Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:14 – Дар Душанбе масъалаи дунявият ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ баррасӣ шуд 
  • 16:50 – Тоҷикистон ва Миср ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду кишварро ба роҳ мемонанд 
  • 15:23 – Тоҷикистон мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд 
  • 18:15 – Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Муъминобод шинос шуд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Муъминобод шинос шуд

Субҳи имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва иншоотҳое, ки ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохта мешаванд, дидан ба амал овард. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат аз рафти сохтмони Боғи фарҳангии ноҳия, ки дар маркази ҷамоати шаҳраки «Муъминобод» бунёд шуда истодааст, боздид намуда, барои дар муҳлати муқарраршуда анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ба масъулин тавсияҳои муфид дод.
Сипас, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази мобилии «Тcell», корхонаи саноатии коркарди шир ва дар замини назди корхонаи мазкур боғи интенсивии бунёдшудаистода шиносоӣ пайдо кард. Дар рафти сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз рафти кишти картошка ва нашъунамои он дар хоҷагии деҳқонии «Наҷот»-и ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров дидан намуд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар ноҳияи Муъминобод дар майдони зиёда аз 1200 гектар кишти картошка ба итмом расида, амалӣ кардани ин кор дар заминҳои боқимонда бомаром идома дорад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода инчунин, аз рафти корҳои сохтмонии меҳмонхона ва дигар иншоотҳои фарҳангию фароғатӣ, ки дар ҷамоати деҳоти «Чилдухтарон» ва мавзеи он бунёд шуда истодаанд, дидан намуд. Қобили зикр аст, ки дар мавзеи мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ роҳи 12 километраи Чидухтарон-Ховалинг таъмир шуда истодааст ва то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин