Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баррасӣ гардиданд
Имрӯз ҷаласаи назди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, Раисони ноҳияҳои пойтахт, масъулини сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони бозорҳои пойтахт доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа вазъи пандемия вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 ва иҷрои қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси шаҳр дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар қаламрави кишвар иттилоъ доданд, ки шурӯъ аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо ва бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар ин робита махсусан ба раисони ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби сокинон бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, пешгирии гаштугузор бе ниқоб дар шаҳр ва бе ниқоб ворид шудан ба бозорҳо, безараргардонии шабонаи бозорҳо, инчунин тақсими ниқоб ба сокинон, корҳои пешгирии зиддисӯхторӣ, савдои кӯчагӣ, истифодаи маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.

Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии хавфи хуруҷи паҳншавии мавҷи дуюми сирояти коронавирус COVID-19 ба роҳбарони бозорҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ супориш доданд, ки то оғози рӯзи фаъолият корҳои безараргардониро ба роҳ гузоранд.

Дар дохили бозорҳо корҳои тозакунӣ, рангубору таъмир ва баровардани партовҳо амалӣ карда шавад, ҳамчунин дар даромадгоҳҳои бозорҳо долонҳои безараргардонӣ ва ҷойҳои шустани даст бо истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ таъсис дода шаванд.
ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин