Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

ВАҲДАТРО НИГАҲБОН БОШЕМ

ВАҲДАТРО НИГАҲБОН БОШЕМ


ВАҲДАТРО НИГАҲБОН БОШЕМРӯзи ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва тақдирсозе мебошад, ки аҳамият ва мақому манзалати он бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегардад ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти пурқимат ҳидояту роҳнамоӣ мекунад. Бист сол муқаддам баъди музокироти бисёр тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат, тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқи тоҷик аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.
Таъкид намудан лозим аст, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои таҳкими қонун ва низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, муҳайё сохтани ҳаёти орому осудаи мардум шароити мусоид фароҳам овард. Баррасӣ ва қабул шудани санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби парлумони кишвар дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ далели равшани он аст, ки мақомоти ҷумҳурӣ бо риояи асли конститутсионии сохтори давлатдорӣ, яъне бунёди давлати ҳуқуқӣ ва дунявию демократӣ қадамҳои қотеъ ва устувор мегузорад.
ВАҲДАТРО НИГАҲБОН БОШЕММардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ аз суботу оромие, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост, шукргузорӣ намуда, ҳамасола ҷашни ваҳдати миллиро бо шукуҳу арҷгузорӣ таҷлил менамоянд ва бо бо меҳнати ҳалолу бобаракат дастовардҳои кишварро афзун мегардонанд. Қайд кардан лозим аст, ки Рўзи Ваҳдати миллӣ ба таври саросарӣ ҳар сол дар ягон шаҳру ноҳия ҷашн гирифта мешавад. Имсол бошад, 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри ҳамноми Ваҳдат таҷлил мегардад. Зимнан, ба хотири истиқболи сазовори иди Ваҳдат ташкилоту корхонаҳо, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ бо меҳнати пурмаҳсулу бобаракат армуѓонҳои шоиста омода месозанд. Иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.
Ҳамаи ин самараи сулҳу субот ва оромии вазъи сиёсию иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи наҷоти миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он водор намуд, ки мардуми Тоҷикистонро аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он халос намуда, дар назди худ вазифа гузошт, ки бо кадом мушкилоте, ки набошад, имзои Созишномаи сулҳро қадам ба қадам наздик биёрад.
Пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт низоъи миллӣ бартараф карда шуда, дар ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллӣ ба имзо расонда шуд.
Моҳияти таърихии санади мазкур, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҷавҳари асосии ин бозёфти миллиро майлу хоҳиш ва иродаву ормони мардуми сулҳхоҳи тоҷик ташкил медиҳад.
Ба ибораи дигар ва ба таъкиди Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад.
Аз баракати ваҳдат боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба худ шукӯҳу шаҳомати тоза касб намуданд. Қариб як миллион фирориёни иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми Ватан баргашта, осмони меҳани азизро софу беғубор дарёфтанд ва рӯзгори худро дар як муддати кӯтоҳ барқарор намуданд. Созишномаи сулҳи моро Созмони милали муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта, барои дигар кишварҳо ва минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намунае барои татбиқ кардан тавсия дод.
Созишномае, ки ҷонибҳо ба таърихи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расонданд баъдан ҳамчун ғояи роҳнамои миллӣ барои муайян намудани самтҳои асосии ташаккул ва рушди давлатдории навинамон мусоидат намуд. Раванди мусолиматомези ҳалли масъалаҳои печидаи тарафҳо имкон дод, ки бо ворид намудани намояндагони мухолифин ба сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, ба ҷузвутомҳои низомии ҳукуматӣ шомил гаштани гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин ва таѓйирот ба системаи интихоботии мамлакат роҳи ваҳдати миллиро ба маротиб ҳамвор сохт.
Аммо таҳаввулотҳои баъдина нишон дод, ки дар кори давлатдорӣ ҳушёрии сиёсиро набояд аз мадди назар дур кард. Мо дар ҳаёт шоҳид гаштем, ки баъзе аҳзоби сиёсӣ чун ҳизби мамнуъи наҳзати ислом, бархе аз масъулини воломақоми низомӣ ба мисли генерали хиёнаткор А. Назаров дар умқи дилашон мақсадҳои ѓаразнок доранд ва метавонанд як андоза авзои сиёсию иҷтимоиро ноором созанд. Лекин онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми тоҷик як маротиба пешпо хўрдаанд ва дигарбора намегузоранд, ки зиндагии осоиштаашонро дубора талх созанд. Онҳо сулҳу суботи ба қимати ҷон ба даст овардаашонро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ мекунанд.
Ваҳдати миллии тоҷикон ҳамчун василаи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон бо заҳмату машаққати зиёд ва гузашта аз ин, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Имрӯз бо номи ваҳдат коху толорҳо, шаҳру деҳот ва хиёбону кӯчаҳо номгузорӣ шуда, моҳияти ваҳдати миллии тоҷикон дар офаридаҳои зиёди адибону фарҳангиёни муосири кишвар васф мегардад.
Тоҷикон таърихан миллати фарҳангӣ ва халқи сулҳпарвару сулҳовар ва ташаббускор мебошад. Беҳуда нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд. Бо ибтикори Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўзи мо ҷаҳонӣ шуд, бо пешниҳоди Роҳбари давлати мо Созмони милал се маротиба проблемаи оби тозаро ба маърази ҷаҳонӣ бардошт.
Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи бист соли баъди имзои Созишномаи сулҳ паймудааст, ба садсолаҳо баробар аст. Бинобар ин зарур аст, ки моҳияти ин сабақи таърихӣ ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.
Зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир барои пешрафти устувори кишвари мо, қабл аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимн таъкид менамоянд, ки «мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем».
Ба андешаи ман ҳар кадом шахсиятҳои сиёсӣ, аҳзоби сиёсии кишвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро лозим аст, ки ҳангоми арзёбӣ ва инъикоси масъалаҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва суботи сиёсиву оромии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон хеле эҳтиёткору бомулоҳиза бошанд. Масъалаи мазкурро мо ҳомиёни қонун ҳини мулоқоту дидор бо марду, вақти баррасии парвандаҳо ҳатман таъкид менамоем. Ҳар як фарди бонангу номус ва солимфикру огоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу Ватани азизи мо хизмат намояд.
Ҳар як фарди ҷомеа, хурду бузурги Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз рукнҳои асосии давлатдории мо маҳсуб меёбанд. Маҳз онҳо заминае мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Бинобар ин вазифаи муқаддаси мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Замоне, ки ҳамаи мо пойбанди қонун бошем, танҳо дар ҳамон сурат ин давлат ободу пойдору осуда рушду тараққӣ менамояд. Барои ин мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем.

Парвина РАҶАБЗОДА, судяи Суди Олии иқтисодии
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин