Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ОМИЛҲОИ ВАҲДАТЗО

ОМИЛҲОИ ВАҲДАТЗО
Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни шукуҳманди ваҳдати миллӣ қарор дорад.
Имзои созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон дар пойтахти Россия шаҳри Маскав, ки ба таърихи 27-уми июни соли 1997 ёд мешавад, дар радифи бузургтарин ходисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор гирифтааст. Таърихи инсоният шояд кам андар кам ёд дорад, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зудӣ поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ ба ҳам оянд.
Маҳз бо талошу кўшишҳои пайгирона, ҷасорати шахсӣ ва рухияи қавӣ, сулҳхоҳӣ ва сиёсати дурандешу хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, вазъи сиёсиро дар кишвар ва минтақа таѓйир диҳем ва ваҳдати миллиро ба миён орем.
Баробари ба даст овардани Ваҳдат дар кишвари мо мунтазам марҳилаи нав оѓоз ёфт. Ин марҳила оѓози дигаргуншавии вазъи ҷомеа ва ибтидои тасмимҳои созанда баҳри пешрафт буд. Нобоварӣ ва мухолифат қадам ба қадам аз байн бардошта ва ниҳоят замони ҳамкории дастҷамъона баҳри ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизми моро таъмин месозад, баҳри кор ва зиндагии осоишта барои ҳар як узви ҷомеа шароит муҳаё мекунад, ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки таи беш аз бист соли охир дар кишвари мо ба миён омадаанд, ҳамааш самараи Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Имрўз моро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида фазои ороми сиёсии кишварро нигоҳ дорем ва баҳри дўстиву ягонагӣ ва ризоияти ҷомеа кўшиш намоем. Ин масъулият на камтар аз имзошавии истиқрори сулҳ буда, пешорўи ҳар фарди огоҳу ватандўсти ин марзу бум меистад.
Зарур мешуморам, ки андешаҳои худро вобаста ба чанд омиле, ки дар таҳкими ваҳдату ризоияти ҷомеа мусоидат менамояд, иброз намоям. Ин омилҳо чанд самт доранд, ки дар умум ба манфиати миллат хоҳад буд.
Ба андешаи банда муҳимтарин омили таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустии шаҳрвандони мамлакат аст. Маҳз шаҳрванди ватандўсту худшинос татбиқкунандаи ѓояҳои бузурги давлатдории миллӣ шуда метавонад. Ватандўстиву худшиносӣ падидаҳое мебошанд, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои рўҳиву равонии фард дар ҷомеа буда, дараҷаи шинохти мақом ва нақши таърихиву сиёсии миллат ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ аст. Ин падидаҳо ба ташаккули ифтихору ѓурури созандагии миллӣ фардро водор менамояд. Сатҳ ва дараҷаи он бештар аз дониш, ақл, зеҳн ва хирад вобаста аст. Ташаккули тафаккури ватандўстона заминаи устувории давлатдории миллӣ низ маҳсуб мегардад.
Дар шароити давлатдории миллӣ фарди ватандуст бо афкору андешаи ватандустона ба арзишҳои миллӣ чун ба арзишҳои олӣ эҳтиром дошта, нисбат ба сарнавишт ва манфиатҳои миллати худ дилсўз ва ҳассос мебошад. Чунин шахсият ба забони миллӣ, фарҳанги миллӣ, таърихи миллат, анъанаҳои неки миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ, генофонди миллат, тақдири имрузу ояндаи миллат эҳтирому самимият дошта, ҳамеша аз манфиатҳои ватан ва миллат ҳимоят менамояд.
Чунин шахс манфиатҳои умумии ҷумҳурӣ ва миллиро аз манфиатҳои гуруҳию маҳаллӣ ва қавмӣ муҳимтар ва авлотар дониста, ҳамеша дар эҳтирому нигоҳдошти ваҳдат масъулият дорад.
Омили дигари таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ рушди фарҳанги сиёсӣ ба шумор меравад. Рушди фарҳанги сиёсӣ ба рафтори сиёсии одамон, фаъолияти созмонҳои мухталиф ва аз ҷониби онҳо эҳсос намудани воқеаҳои дохилӣ ва берунии сиёсӣ, баҳо додан ба низоми сиёсӣ, инчунин аз тарафи худи шахс муайян намудани ҷой ва мавқеаш дар ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад. Таърихи давлатдории бисёре аз кишварҳои олам исбот намудааст, ки фарҳангу маърифати баланди сиёсӣ баҳри ояндабинии сиёсӣ ва хулосабарории сиёсӣ заминаи боэътимод шуда метавонад ва барои аҳли ҷомеа ҳушёрии сиёсиро ба бор меорад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид бар он менамояд, ки «ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем». Эътироф бояд кард, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ бо сабаби нокифоягии фарҳанги сиёсӣ ва бетарафии рушанфикрон ба вуқўъ пайваст.
Як омили муҳим дар таҳкими ваҳдат тақвият бахшидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва бо камоли қатъият ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунгузории кишвар аст. Зимнан таъкид бояд намуд, ки бе маърифати баланди ҳуқуқи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ бунёд сохтан аз имкон берун аст. Волоияти қонун новобаста аз ҳамаи дигар омилҳо бояд риоя шавад ва адолати судӣ таъмин гардад, ки ин имконият медиҳад шаҳрвандон эътимод пайдо кунанд ва ба ояндаи худ дар доираи қонун талош варзанд.Масъалаи касбият, профессионализм дар ҳама сатҳи корбарӣ омили пешрафти ҷомеа буда тавассути он адолати иҷтимоӣ пиёда мегардад.
Имрўз низоми ҳуқуқии кишвари мо мукаммал буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар меҳвари он қарор дорад. Тамоми субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ зимни таҳияи ҳар лоиҳаи қонун манфиатҳои мардумро кўшиш мекунанд, дар мадди аввал гузоранд.
Ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки аз қонунгузории мамлакат ҳарчи бештару беҳтар огоҳ буда, зиндагию фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи он амалӣ намояд. Таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвар дар асоси Конститутсия дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайяну мушаххас гардидааст.
Дар ин радиф пешгирӣ кардан ва тамоман аз байн бардоштани иллатҳои умдаи руз ва падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ аз қабили ифротгароиву терроризм ва ҷудоиандозиву маҳалгароӣ, ки дар ниҳояти кор парокандагии миллат мегардад, омили муҳим ба шумор меравад.
Муборизаи беамон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб ва таассуби пурхатар қарзи имониву виҷдонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳамаи мост.
Баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат ва баробару ҳамқадам гардонидани кишвар ба сафи кишварҳои пешрафта омили муҳимтарини таҳкимбахшандаи ваҳдати миллист. Зеро баробари рушди иқтисодӣ шароиту имкониятҳои зиндагӣ ва сатҳи некўаҳволии аҳолӣ баланд гардида, б-ад ин васила масоилу мушкилоти иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо менамоянд. Мавриди зикр аст, ки давлату ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳанўз аз солҳои нахустини роҳбариаш ҳадафҳои стратегии давлатро мушаххас намуда, барои рушди иқтисодии мамлакат тадбирҳои беназирро роҳандозӣ намудаанд. Дар марҳалаи сифатан нав дар амри эҳёи иқтисоди мамлакат, ки аз соли 2000-ум, давраи таъмини пурраи суботи сиёсиву иҷтимоӣ оѓоз мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар тўли ин солҳо иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намудааст. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблаѓҳои дохилӣ ва ҳам бо инвеститсияҳои хориҷӣ бунёд гаштаанд ва иловатан даҳҳо ҳазор ҳамватанон бо кор таъмин шудаанд.
Фақат рўйдодҳои фараҳбахштарини солҳои 2018 - 2019-ум ба истифода додани ду агрегати Нерўгоҳи барқии обии Роѓун- ро ёдовар шудан кофист, то бароямон аён бигардад, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон чӣ ҷаҳиши бузурге рух намудааст ва ин ҷаҳиши бузург чӣ имкониятҳои пешрафту тараққиро барои ҷумҳурии мо боз мекунад!
Имрўзҳо мамлакати мо ба шарофати ваҳдати миллӣ, суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, дар панҷсолаи охир ҳафтае нест, ки изҳори ҳамкорӣ ва маблаѓгузорӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаи хидматрасонӣ аз ҷониби хориҷиён садо надиҳад.
Ин дастоварди миллати тоҷикро, ки бо бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад. Ин гуфтаҳоро мо бо далелҳои боэътимод метавонем собит созем ва аз он ифтихор намоем.
Чунончӣ Бонки умумиҷахонӣ соли 2014 рейтинги давлатхое, ки барои рушди тичорат заминаи устувор мегузоранд, нашр намуд, Точикистон дар катори 10 давлати аввали дунё ҷой гирифтааст.
Тибқи арзёбии сомонаи маъруфи интернетии сайёҳии «Globe Spots» -Тоҷикистон ба 10-гонаи макони беҳтарини сафар дар соли 2015 шомил гардид.
Бонки байналмиллалии асъор (2016) Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ислоҳотгар тавсиф намудааст. Ба андешаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳукумат барои рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муҳим ва пайиҳам андешида, инфрасохтори замонавӣ фароҳам меоварад.
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал 19 январи соли 2018 дар як нишасте дар шаҳри Ню Йорк, аз ташаббусҳои роҳбарияти Тоҷикистон ситоиш кардааст, ки тавонист дар муддати 15 сол фақру камбизоатӣ дар байни мардумро ба таври чашмгир кам кунад. Ў гуфтааст, дар як даҳсолаи ахир кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисоди пешрафти зиёд доштанд ва Тоҷикистонро мисол овардааст, ки
сатҳи камбизоатиро дар ин кишвар ба шиддат коҳиш додаанд.
Таъмини суръати баланд ва сифати пешрафти иқтисоди миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, ки дар стратегияву барномаҳои давлатӣ мушаххас гардидаанд.
Баробари амали намудани ин ҳадафҳо сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди мамлакат тавсеа хоҳад ёфт ва ваҳдати миллӣ низ пойбарҷову устувор хоҳад гардид.
Масъалаҳои зикршударо фақат бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва сиёсати хирадмандонаи давлатӣ, туфайли ҷидду ҷаҳди аҳлонаи иттиҳодияҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои мардуми ва гуруҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, инчунин тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал кардан мумкин аст. Таҳкими ваҳдати миллӣ аз ин рў таъмини истиқлолияту устуворӣ ва якпорчагии Тоҷикистон аз ҷумла бо ҳамин масъалаҳо низ вобастагӣ дорад.

Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода
доктори илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар МНМОҶТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин