Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ВАҲДАТИ МО- САОДАТИ МО

Ваҳдати мо- саодати мо

Мо дар арафаи ҷашни бошукуҳ, 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қарор дорем. Воқеае,ки дар ҳаёти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва бо моҳияти худ барои давлату ҷомеаи тоҷикон на камтар аз истиқлолият мақому мартаба дорад.
Аҳамияти бузурги ваҳдати миллиро дар бақовқ рушди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон Пешвои миллатамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанду ҳифзу таҳкими пайвастаи ин дастоварди беназири миллат аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти давлатамон зимни солҳои истиқлолият ба шумор меравад.
Ин ҷойгоҳу мақоми арзишманди ваҳдати миллӣ дар чӣ зоҳир мешавад? Дар суботу оромии ҷомеа, дар пешрафту тараққии давлат. Он боэътимодтарин заминаи рушд барои ҳама гуна давлати миллист. Маҳз ваҳдати миллӣ тоҷиконро дар асри 1Х, баъд аз истилои арабҳо ба таъсиси давлатдории миллӣ раҳнамоӣ кард. Ба туфайли ҳамин ваҳдату сарҷамъӣ давлати таъсисдодаи Сомониён муддати 100 соли мавҷудият рушд карда, ба яке аз сарзаминҳои пешрафта ва ободу шукуфони минтақа табдил ёфт ва ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик замина гузошта шуд. Дар асрҳои минбаъда низ тоҷикон, бо вуҷуде аз давлатдории миллӣ маҳрум буданд, бар пояи ваҳдату ягонагӣ тавонистанд забон ва фарҳанги қадимаи хешро нигаҳ дошта, онро ба дараҷаи баланди тараққиёт бирасонанд,,адабиёти ҷаҳоншумулеро ба вуҷуд биоваранд, муқобили ҳамлаҳои харобкоронаи истилогарони хориҷӣ қаҳрамонона муқовимат кунанд, ба ободонии шаҳру деҳаҳои сукунаташон ва пешрафтҳои бесобиқаи иқтисодӣ муваффақ шаванд.
Ҳамин омил боис шуд, ки тоҷикон соли 1924 соҳиби воҳиди ҷудогонаи маъмурӣ дар ҳайати давлати сермиллати Иттиҳоди Шўравӣ гардиданд. Тоҷикистон он вақт, гарчанде баъзе нишонаҳои давлати алоҳидаро дошт, вале бо вуҷуди он, аз истиқлоли воқеӣ дур буд ва фақат ҷузъе аз империя, ҷузъе аз як давлати бузурги федеративӣ маҳсуб мешуд. Барои ҳамин, табиист, ки ҷиҳати ташаккули ваҳдати миллӣ шароити кофӣ фароҳам наомад. Ҳарчанд сарзамини мо муддати 70 соли Ҳокимияти Шуравӣ хеле пеш рафт, иқтисодиёти ҳозиразамон ба вуҷуд омад, фарҳанги миллӣ рушд кард, вале робитаҳои нақлиётӣ, иқтисодию хоҷагии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ заифу ноустувор буданд.
Ана, ҳамин нокифоягии равобит, илова бар он, ки минтақаҳо ҳар як таърихан муддати асрҳо ё дар ҳайати давлатҳои ҷудогона, ё чун мулкҳои мустақилу ниммустақил вуҷуд доштанд, омили давраҳои тўлонӣ рафъ нагардидани зуҳуроти маҳалгароӣ, эҳсосоти бегонагию нобоварӣ миёни намояндагони маҳалҳои мухталиф ва ба қадри лозим ташаккул наёфтани ваҳдати миллиамон буд, ки дар ибтидои солҳои 90-ум, баъди истиқлолият ёфтани Тоҷикистон оқибат боиси сар задани гирдиҳамоиҳою ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар ин ҷо, албатта, омилҳои дигар, аз қабили паст будани фарҳангу маърифати сиёсӣ, сатҳи нокифояи донишу ҷаҳонбиниро ҳам набояд фаромўш кард, ки қувваҳои манфиатхоҳи хориҷӣ аз ҳамаи онҳо моҳирона истифода карда тавонистанд. Дар натиҷа намояндагони як миллат барои ҷоҳу қудрат муқобили ҳамдигар сангар гирифтанд, ҳазорҳо одам барҳадар қурбон шуданд, Тоҷикистон, кишваре, ки аз истиқлолаш ҳанўз ду сол ҳам нагузашта буд, дар вартаи нобудию парокандагӣ қарор гирифт.
Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, роҳи наҷотро барои кишвар ва мардуми азияткашидаи он кушод. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосия Раиси Шурои Олӣ интихоб гардида буданд, аз ин минбари баланд изҳор намуданд, ки роҳи ояндаи кишвар сулҳу оштӣ, бозгашти, гурезагон, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Вохўрии нахустини намояндагон Ҳукумати мамлакат ва иттиҳоди мухолифин ҷиҳати амалӣ гардондани иқдоми мазкур 5 апрели соли 1994 сурат гирифт. Ҳамин тавр, то 27 июни соли 1997, рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳафт даври музокирот 21 вохўрии тарафҳо баргузор гардидааст ва панҷ вохўрии ҳалкунанда бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Дар ниҳояти кор бо қатъияту фидокориҳо, ҷавонмардӣ, ҷасорату шуҷоатмандиҳои Сарвари давлаташон тоҷикон ба ҷанги қариб панҷсолаи дохилӣ хотима бахшиданд, сулҳу салоҳ карданд, ваҳдати аз байнрафтаи миллиро дигарбора оѓоз бахшиданд. Оре, оѓоз, чун ваҳдат раванди доманадорест, ки танҳо бо имзои санадеву иҷрои шартҳои он амалӣ намешаванд. Он дигаргуниву такомул дар сиёсату иқтисодиёти давлат, дар иҷтимоиёту маънавиёт, дар мафкураҳои одамонро мехоҳад, ки барои ба ин мақсадҳо расидан халқҳову кишварҳоро муддати даҳсолаҳою садсолаҳоро тай кардан пеш меояд.
Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти ин амри муқаддас ва таъкиди аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷомеаи мо 27 июнро ҷашни сартосарӣ, Рўзи Ваҳдати миллӣ эълон карданд. Ва акнун 20 сол мешавад, ки халқу ҷомеаи мо дар роҳи ваҳдат пеш мераванд ва тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро зина-зина таҳким бахшида, ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегарданд.
Дастовардҳое, ки давлати мо дар ин муддат ба онҳо муваффақ гардид, беназиранд ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳам фарҳангу маънавиётро дар бар гирифта, дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ заминаҳои устувореро ба вуҷуд овардаанд.
Дар ҷодаи сиёсат метавон гуфт, ки пеш аз ҳама, худи асоси давлатдории мо, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, моделест, ки ба таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа равона гардидааст. Бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки имрўз ҷомеаи мо бо роҳи мазкур пеш меравад, дар таҳкими ваҳдати миллӣ шароитҳои сазоворе фароҳам овардааст ва меоварад. Мо роҳеро интихоб кардем, ки имрўз тамоми давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо ин роҳ равонаанд. Он роҳи интихобу пешрафти озооана, муросову мадоро, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун барои кулли аъзои ҷомеа мебошад.
Тақсими давлат ба се шохаи мустақили ҳокимият- қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба ҳамин мақсад хизмат мекунад. Озодии фаъолияти сиёсӣ, амали озодонаи ҳизбу равияҳои мухталифи сиёсӣ, иштироки онҳо дар интихоботи шаффоф, озодии баёни фикру ақида, воситаҳои ахбори озод, озодии диндорӣ ва иҷрои муқаррароти динӣ аз ҷониби пайравони ҳамаи динҳо ба ҳамин мақсадҳо нигаронда шудаанд ва дар ҷодаи таҳкими ваҳдати миллӣ пойдевори боэътимодеро ба вуҷуд овардаанд.
Дар ҷодаи таъмини ваҳдати миллӣ метавон боз фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳамчунин, Шўрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ном бурд, ки ин ниҳодҳо бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои созишномаи сулҳ созмон ёфта мақсадашон дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ муттаҳид сохтани тамоми қувваҳои ҷомеа ва ҳизбу равияҳои сиёсӣ мебошад.
ВАҲДАТИ МО- САОДАТИ МОДар соҳаи иқтисодиёт корҳое амалӣ шудаанд ва шуда истодаанд, ки дар ҳаёти миллати мо дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоваранд. Тавассути татбиқи лоиҳахои нақлиётӣ имрўз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба василаи роҳхои оҳан ва мошингард бо ҳам васл мешаванд. Аллакай дар кишвар бозори ягонаи иқтисодию хоҷагӣ ба вуҷуд омадааст, ки робитаи одамон, вобастагии онҳоро аз ҳамдигар зиёд мекунад. Ҳар рўз мебинем, ки дар ин ё он гўшаи кшвар корхонаҳои саноатӣ, иншооти гуногун бунёд мегарданд. Ба рушди баробари минтақаҳо таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Аз ҳамаи инҳо ваҳдати миллиамон қуввати бештар мегирад, мардум бо ҳам зичтару наздиктар мешаванд.
Ҳамин тавр, дар ҷодаи маънавиёт ҳам ҷомеаи мо назар ба давраҳои пешинаи таърихи миллат хеле пеш рафтааст. Имрўз худшиносию худогоҳӣ, таҳкими эҳсоси миллатдўстию ватандўстӣ шиори ҳамагонист ва дар ин самтҳо хеле пешравиҳо ба назар мерасанд. Давлат манфиатдор аст, ки мардуми мо таъриху фарҳанги хешро донанду амиқтар биомўзанд, зеро инҳо роҳҳои аз ҳама беҳтари таҳкими ваҳдати миллӣ мебошанд.
Хулласи гап, мо ба 20-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ дар шароите наздик мешавем, ки ваҳдату ягонагии мардумамон дар атрофи ҳадафҳои олии роҳбарияти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватан ва зиндагии ободу осудаи шаҳрвандон торафт зичтар гардида, фардои шукуфони сарзаминамон аллакай аз ҳамин наздикиҳо ба дилу дидаҳо шодиву нишот меоварад.

Фарҳод Абдуллозода,
судяи суди шаҳри Ваҳдат.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин