Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ЯКҶОЯ БОШЕМ!

БИЁ, ЭЙ ҲАМВАТАН, ЯКҶОЯ БОШЕМ!
Имрўзҳо дар саросари ҷаҳон оид ба гирифторӣ ба бемории “коронавирус” хабару гузориш, мақолаву нигоришҳои зиёд паҳн гардидаанд. Назари тамоми воситаҳои ахбори омма, чи маҳалливу чи рақамӣ, чи давлативу чи ғайридавлатӣ ба гирифторӣ, паҳншавию тадбирҳои пешгирӣ аз он нигаронида шуда, ба таъбире “аз ҳар сар садое” бархест. Ва ин сару садоҳо низ фарқи инсонҳои некбину некназару некниҳоду аксуламали онҳо – бадтинатону бадандешонро муаррифӣ намуд... Албатта, аз рўзи эҳтимоли паҳншавии сартосарии тамоми сайёра – пандемия эълон намудани гирифтории бемории “коронавирус” аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) беш аз ду моҳ паси сар шуду ҳар як давлату ҳукумат, бахусус, кормандони бахши тиббӣ ҳадди имкон ба ин пешомади ногузир омодагӣ диданд. Бо вуҷуди ин, ҳатто абарқудратон ё худ кишварҳое, ки худро узви “ҷаҳони аввал” мешуморанду дар мавриди муносибатҳои иқтисодӣ “тақдири кураи Замин”-ро ҳал мекунанд, назди он оҷиз монданд, ки далелаш теъдоди гирифтории бемории коронавирус ва фавт аз он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – давлати аз ҷиҳати иқтисодиву ҳарбӣ, рушди илму техника пешрафтатарин, ба гуфтае, дар ин хусус “якум”-и ҷаҳон аст. Агар ин рўйхатро идома бахшем, метавонем саҳифаҳои зиёд илова намоем....
Вале манзур ин ҷой онҳо чӣ карданду аҳолиашон чӣ кард ё гуфт нест, балки манзур дигар аст. Гап сари масъалаи мо, сокинони Тоҷикистон аст. Мо дар ин рўзҳои вазнини Ватан чӣ кардему чӣ сару садое дорем? Коронавирус моро ба кадом ҳол овардаву баҳри раҳоӣ аз чанголи он фарзандони ин сарзамини кўҳанбунёд чӣ тадбире меандешанд?..
Чун дар боло ишора рафт, имрўз тамоми воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти давлатҳову ҳукуматҳо, табибону аҳолӣ сухан меронанд. Дар тамоми сайтҳои иҷтимоӣ низ ҳар фард нуқтаи назари хеш баён медорад. Манзур аз ин изҳори назар низ ҳамин андешаҳои мардум, чи хабарнигорони касбиву чи табибон, чи сиёсатмадорон ва чи одамоне, ки на ба гурўҳи аввал (хабарнигорони касбӣ) ва на ба гурўҳи дуюм (табибону сиёсатмадорон) шомиланд.
Гурўҳе ба он назаранд, ки ин беморӣ ба зудӣ кишвари моро тарк хоҳад гуфт. Ба ҳайси далел кўшишҳои ҳамҷояи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, табибони ҳозиқ, аҳли ҷомеа ва расидани ёриҳои башардўстона дар намуди ҳар гуна дорувориву маводи антисептикӣ, ташкили беморхонаҳои муваққатӣ баҳри мубориза бо сироятёбии одамон, бо карантин фарогирии нафарони осебпазир ва монанди ин амалҳои некро, ки таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардида истодааст, мисол меоранд. Ин гурўҳи одамони некназар, инчунин, табиати биҳиштосои Ватан, фарорасии фасли гармо ва пухта расидани меваҳои табиии шаҳдбор, нурҳои офтоби тобонро, ки ҳама боиси баланд гардидани масуният (иммунитет) ва билохира ғолибияти организм ба ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла коронавирус, мегардад, далели зуд раҳоёбӣ аз гирифтории коронаврус медонанд.
Гурўҳи дигар тариқи воситаҳои ахбори омма, бештар шабакаҳои иҷтимоии тарғибгари андешаҳои иртиҷоӣ (Ахбор.ком, Паём.нет, Ислоҳ.нет, Кимиёи саодат, Восток.нюз, Озодандешон ва монанди инҳо) аз ин бадбахтии ба сари мардуми сайёра расида мисли лошахўрони аз дуриҳои дур тўъмадида табли шодӣ мезананд, мутаассифона, донистаю надониста ба Давлату Ҳукумат тўҳмат мекунанд, шаъну эътибори кормандони тиббиро поймол месозанду ба иззати нафси онҳо мерасанд...
Бехабар аз мақсадҳои нопоки ин афроди ношуду нокас, мардуми оддӣ, ки имрўз дар тамоми гўшаи олам ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, ин тўҳмату бўҳтонҳоро мехонанд ва чуноне ки мегўянд: “нуқтаи назари ҳар кас ба қадри фаҳмиши ўст”, ибрози назар месозанд, баъзан қисмати осебпазиру ноогаҳ аз ғаразу мақсадҳои нопок фирефтаву моил мегарданд. Мақсади асосии Кабирӣ – ҷуғзи палиди шумхабар ва ҳаммаслаконаш низ фирефта сохтани ин гурўҳи осебпазиру ноогаҳ дар шинохти онҳост, то тинҷиву амонии ин кишвари аз бўҳрони ҷанги шаҳрвандӣ нав раҳоиёфтаро халалдор созанду мардумони онро мутеъ ва фармонбари хоҷагони хориҷияшон бинанд. Барои Кабирӣ, Варқӣ, Саидюнуси Истравшанӣ (садқаи номи ин мавзеи мардумонаш бовиқору сарбаланд гардӣ ту кўрнамак!!!) мафҳуми “соҳибистиқлолии миллат” вуҷуд надорад. Онҳо аз рўи мақоли “Гўр сўзаду дег ҷўшад” амал карда, пули бо мақсадҳои ғаразнок барояшон ҷудосохтаи хоҷагонашонро “оши тан” сохтаниянд, зеро чун саги устухонгирифта содиқанду аз хоҷагонашон барои ҳар амали нопоки зидди ватани аҷдодӣ анҷомдода устухончае мукофот мегиранд, думликконон онро мехоянду аз паси мукофоти дигар мешаванд ва барои ин тамоми воситаҳои маъмулу номаъмулро истифода мебаранд. Билохира, онҳо беватананд, барояшон муқаддасоте нест ба ҷузъ худашону манфиатҳои шахсияшон манфиати касеву чизе даркор нест. Беномусона хешро “гурезаи сиёсӣ” хондаву аз аҷнабиён сарпаноҳ ва пуштибонӣ хостаанд, бозичаи дасти хоҷагони хориҷиашонанд. Бо амри хоҷагон ба ҳар рўсияҳӣ қодиранд. Дар даврони ба сари миллат омадани бадбахтии навбатӣ дар симои “коронавирус” низ ин селаи ҷуғзҳо бо супориши хоҷагонашон аз ҳар камбудиву норасоии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва соҳаи тандурустии он ҷор меандозанд, шаъну эътибори Ватану ҳаммиллатонро назди оламиён паст заданӣ мешаванд, бехабар аз онанд, ки “ибрози назар”-ашон ба кадом лаҳну забоне интишор наёбад, ба ғайр аз худу ҳамватанонашон ба касе аҳмияту дахл надорад ё дошта бошад ҳам, фақат бо мақсадҳои ғаразнок бар зидди ин миллат истифода хоҳад ёфт, ба гуфтае барои душманонамон ҷосус ҳам лозим нест, зеро инчунин фарзандони нохалаф беш аз садҳо ҷосус сирри моро фош месозанду ҷойи осебпазирро (“панҷаи ахиллесӣ”-ро) ба душманон нишон медиҳанд. Ин мардуми аҳримансират фақат ба ҳамин қодиранд ва душмани ашаддии миллатанд.
Ман, чун як фарди Ватани маҳбуб, ба тамоми ҳамватанон муроҷиат намуда, мегўям: ай ҳамватан, эй он ки дар ватанӣ ё муваққатан дар хориҷи он қарор дорӣ, эй он ки дар чӣ гуна шароити душвори иқтисодӣ қарор дорӣ ё надорӣ (шукрона), ҳар фарде, ки имрўз аз пандемияи коронавирус ҳангомае, таҳлукае месозаду ба дили мардумон тарсу ҳарос, ясъу ноумедӣ меандозад, душмани меҳану инсоният аст. Ба ин одамсуратони аҳримансират гўш наандозед. “Тарс – нимаи беморӣ, таҳаммулу оромӣ – нимаи солимӣ, сабру тоқат – нимаи солимгардӣ”, – гуфтааст Синои бузург, ки бобокалони тамоми табибони олам эътироф гардидааст.
Биёед, атрофи Сарвари Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъ оем, аз як гиребон сар барорему барои пойдории миллат ба ҳам оем. Коронавирус низ мисли вирусҳои дигар дер ё зуд паси сар хоҳад шуд. Он зуд аз байн хоҳад рафт, агар мо ба ҳам оему ба сафсатаҳои ҳазрагўён бовар накунем, ҳар фард қадри имкон барои рафъи беморӣ кўмак намоем (ақалан бо риояи қоидаҳои беҳдошти гигиенаи шахсӣ, тавсияҳои табибон ва талабот оиди худмуҳофизат).
Мардуми сайёра дар таърихаш борҳо ба бемориҳои сироятии сартосарӣ ё бо таъбире “пандемия” дучор омадаву бо тадбире аз он раҳоӣ ёфтааст. Вале таърих гувоҳ аст, фақат сарҷамъӣ миллатҳоро, давлату давлатҳоро абарқудрат сохтаву парокандагӣ боиси маҳви давлат ва мутеият ба аҷнабиён гаштааст. Мутаассифона, омўзиши таърихи гузаштаи миллати тоҷик далели андешаи болоӣ аст.
Биё, эй ҳамватан, атрофи Сарвари Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардему якҷоя коронавирусро ғолиб оем, то баъди пандемия низ то абад дар харитаи дунё давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад!
Амирҷон АНВАРЗОДА,
Раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин