Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛАТ

ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛАТ
Таҷлили ҳамасолаи Рўзи Ваҳдати миллӣ шаҳодати он аст, ки дар кишвар сулҳу амният пойдору устувор мебошад. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад. Ин ҳақиқат 23 сол боз собит гардида, минбаъд низ истеҳком меёбад.
Ҳамин тавр, ҳамеша боварӣ, эътимод ва муҳаббати мардум ба Пешвои миллат меафзояд. Дар баробари ин, ҳама ва рушди тамоми соҳаҳо, ободонии кишвари маҳбуб, ки бисёр чашмрасу боиси ифтихори ҳар тоҷикистонист. Президенти мамлакат ҳамеша таъкид мекунанд, то аз таърих сабақ бигирем. Мурод аз он шинохти ҳодисаҳои фоҷиабори миллат ва такрор накардани хатоҳоест, то истиқлолият, давлати миллӣ, ваҳдату якпорчагӣ аз байн наравад.
Таърихи миллат, воқеан, аз ин гуна сабақҳо зиёд дорад, ки омўзандаанд. Дар оғози солҳои асри рафта душманони миллат ва арзу буми кишвар тамоми саъю кўшишашонро бар он равона сохтанд, давлате бо номи Тоҷикистон барои умре дар харитаи ҷаҳон ҷой надошта бошад. Аммо абармардони ин миллати мутамаддин, ҷонфидоёни он нақшаҳои тахрибкоронаашонро барбод доданд. Ин ҳодисоти фоҷиабор пушти cap шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гашт. Агар душманони хориҷӣ ва дохилии мо дар он пирўз мешуданд, тасаввурнопазир буд, ки оқибати давлати тоҷикон ба чӣ меанҷомид ва давлату кишварашонро киҳо соҳиб мегардиданд. Дар ҷанги шаҳрвандии охири солҳои бистуму аввали сиюм аз ислом сўистифода кардан хостанд. Миллати тоҷик пас аз пирўзӣ дар он андак қомати худро рост карда буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ cap шуд. Ба ҳимояи Ватани умумӣ ҷавонмардони кишвар бархостанд ва сина сипар карданд, то фашизми гитлерӣ на танҳо бар мо, балки ба тамоми дунё мусаллат нагардад. Қурбониён дар ин ҷанг низ зиёд буданд.
Соли 1991 истиқлолият ба даст овардем, аммо он дар оғоз қариб ки аз даст мерафт. Душманони хориҷӣ ва баъзе аз гумроҳону ҷоҳилону фурўхташудагон ё худ хоинони Ватан, ки бар осиёбашон об мерехтанд, бори дигар хостанд, то мо соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти воқеӣ набошем. Барномаҳо дар хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ шуда буданд ва дар пайи иҷрояшон гардиданд. Ин бор оташи ҷангеро афрўхтанд, ки хомўш намудани он аз имкону тасаввур дур буд. Душманон дар ду сангар ҳаммиллатонро гузоштанд. Ин барномаи озмудашуда дар дигар кишварҳо мутмаин месохт, ки ҷанги шаҳрвандӣ, куштори ҳаммиллатон ҳеҷ ба поён намерасад. Дар ин сурат миллат ва давлат барои ҳамешагӣ маҳв мегардад. Хатар рўшан буд, аз ин рў, эҳсосу даркаш аксар рўшанфикрони асилро ба осонӣ даст медод, аммо кореро ба анҷом расонда наметавонистанд. Чаро? Чунки дар пеши қудрати силоҳ аҷзи худро дарёфта буданд. Ба ҷуз ин, роҳбари шоиставу хирадманду ҷонфидо, ки ҳастияшро барои пойдории миллату давлат ва хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ фидо бикунад, надоштанд. Ин ҷанг ва хатарҳои бузург имтиҳоне маҳсуб мешуд, ки ҳақу ботил дуруст шинохта шавад ва дар маърифату интихоби сарвари асил ба хатоӣ дигар роҳ дода нашавад. Хушбахтона, миллат ин бор ғалат накард. Қариб сӣ сол аст, ки дурустии ин шинохт ва интихоб собит мегардад. Кӣ дар он рўзгори даҳшатбору фоҷиабор зимоми давлату давлатдорӣ ва мардумро ба зимма мегирифт? Ҳар кас дар андешаи худ, ҷони худ ва аҳли хонадони худ буд. Ба ҷуз ин, ҳеҷ бовар надоштанд, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда метавонанд.
Бояд зикр гардад, ки дар он даврон Шўрои Олӣ ягона сохторе ба шумор мерафт, ки дар миёни мардум нуфузашро нигоҳ медошт ва барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, ба низом даровардани вазъи сиёсии мамлакат саъю кўшиш ба харҷ медоду тадбирҳои заруриро дар доираи салоҳияташ меандешиду амалӣ менамуд. Мо намояндагони халқ бори ин масъулиятро бар дўши вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳавзаи интихоботии № 172 гузоштем. Мо - ҳама танҳо ба ў бовар доштем, зере эҳсосу дарк намуда будем, ки аз иҷрои ин рисолату масъулияти таърихӣ фақат ў баромада метавонад. Пазируфтани сарварии давлат дар он рўзгор, яъне охири моҳҳои соли 1992 - юм, ки маълум набуд фарҷомаш чӣ мешавад, худ қаҳрамонӣ буд. Албатта, ин он маъноро надошт, ки мо - вакилон дар паҳлуи ў набошем. Не, ҳаргиз чунин набуд. Вале ҷасорату мардонагӣ, муҳаббату садоқати ў моро водор месохт, ки бо роҳнамоияш тамоми тадбирҳоро амалӣ намоем. Ба он синну соли ҷавон Худованд хирадро ёраш гардонда буд. Ба ин хотир, ба иқдомоте рў меовард, ки натиҷаи некашро баъдҳову баъдҳо дармеёфтанд. Он чӣ мегуфту бар забонаш ҷорӣ мегардид, тасаввурнопазир маҳсуб мешуд. Вале замон собит месохт, ки ояндаро дидаву дуруст шинохтааст. Бо ёдоварӣ аз он рўзгори фоҷиабор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор дошта: «Ҳамчун Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам. Ва бо такя ба аҳлу заковати халқамон, ки ворисони миллати хирадманди тоҷик мебошанд, савганд ёд кардам, ки то вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛАТ
Имрўз мебинему шоҳид мешавем ва меболему ин шукрро ба ҷо меорем, ки дар ҳақиқат, дар ҳар хона ва ҳар оила сулҳ барқарор мебошад. Инчунин, Ватани азизамон ба шукуфоӣ бар асари саъю кўшиши зиёд ва талошҳои хастагинопазири Сарвари давлат ноил гардидааст.
Воқеан, Пешвои миллат барои расидан ба ин нияти муқаддас борҳову борҳо ҷони худро дар хатар гузошт. Душманони миллату ин сарзамин чун ба иҷрои ғаразҳои бадашон ноил гашата натавонистанд, хостанд, ки ҷисман маҳваш бисозанд. Ба бахти миллати азияткашидаи мо Худованд нигоҳаш дошт. Тавре изҳор дошта буд, мо ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқро шоҳид гардидем.
Ваҳдати миллӣ, дар радифи истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарину муқаддастарин дороии мардуми мо ба ҳисоб меравад, ба мисли Ватан, ба мисли модар. Гуфтан душвор аст, ки агар ваҳдати миллӣ таъмин намешуд, Тоҷикистони ҷангзада ба чӣ рўзе гирифтор мебуд, миллатамон чӣ ҳолу аҳволе медошт. Ваҳдати миллӣ омили суботу осоиш дар ҳама давлати миллӣ, гарави пешрафту шукуфойии онҳо ба шумор меравад. Муваффақиятҳое, ки кишвари мо зимни солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст, гувоҳи равшани гуфтаҳои болоанд. Хулласи гап, дар давлатдорӣ мо роҳеро интихоб кардаем, ки имрўз тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо ин самт равонаанд. Он роҳи интихобу пешрафти озодона, муросову мадоро, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун барои кулли аъзои ҷомеа мебошад.
Имрўз худшиносию худогоҳӣ, таҳкими эҳсосоти миллатдўстию ватандўстӣ шиори ҳамагонист ва дар самтҳои мазкур муваффақиятҳо кам нестанд. Вале набояд хотирҷамъ буд. Шумо рўйдодҳои имрўзаи дунёро мушоҳида кунед, аксуламали иддае аз ҷавонони моро ба ҳодисаҳои мазкур бубинед. Маълум мешавад, ки кори мо бо ҷомеаамон ҳанўз тамом нашудааст. Ҳанўз ҳам касоне бисёранд, ки мафкураву ҷаҳонбиниашон аз тафаккуру тасаввури асрҳои миёна болотар нарафтаасту сатҳи камолоти сиёсиву маънавии аҳли ҷомеа ба он дараҷае нест, ки аз он хотирҷамъ бошем. Махсусан, ҷавонони аз 20 то 30-солаи мо, гарчанде аксар бо технологияи муосир, бо компютеру интернет муомила доранд, аз лиҳози маънавию сиёсӣ баъзан заъфиятҳои ҳайратоваре ба зуҳур меоваранд.
Ҷаҳоне, ки мову шумо дар он зиндагӣ дорем, имрўз ба як деги ҷўшоне шабоҳат дорад. Ҷангҳо, мухолифату муноқишаҳое дар ҷараёнанд, ки муддатҳои мадид халқу миллатҳоро дар маърази хатар ва фоҷиаю нобудӣ, фалокату бадбахтиҳо қарор дода, ҳаёти осуда, рифоҳу рушд ва саодату хушбахтиро барои онон дастнорас сохтаанд. Аврупоро канор бигузорем, дар олами ислом домани нооромиҳои мазкур аз Филиппину Малайзия дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ кашида, то ба Афғонистону Покистон дар Осиёи Ҷанубӣ, аз Сурияву Ироқ, Яману Ливӣ дар Шарқи Наздик гирифта, то ба Судону Сомали дар қораи Африқоро фаро гирифтааст. Мушкил чист? Мушкил он аст, ки як тоифа хешро аз тоифаи дигар мусулмонтар, як гурўҳи муслимин саҳмашро дар давлатдорӣ назар ба гурўҳи дигар ноодилонатар мебинаду ҳамин чиз рафта-рафта ба пайдоиши ихтилофу ноамнӣ мунҷар мешавад.
Ҳолатҳои мазкур моро водор месозанд, ки ба таълиму тарбияи ҷавононамон диққати боз ҳам бештар диҳем. Эҳсосоти худшиносию ватандўстии онҳоро тавассути донишу маърифат додан тақвият бубахшем, ваҳдатамонро, ки дастоварди беназири миллат аст, давоми асрҳо устувору пойбарҷо нигоҳ бидорем. Ваҳдат омили бақои миллату давлат ва суботи ҷомеа, заминаи пешрафти сарзамини ҷоноҷонамон ва гарави осудаҳолии ҳар як фарди ин куҳандиёр мебошад.
Бо шукргузорӣ аз заҳмату ҷонисорҳои Пешвои миллат ва шодмонӣ ҳамасола 27 июн чун Рўзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Дар баробари ин, ҳама бояд ба қадри истиқлолият, ваҳдат, сулҳ бирасем ва ҳеҷ гоҳ фаромўш накунем, ки андак ғафлат, беэътиборӣ, носипосӣ, қадрношиносӣ ба дастовардҳои беназирамон халал ворид месозад. Ба таъкиди Сарвари давлат зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Инчунин, огоҳ бошем, ки ҳанўз ҳам душманони ин миллату давлат дар камин нишастаанд ва дастовардҳои мо, аз ҷумла ваҳдату истиқлолият ва осоиштагию сулҳамон барояшон хушоянд нест. Аз ин рў, мо, махсусан ҷавононамон, ба иғвову дасисаҳо, ваъдаҳои дурўғини душманону хоинон фирефта нашавем. Бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки душманон аз ҳар нуқтаи заъфи мо мехоҳанд истифода баранд ва ин неъматҳоро аз дастамон бирабоянд. Моро мебояд, ки дар атрофи Пешвои миллатамон бо боварӣ ва эътимоди комил ҷамъ бошем. Танҳо дар ин сурат ҳамаи нақшаҳои муғризонаи душману хоинонро барҳам зада ва сулҳу ваҳдатамонро пойдортар карда метавонем.
Ғайбулло АВЗАЛОВ,
Раиси Шўрои кўҳансолони
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва
эҳёи Тоҷикистон, собиқ вакили мардумӣ аз ҳавзаи интихоботии №171
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин