Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ҲУМОЮН БОД ВАҲДАТИ МО

ҲУМОЮН БОД ВАҲДАТИ МО!

Барои миллати куҳанбунёди тоҷик 27 уми июни соли 1997- рўзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ маҳсуб меёбад. Чун мо дар остонаи ин ҷашни бузург қарор дорем, андешаҳо чанде аз сокинони вилояти Хатлонро оид ба рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамчун иди иттиҳоди миллат пурсон шудем.

ҲУМОЮН БОД ВАҲДАТИ МОАминқул Ҷурақулов- сокини ноҳияи Шаҳритус:
-Ноҳияи мо яке аз ноҳияҳои назди сарҳадии кишвари азизамон маҳсуб меёбад. Дар ноҳия намояндагони миллатҳои гуногун-тоҷикон, узбекон, туркманҳою қирғизҳо, тоторҳо аҳлона ва ғайра дар фазои дӯстию ягонагӣ ва ҳамдилӣ зиндагӣ менамоянд.
Воқеаҳои номатлуби солҳои 90-ум асри гузашта, ки дар натиҷаи дахолати душманони дохилию хориҷӣ ва якдигарнофаҳмии сокинон ба амал омад, мардумро пароканда намуд. Душманони миллати мо тавонистанд муддате миёни мардуми минтақаҳои гуногуни кишварамон низеъ андозанд. Ҳазорон нафар сокини ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав манзилҳои худро тарк намуда, ба хоки Давлати Исломии Афғонистон гурехта рафтанд.
Хушбахтона баргузории Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи аз байнравии кишварро рафъ сохт ва дар дили мардум шуълаи умедро барои зиндагии оянда барафрухт. Ба андешаи ман сарчашмаи ба ваҳдату ягонагӣ умед пайдо кардан ин суханони содиқонаи Роҳбари тозаинтихоби мамлакат Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз минбари баланди Иҷлосия изҳор намуда буд: "Ман кори худро аз сулх оғоз мекунам".
Дар хақиқат ин роҳбари хирадманд ва фидоии миллат суханони садоқатмандонаи худро амалӣ кард.
Вақте ки мардуми гуреза аз ғурбат ба Ватан баргаштанд, дар ноҳияи мо корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат ёфт.Дар муддати начандон тўлони сатҳи зиндагӣ беҳтар гардид. 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Баъди ин рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз шуълаи умед барои зундагии шоиста бештар гардид.
Бо комёбию дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани иди фархундаи Ваҳдати миллӣ қарзи виҷдонии ҳар як сокини кишвар аст. Мо кормандони идораи почтаи маркази ноҳия дар якчоягӣ бо чанд нафар соҳибкорон дар ҷамоати деҳоти бо номи Ҷура Назаров як нуқтаи шуъбаи алоқаро сохта, ба истифода медиҳем. Ин туҳфаи хубест ба ҷашни 20-солагии Вахдати миллӣ.

Гавҳар Раҷабова-сокини ноҳияи Восеъ:
-Ваҳдат барои миллат шарифи мо муқаддас аст. Зери мафҳуми Ваҳдат ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарчамъию иттиҳодро мефаҳмем. Рӯзи Ваҳдати миллӣ рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар кишвар аст Аз он вақт то имрӯз 20 сол сипарӣ гардид. Гарчанде ин давраи начандон тўлонии таърихист, хушбахтона дар ин муддат дар манотиқи гуногуни ҷумхурӣ садҳо корхонаҳои нав, муассисаҳои замонавии таълимӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даҳҳо сохтмонҳои бузург, нақбу роҳҳо сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин комёбиҳо, албатта бо шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ, тинҷию амонӣ, ягонагӣ ва сиёсати хиратмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид.
Аз муждаҳои Паёми солонаи Президенти кишварамон ба Маҷлиси Олӣ хуб огаҳӣ дорем, ки сатҳи зиндагии мардум дар давоми тантанаи сулҳу ваҳдат баланд гардид. Аз ҷумла, Президенти муҳтарам таъкид доштанд, ки "Мо мақсад дорем, сатҳи комбизоатиро беш аз ду баробар коҳиш диҳем ва ҳиссаи ахолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 фоиз зиёд намоем." Ман худ омўзгорам. Зиёда аз 30 сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғулам. Маҳз тавассути сиёсати Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф хеле пеш рафт. Сифати таҳсилот хубтар шуда, сатҳи дониши хонандагон хеле беҳтар гардид.
Имрӯзҳо мо тамоми омодагиҳоро дида истодаем, ки ҷашнӣ бузурги 20- солагии Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои шоиста истиқбол намоем.
Чанде пештар дар қисми ҳарбии вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар маркази ноҳия вохўрии фаъолзанони нохия бо хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид. Ман мурочиатномаи фаъолзанони ноҳияро ба хизматчиёни ҳарбӣ хонда таъкид намудам, ки бояд хамаи мо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ бирасем ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем:
...Шарбати Ваҳдат бо ҳам нўшем бо сидқу вафо,
Заҳрнўшиҳои халқи тоҷдори мо гузашт.
Гармии оғўши гарми дӯстон гармам намуд,
Сардрўзиҳои сарди рӯзгори мо гузашт.

Алиқул Хидиров- сокини ноҳияи Фархор:
-Мо ҳама бесаброна рӯзи Ваҳдати миллиро интизорем, зеро ин иди муқаддаси мардуми мост. Маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист сарсонию саргардонӣ ва парешонию парокандагиро ба сарҷамъию хотирҷамъӣ, сулҳу ягонагӣ ва ҳамдамию ҳамбастагӣ табдил диҳад. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ амнияти мардум таъмин гардид ва Ватани азизамон ободу зебо ва шукуфою гулафшон гардид. Албатта ёд овардани воқеъҳои номатлуб ва нооромиҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта бисёр вазнин аст.
Баъди сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ тобистони соли 1999 аз ноҳияҳои Вахшу Панҷ тахминан 30-32 оилаҳои гурезаҳо ба воситаи куҳҳо ба деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ғолибони ноҳияи мо омаданд. Ҳамаи онҳоро бо маслиҳати раиси маҳалла Амонулло Камолов дар хонаҳои мардум ва бинои мактаби деҳа чойгир намудем. Ба онҳо ҳамчун бародар ва хешу табор муносибат карда, бо нону дигар маводи озука таъмин намудем. Хамеша дар пахлуи онҳо будем.
Баргузории иҷлосияи XVI-и тақдирсози Шўрои Олии ҷумҳурӣ ба мардум пайки шодию умед овард. Баъди ба эътидол омадани вазъи кишвар бисёр оилаи гурезаҳо ба макони зисташон баргаштанд. Мо ба онҳо то ҳоло муносибатҳои дӯстона ва рафту омад дорем. Онхоро ба тўю хурсандиҳо ва маъракаҳо даъват менамоем. 6 оилаи онҳо дар деҳаи Сурхоб монданд. Холо онҳо бо мо дӯстонаю аҳлона зиндагӣ доранд. Барои дӯстонаву аҳлона зистан бояд ҳамдигарро эҳтиром намуд, касеро набояд ранҷонду ба касе набояд ранҷ овард. Ана ҳамин аст, Ваҳдати миллӣ.

Маҳбуба Мусулмонова- сокини ноҳияи Хуросон:
-Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27- июн дар ҳаёти ман ҳамчун падидаи фараҳбахш нақш бастааст. Вакте, ки ман колеҷи тиббии шаҳри Қургонтеппаро бо муваффақият хатм намудам, ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ва инак, 20 сол мешавад, ки ман ҳамчун духтур софдилона бо халқу Ватанам хизмат карда истодаам. Яъне ман ҳамкадами Ваҳдати миллиам.
Оре Ваҳдати миллӣ эътиқоду эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшон дилгарм намуд. Ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии ниёгонро баланд бардошт, рушди босуботи кишвар, пешрафти маорифу фарҳанг, тандурустӣ, иқтисодиёту иҷтимоиётро таъмин намуд.
Беморхонаи минтақавии рақами 3-и ҷамоати Қалъаи Сурх, ки ман дар он фаъолият дорам, ба 19 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Маро суханони пурмуҳтавои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ироа намуданд, руҳбаланд кард."Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, сифат ва самаронокии он, инчунин рушди шаклҳои нави кўмаки аввалияи тиббиву санитарӣ аҳамияти хосса медиҳад"
Ман хамеша дар сафи пеши хизматрасонии шоистаи тиббию санитарӣ ба мардум қарор дорам. Дар оянда низ ҳамеша талош меварзам, ки тамоми донишу малакаамро баҳри беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ сарф менамоям. Фикр мекунам ин туҳфаи арзандаи мо ба ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ мебошад.
Ва аз забони шоир мегуям:
Ба давлат бодо дӯстон, давлати мо,
Ҳумоюн бод, рўзи Ваҳдати мо.
Аъзам Бобоев, хабарнигори "Ваҳдат"
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин