Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо вакилони мардумӣ аз кумитаҳо оид ба масъалаҳои аграрӣ, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон машварати корӣ доир намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад, машварати корӣ дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин ҷаласаи иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум сурат гирифт.
«Парлумон бояд бо роҳи қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷомеа, тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои таконбахши равандҳои гуногуни ҳаёти давлат ва сокинони мамлакат, густариши созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани эътибору обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши сазовор гузорад»,- ёдовар шуд Қодири Қосим аз суханони раҳнамункунандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ, -гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, моро зарур аст бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, таъмини адолати иҷтимоӣ, ваҳдату субот, пешрафту созандагӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, манфиату ниёзҳои мардум қонунҳое қабул намоем, ки таконбахши рушди ояндаи ҷомеа бошанд.
Зикр шуд, ки инчунин вакилони халқро мебояд сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, бо назардошти манфиатҳо миллию давлатӣ барои рушди фазои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа саъю талош карда, тамоми донишу таҷриба ва маҳорати касбии худро ба шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.
Ёдовар мешавем, ки 17 март ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин