Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ РОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҲАМВОР СОХТ

ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХӢ РОҲИ ВАҲДАТИ МИЛЛИРО ҲАМВОР СОХТ

Мо дар арафаи таҷлили ду санаи бузургу таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дорем. Ин ҷашнҳои 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар робита ба масъалаҳои нақши Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар рушди минбаъдаи самтҳои гуногуни ҳаёти кишварамон сўҳбате доштем бо мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ, номзади илмҳои таърих Ботурҷон АЛИМОВ.

-Як лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Марҳалаи асосии таърихи сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳайси Раиси он интихоб шудани фарзанди шоистаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Барқарор шудани Ҳукумати қонунӣ, кўшиши ба роҳ мондани гуфтушуниди байни Ҳукумат ва мухолифин, ниҳоят изҳороти Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани сулҳ дар кишвар аввалин иқдоми ҷиддӣ дар ҷодаи ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбанд.
Рисолати таърихии иҷлосияи мазкур дар ин аст, ки хавфи аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақсимшавии миллатро пешгирӣ кард. Тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ баровардани кишвар пешниҳод намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян кард, барои ба мувофиқа овардани қувваҳои солими ҷомеа-ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ заминаи созгор муҳайё намуд, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тарҳрезӣ кард.
Дар мусоҳибаи худ рўзи 19 –уми декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба се зинаи аввалини роҳҳои ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ишора менамоянд:
Аввал бояд гурўҳҳои силоҳбадастро ба гуфтушунид моил карда шаванд ва илоҷе карда ба мувофиқа бирасанд.
Дуввум, Ҳукумат бояд амнияти шаҳрвандонро таъмин карда тавонад.
Сеюм, вуруди нерўҳои сулҳхоҳи давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Дар мусоҳиба механизмҳои халъи силоҳ, роҳҳои босамари ба Ватан баргардонидани гурезагон, тадбирҳои таъҷилии Ҳукумат оид ба пешгирии гуруснагӣ батафсил баён мешаванд. Вале, ба андешаи Сарвари давлат, роҳи ягонаи наҷоти миллат сулҳу ваҳдат мебошад ва ба ин маънӣ изҳор менамоянд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям: то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз таҳрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем ҳеҷ гуна кўмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».
Сарвари кишвар бо иродаи сулҳҷўёна ба гурўҳҳои силоҳбадаст муроҷиат менамояд: «Биёед, кинаю адоватро ба як сў гузорем, ба гузашта салавот гуфта ҳамдигарро бародарвор ба оғўш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем.
Дар суханронии худ ба муносибати яксолагии иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (15 ноябри соли 1993) Сарвари давлат самараи аввалини сулҳи байни тоҷиконро ҷамъбаст менамоянд. Дар муддати хеле кўтоҳ иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши созанда гузошт ва рисолати таърихии худро дар эҷоди сулҳу ваҳдат собит намуд. Дар маърўза самарҳо ва натиҷаҳои асосии қарорҳои иҷлосияи тақдирсоз баён ёфтанд:
- Вазифаҳои аввалиндараҷа дар бобати хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш нигоҳ доштани якпорчагии Ватан ва таъмини сулҳу осоиш барои шаҳрвандон иҷро гардиданд.
-Дастгоҳи давлатии фалаҷшуда ва мақомоти идоракунии таҳрибёфта барқарор гардида, вазъияти ҷумҳурӣ таҳти назорат марказ қарор гирифт.
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи соҳибистиқлолӣ аст. Дар нутқи пурмўҳтаво дар иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам иртиботи қавӣ доштани ваҳдат ва истиқлолиятро ба таври зерин шарҳ медиханд:
Якум, масъалаи ваҳдати миллӣ гузоштани пойдевори ягонагии Тоҷикистон мебошад. Талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона гаштааст, ки кишвар аз рўи маҳал тақсим нашавад. Таҷрибаи талхи таърихи асри ХХ тоҷиконро водор месозад, ки ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Дуввум, Тоҷикистон Ватани умумии ҳамаи онҳое мебошад, ки хуни нофашон дар ин ҷо рехтааст. Бо хушнудӣ зикр мешавад, ки ҳоло бародарони русу ўзбек, қирғизу тотор ва дигар қавму миллатҳо ба Тоҷикистон дубора баргашта истодаанд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат иҷлосияи мазкур барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд. Зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Ба туфайли Ваҳдату ҳамфикрӣ имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободу осоиштаи мо бо 150 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, бо 129 давлати ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 50 созмони байналхалқии минтақавӣ ҳамкориҳо дорад.
Натиҷаи қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Ваҳдати миллӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои оламшумули Тоҷикистон оиди «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт 2005 - 2015», Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ҳалли проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ мақому манзалати Тоҷикистонро хеле баланд бардоштаанд, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Сўҳбаторо Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОДА, хабарнигори «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин