Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ МУҚАДДАС АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ МУҚАДДАС АСТ

«Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрўзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад».
Эмомалӣ Раҳмон


Кулли воқеаҳо ва рўйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд аз Истиқлолияти комили давлат, сулҳу ваҳдату ризоият маншаъ мегиранд ва дар рушди ҷомеа нақши муассир ва абадӣ доранд. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Воқеан, дар сарнавишти ҳар як миллату давлатҳо санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоии тақдир мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рўзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамонониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо – Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рўи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рўи кор овард.
Воқеан ҳам, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехўрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтарини рушду нумўъ расидааст.
Имрўз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.
Мутаассифона, дар оғози ҳазорсолаи сеюм дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро ба тавиш андохтааст ва ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба Тоҷикистон таҳдид намуда истодааст. Ҳадафҳои сиёсии ашхоси алоҳида ва гуруҳҳои онҳо — таҳдиду зўроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият, барангехтани низоҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Терроризм ва найрангу ҳангомаҳои ифротгароӣ ба дину мазҳаб ва миллати ҷудогона мансуб нестанд ва аз бархўрди тамаддунҳои ғарбию шарқӣ низ сарчашма намегиранд, балки сатҳи пасти маърифат, бесаводию ноогоҳӣ, канор мондан аз маданияту фарҳанг, разолат, ноҷавонмардӣ, кўрдилӣ, миллатбадбинӣ ва ватанфурўшӣ худ сарчашмаи асосии пайдоиши ин зуҳуроти номатлуби замони муосир мебошанд.
Аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва як гурўҳ ашхосони дурўяи фурўхташуда, ки худ душманони давлату миллат, нафарони заиф, кундпеша, кинаҷўву адоватхоҳ мебошанд, барои расидан барои мақсадҳои нопоки худ аз бадбахтии ба сари халқи ҷаҳон омада истифода бурда, барои ба таҳлука андохтани мардуми кишварамон, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя, дурўғ ва сиёҳ намудани давлату Ҳукумати кишвар кўшиш намуда истодаанд.
Аксарияти давлатҳои дунё, ки имрўз мубталои бемории сироятӣ гардидаанд, дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолифони худро доранд, лекин дар ин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоми онҳо ба монанди аъзоёни бадхоҳ ва бадбини ТТЭ ҲНИ бо афкору ақидаи фитнаангези худ ба сари давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ теғи душманӣ кашида, туҳмату надомат намуда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардурўғ наангехтанд, чи тавре, ки сиёсатбозон ва мухолифини давлати Тоҷикистон кўшиш намуда истодаанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд. Имрўз мусибати ба сари мардуми мо омада барои онҳо мояи хурсандӣ гардидааст. Амалҳои ғайриинсонии ин тоифа аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мухолифони давлати Тоҷикистон нестанд, балки душманони ашаддии миллату давлати тоҷик ҳастанд. Барои онҳо арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ кайҳо дарки вуҷуд надоранд, чунки виҷдону имону муҳаббату садоқату вафои хешро нисбат ба Ватану миллати худ кайҳо қурбони хоҷаҳои зархариди хориҷӣ кардаанд.
Аз ҳама пасттарин аз ин тоифа бо дурўғу фитнаангезӣ ва ваҳмафканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошанд, яъне фурсатро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода бурда, фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварамонро нодида мегиранд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинии худ дар зеҳну шуури мардуми осудаҳол мехоҳанд ақидаҳои бадбиниро бунёд созанд. Аз дасисабозиҳои онҳо бармеояд, ки гўё Ҳукумати кишвар барои паҳншавии бемории сироятии коронавирус гунаҳкор аст ва танҳо мардуми тоҷик гирифтори он гарида бошанд. Дар ҳоле, ки шумораи гирифторшудагони ин беморӣ бар миқёси ҷаҳон беш аз 7 миллион нафар гардидааст ва ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд.
Ҳанўз чандин садсола муқаддам падари маъниҳо – Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил гуфта буд:
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад.
Воқеан ҳам, чунин аст ва ҳар боре ашхоси гурезаи ватангумкарда дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гумонашон «Аз дарду доғҳои аҳли ҷомеа сухан мегўянд», бинобар беасосию бебунёдии даъвоҳояшон худро дар назди мардуми Тоҷикистон расвотар месозанд.
Дар асл, ин суханрониҳо, ки гоҳҳо бо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳои набавӣ, гуфтаҳои бузургон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иқтибосҳо оро дода мешаванд, аз беасосию бебунёдӣ, фиреби маҳзу туҳмати хушку холӣ будани матни чунин суханрониҳо шаҳодат медиҳад ва қадру қимати онҳоро ба хоки сиёҳ баробар намекунад. Ин тоифа роҳгумкардагон ва бадхоҳони давлату миллат тавре амал менамоянд, ки хислату рафторашон собитгари «Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон, Бошад андар ҷустани айби касон» аст.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тоифа доир ба ҳама мавзўъ изҳори андеша мекунанд. Аз мадди назари онҳо на танҳо масоили рўзгори сокинони мамлакат, балки зиндагию фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии дар дигар давлатҳо қарордошта ҳам берун намемонад. Доир ба вазъи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ – маориф ва илм, тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ, варзишу сайёҳӣ, саноату кишоварзӣ, нақлиёту алоқа ва ғайра сухан ронда истода, гуфтори онҳо ҳамеша бо сиёҳ кардани роҳбарони болоии ҳокимият хулоса мешавад. Бо ибораи дигар, мақсади асосии ин қавми хоину ватанфурўш бо кадом роҳу восита ва тариқе набошад, нодида гирифтани пешравию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бадном сохтани давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резонидани обрўю эътибори халқи тоҷик ва Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Барои танҳо дар фикри худ будан ва рўйсиёҳии онҳоро исбот намудан танҳо додани ҳамин як саволи кўтоҳ басанда аст: «Шумо ҳангоми дар Ватан қарор доштану дар сари кор будан барои халқу Ватани худ чӣ хизмат кардаед?». Агар аҳли ҷомеа аз ин гурўҳи сиёҳтинату сиёҳкор хайру хубӣ медид, ҳаргиз аз онҳо рўй намегардонд.
Бо назардошти паҳншавии бемории коронавирус ва дар пеш истодани маъракаи муҳими сиёсӣ, имрўзҳо ин тоифаи рўйсиёҳ бозори дурўғу фитнаро боз намуда, мехоҳанд бо ҳар роҳу усул аҳли ҷомеаро ба кўи гумроҳӣ баранд. Шукрона, ҳоло солҳои 90-уми асри гузашта нест ва хурду бузурги Тоҷикистон қадру манзалати сулҳу ваҳдати миллиро хуб дарк намудаанд. Мардуми мо, ҳеч гоҳ, дигар хатову иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунад. Кўшишу ғайрат ва талошу заҳмати дастҷамъонаамон ҳатман моро комёб, ояндаи дурахшонамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю обод табдил медиҳад. Аммо хоинону ватанфурўшони гуреза рўсиёҳи абад буданду мемонанд, киштии умеду орзуҳои ботилу нопоки онҳо ҳатман дар гирдоби ҳодиса ғарқ мешавад ва роҳи бад онҳоро ба вартаи ҳалокату гумномӣ хоҳад бурд.
Миллати сарбаланди мо ҳамчун миллати фарҳангсолору соҳибтамаддун гўши панду андарзшунав дорад, фармудаву гуфтаҳои қобили қабулро хуш мепазирад ва дар ҳалли муаммову мушкилот машварату маслиҳатро муҳим меҳисобад. Барои исботи ин гуфтаҳо метавон садҳо мисол овард. Дур намеравем ва ҳамин паҳншавии бемории коронавирусро пеши назар меорем. Дар бисёр давлатҳои мутараққиву пешрафтаи дунё ҳукуматдорон ҳатто бо расман эълон намудани карантин, ҷорӣ кардани қоидаҳои сахту ҷаримабандӣ натавонистанд тамоми шаҳрвандонро дар ҳолати хонанишинӣ нигоҳ доранд. Вале сокинони кишвари мо бе эълони карантину андешидани чораҳои иловагии интизомӣ, бо дарки масъулияти баланд дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат ва табибонро қабул намуда, хонашинӣ ва ҳифзи саломатии худ ва атрофиёнро авло донистанд.
Пешвои муаззами миллат доимо таъкид менамоянд, ки «Мо бояд кўшиш намоем, ки бо амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондўстӣ, ҷавонмардӣ, саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кумаки худро аз дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез кунем, накукориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рўзгори босаодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем. Зеро инсонҳо танҳо бо кумаки якдигар саодатманд шуда метавонанд. Агар мо рўзгори хешро бо инсондўстӣ, хайрхоҳӣ ва дилнавозӣ пеш барем, зиндагиамон боз ҳам беҳтар шуда, сатҳи маънавиёту фарҳанги аҳли ҷомеа баланд меравад ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модарон, бузургсолон ва миёни одамон боз ҳам устувор мегардад».
Ваҳдати миллии мо ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор равона гардидааст ва мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки мушкилоту хатарҳои муосир амнияту оромию осоиштагии Ватани азизамонро парешон намояд. Мо итминони комил дорем, ки пирўзиҳои мардуми шарифу сарбаланду ваҳдатофари тоҷик бо талошҳои Роҳбари сулҳофарину мардумсолору адолатпешаи мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеонаи он дар арсаи мубориза бо ин падидаи номатлуб абадӣ ва ҷовидона мебошанд.
Дар ростои таҷлили ҷашни бузурги миллатамон Рўзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни фирўз табрик намуда, гуфтанӣ ҳастем, ки тоҷику тоҷикистонӣ будан, ба миллати соҳибтамаддуну қадимаи тоҷик тааллуқ доштан мояи ифтихор аст ва ҳамзамон, аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти бузургро талаб дорад. Бинобар ин, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таърихиву фарҳангии хеш ва ифтихори баланди ватандорӣ мо бояд на танхо худ бо шинохти масъулият бошем, балки ин ҳақиқати равшанро ба насли ҷавон низ биомўзонем, инчунин, мо бо бояд тамоми донишу таҷриба, инчунин, неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро баҳри ободии Ватани маҳбуб, сарзамини аҷдодӣ, таъмини зиндагии шоиста сафарбар намоем, чунки паёми сулҳу ваҳдату дўстии Пешвои миллатамон ба ниҳоди поки дилҳо ва ҷонҳои мардуми тоҷик макон дорад, ки саршори сафои сулҳу дўстӣ ва бародариву хайрхоҳӣ мебошад ва баҳри рушду нумуъи Тоҷикистони азиз равона гардидааст.



Сафарзода Бахтовар Амиралӣ,
Назирӣ Гулбаҳор Назир,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин