Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар толори хурди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори Шўрои вилояти Суғдии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони "Роҳи пешрафт" бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" доир гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ котиб-ҳамоҳангсози Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдуҳаким Шарифов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷўразода оид ба дурнамои рушди устувории кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро бомаврид арзёбӣ намуда, аз мавзеъҳои таърихии кишвар ёдовар гардид.
Дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Муҳиддин Файзуллоев дар мавзўи "Ҳунарҳои мардумӣ ифодагари мақсаду мароми халқ ва сарчашмаи некуаҳволии мардум" маърўза намуд. Ҳозирин ҳамчунин маърўзаи дотсенти кафедраи ҷуғрофияи табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Дилором Саидоваро дар бораи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мароқи том шуниданд. Баъдан иштирокчиёни "Сўҳбати мизи мудаввар" Парвиз Ҷабборзода-котиб-ҳамоҳангсози Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ҳафиза Ҷалилова мудири кафедраи санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Нозанин Каримова донишҷўӣ факултаи геоэкология, Миршакар Ҷўраев-донишҷўи факултаи санъати тасвирӣ, Саноат Раҳимова-магистранти факултаи геоэкология ва дигарон аз рўи масъалаҳои "Инъикоси масъалаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Паёми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, "Иншоотҳои сайёҳии Тоҷикистон", "Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди сайёҳӣ", "Нақши муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар амалигардонии ҳадафҳои "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", "Нақш ва мақоми факултаи геоэкология дар масири рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" фикру мулоҳизаронӣ намуданд.
Иштирокчиёни "Сўҳбати мизи мудаввар" дар ҷамъбаст ба хулосаи ягона омаданд, ки соли 2018 эълон шудани "Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ" айни муддао буда, дар ҳолати самарнок гузаронидани ин сол метавон бо ҷалби сармоя ба инфрасохторҳои сайёҳӣ на танҳо даромади моливии хуб гирифт, балки кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ хуб муаррифӣ намуда, дар боло рафтани обрўву эътибори он саҳми арзанда гузошт.
М.МАҚСУДОВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин