Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

САҲМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ ПАДАР ВА БАРОДАРАМ АЗ ДАСТИ ГУРЎҲОИ ТЕРРОРИСТОН

САҲМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ ОЗОД КАРДАНИ ПАДАР ВА БАРОДАРАМ АЗ ДАСТИ ГУРЎҲОИ ТЕРРОРИСТОН
«Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳамагуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурўҳи болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад».

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон дар 29 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ, бидуни шакк дастовардҳо, зиёд дорад, аммо яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо ҳамоно дарёфти сулҳ ва ваҳдати миллӣ буд. Гузашта аз ин, бисёре аз комёбиҳои он маҳз аз баракати ҳамин сулҳу ваҳдат аст.

Таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти дохилимиллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дошт, таваҷҷуҳи фавқулодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфуз ба он гувоҳӣ медод. Дабири кулли он вақтаи Созмони Миллали Мутаҳид ҷаноби Кофе Анан, ки он солҳо ба таври мунтазам ва огоҳона раванди сулҳи тоҷиконро пайгирӣ мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид намуда буд, ки «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
Дар аввалҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ, ваъзи душвори сиёсию иқтисодӣ бисёр корхонаву идораҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаҳои хусусӣ фалаҷ шуда буданд. Дар он вақт амакам (Файзалӣ Қурбонов) яке аз корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлобро хусусӣ гардонда буд, мехост мутахассисони соҳаро аз даст надиҳад ва онҳоро ба кор таъмин намояд. Дар он вақтҳо барои боз ҳам беҳтар намудани сифати корӣ, зарур буд, ки баъзе таҷҳизотро нав мебоист кард. Ба ин хотир, барои ба кор андохтани корхона ба баъзе созмонҳои байналмилалӣ лоиҳа навишт ва яке аз онҳо каме маблағ ҷудо кард, ки корхона гардон шавад.
Бародарам бо падарам дар ҳамон солҳо барои харидории таҷҳизот ва баъзе дастгоҳҳо ба шаҳри Душанбе сафар намуда, онҳоро харида, хостанд бо роҳи Ваҳдат онҳоро то манзил бирасонанд. Лекин дар роҳи шаҳри Ваҳдат онҳоро гурӯҳҳои террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) дастгир намуда, таҳдид ба куштан карданд ва ҳатто автоматро ба гардани бародарам гузошта, ба онҳо таҳдид мекарданд, ки агар як калима гап занӣ дар ҷоятон ба ҳалокат мерасонем. Дар он вақт як муйсафеди нуронӣ пеши роҳи он ҷинояткоронро гирифт, то ин ки падар ва бародарро накушанд. Мошин, таҷҳизот ва маблағҳое, ки дар барашон буд, ҳамаро ҷинояткорон тассаруф карда гирифтанд.
Падарам ва бародарам бо як рўҳияи нохуб ба хона баргаштанд. Падарам баъди чунин корҳои душманони миллат ба бемории сахт дучор шуд. Дар баробари падарам ва бародарам чандин нафарони дигар низ ба дасти он ҷинояткорони миллат афтида, азобу машаққатҳои зиёд аз сар гузаронидаанд.


Падарам нақл мекард, ки мо баъди чанд рӯз ба назди роҳбаронаш рафтем, дар онҷо ҷабрдидаҳо хеле зиёд буданд ва ҳатто мо дар навбат истодем, то ин ки аз роҳбари ҷинояткорон тақозо намоем, ки мошин ва таҷҳизоти моро баргардонанд, аммо ӯ дар посух ба мо гуфт, ки ба шумо як соат вақт, равед, набошад худатонро низ нест мекунем. Хулоса, бе ҳеч чиз ноумед аз он рафтем.
Баъди чанд рӯз ба намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба таври расмӣ муроҷиат кардем. Мактуби мо ба дасти Раҳмон Тағай (Худо раҳматаш кунад), аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон буд, расид. Бо дастгирии аъзои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, махсуан Раҳмон Тағай танҳо мошинро, ки алаккай корношоям шуда буд, баргардонданд, вале пулу таҷҳизотро надоданд. Ҳамин сабаб буд, ки корхона ба таври зарурӣ ба кор дароварда нашуд ва мутахассисон яке паси дигаре корро тарк карданд.
Он гурўҳи террористӣ то ҳол зарари худро ба ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон расонида истодааст. Лекин онҳо намедонанд, ки давлату миллати тоҷик он давраи солҳои 1990 нест.
Мо мардуми тоҷик дар айни замон як муштем. Як мушти тавоно ва қудратманд. Мо имрўз омода ҳастем, ки Ватани маҳбубамонро ҳимоя ва дифоъ намоем. Имрўз як гурўҳ ватанфурўшони оқипадар аз хориҷа истода, ба сўи Ватан санги маломат партофта истодаанд. Дастовардҳо ва комёбиҳои Ватанро бо чашмони нотавонбинашон дида наметавонанд. . Ҳарчанд падарам ҷон ба ҷонофарин доданд, вале мо фарзандони онҳо давомдиҳандагони кори онҳо мебошем. Кори падарамонро гардон кардем. Имрўз мо корхонаро аз сари нав ба кор андохтем ва тавоноияш аз замони шўравӣ беҳтар аст. Мутахассисони нав тарбия кардем, онҳо низ шогирд омода карда истода, барои гул-гул шукуфтани Ватанамон саҳми худро гузошта истодаанд.
Тоҷикистон рўз аз рўз танҳо ба пеш рафта истодааст. Мо метавонем.
Салим Сайвализода[right][/right]



рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин