Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

МУРОСОВУ СОЗИШ - АСОСИ ВАҲДАТ

МУРОСОВУ СОЗИШ - АСОСИ ВАҲДАТ

Дар ҷараёни сафарҳои кории худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон барои рушду тараққиёти ВМКБ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои созандаи сокинони сарбаланди Бадахшон ин диёри домони гардун ба таври назаррас обод шуда сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст.
Тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷетӣ аз ҷумла лоиҳаи сармоягузории давлатӣ корҳои зиёди ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят анҷом дода шуданд. Қисми зиёди ин маблағҳо ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо ва дастгирии буҷети вилоят равона гардидааст.
Бо мақсади тарбияи истеъдодҳои ҷавони вилоят барои кўдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ мактаби Президентӣ, дар ноҳияи Рўшон мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат сохта ба истифода дода шуд. Дар тўли солҳои истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустии вилоят низ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор гирифт. Беморхонаи касалиҳои дил беморхонаи вилоятии бемориҳои сил дар шаҳри Хоруғ ва таваллудхонаи вилоятӣ сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин беморхонаи ноҳияи Роштқалъа, маркази саломатии ноҳияи Ванҷ ва бинои раёсати назорати давлатии фаъолиятии формацевтии вилоят бунёд гардиданд. Дар ҳафтод соли шуравӣ роҳбарони онвақта мегуфтанд, ки Бадахшон куҳистон ҳасту дар он ҷо хонаҳои баландошёна сохтан мумкин нест ва ҳамагӣ 4-то хонаи 4 ошёна сохтанду халос.
Хусусан ш.Хоруғ, ки маркази вилоят ба ҳисоб мерафт аз деҳот фарқияте надошт, чунки дар солҳои шўравӣ ҳеҷ кадом аз роҳбарони аввали на ҷумҳурӣ ва на Иттиҳоди Шўравӣ ба ин диёри қуллаҳои баланд ташриф наоварда буданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дода, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ вохўрӣ ва суҳбатҳои самимӣ анҷом дода, дар ҳалли мушкилоти мардум бевосита кўмак расондааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳар сол аз буҷаи мамлакат барои ободии вилоят миллионҳо сомонӣ ихтисос дода мешавад. Натиҷа ҳамин ҳаст, ки солона садҳо иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ сохта ва ба истифода дода мешавад.
Ободию осудагии кишвари азизи мо асосан аз вақти ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз ёфтааст, ки аз вақти имзои он 20 сол сипарӣ шуд. То соли 1997 Тоҷикистон гирифтори нобасомониҳо буд. Дар ин фосила миллати тамаддунофари тоҷик дар ҳамдастӣ бо дигар халқу миллатҳои кишвар 27-уми июнро ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ бо армуғони шоиста ҷашн мегиранд.
Умуман ҷашни 20 -солагии Ваҳдат барои сокинони вилоят боз аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки дар шаҳри Хоруғ хонаҳои истиқоматии 9 -ошёна сохта ба истифода дода шуданд. Барои сокинони вилоят ҷашни ваҳдату истиқлолият бори дигар собит намуд, ки дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, Тоҷикистони азизро ободу зебо ва зиндагонии мардумро шоиста мегардонанд. Ин мақсад дар сухан, амал ва рафтору муносибати бошандагони вилоят хуб эҳсос мешавад.
Моҳи майи соли 1993 бо супориши роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, амалӣ гардондани қарорҳои сессияи XVI- таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргардондани гурезаҳо ба ҷойҳои муқимии зисташон баҳри муттаҳидии ҷавонони Тоҷикистон дар атрофи роҳбарияти давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳи ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон моҳи майи соли 1993 бо роҳбарии сардори шуъбаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рўшон дар ба шаҳри Душанбе омаданд.
Соли 1993 дар ҷумҳурӣ вазъият ноором буд, ҷанги шаҳрвандӣ, нобасомонӣ, беадолатӣ ҳукмфармо буд, яроқ дар дасти гурўҳҳои ҷинояткори муташаккил зиёд буд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1993 баҳри мустаҳкам кардани сохти конститутсионии давлат мубориза бурда, барои ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ бисёр корҳои муҳимро ба анҷом расонданд. Дар ин самт қарорҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пешгирӣ кардани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, эълони оташбас байни гурўҳҳои мухолифин ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ин ҷода пеш аз ҳама такя ба ҷавонон бояд карда мешуд. Ба ин мақсад дар байни роҳбарон гурўҳҳои мухолифин ва гурўҳҳои силоҳбадасти Бадахшон вохўриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Рўзҳои авали моҳи май муаллифи ин сатрҳо дар театри ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо зиёда аз 200 нафар ҷавонону қумандонҳои силоҳбадасти Бадахшон вохўрӣ гузаронда, онҳоро бовар кунонд, ки баъзе кумондонони силоҳбадасти Бадахшонро барои вохурӣ бо роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ бурда, кафолати бехатарии онҳоро ба гардан мегирад. Дар ин вохўрӣ Шоҳзода Мамадасламов, Алишо Аёмбеков, Абдураҳмон (Алёша), Паллаев Маҷнун, Муҳаббатов Саламшо, Шоҳбой, Нурамон, Наврўз, Х. Холбашев, Алимардон (халифа), Иматшо Қаноатов, Худоназар Нағзибеков, Имомназар Имомназаров, Рам (аз Хоруғи боло), Холиқ (аз Ванҷ), Мубориз Авазшоев ва дигар қумондонҳои саҳроӣ иштирок доштанд.
Дар вохўрӣ ва мубоҳисаҳо, саволу ҷавоби зиёд буд, бисёриҳо муқобили рафтани командирони саҳроӣ ба Душанбе буданд, зеро ба кафолати бехатарии онҳо боварӣ надоштанд, баъзеҳо умуман тарафдори гуфтушунид набуданд, вазъият чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар сарҳад бо Афғонистон хеле ноором буд.
Барои кафолати амнияти ин гурўҳи ҷавонон дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якчанд маротиба инҷониб бо вазири кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Зуҳуров ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1993-юм суҳбати телефонӣ доштам. Онҳо таъйид мекарданд, ки кафолати бехатарии онҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ пурра ба ўҳда мегирад ва бо супориши роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон барои вохўрӣ самолёти –Як-40-ро фиристоданд.
Гурўҳи ҷавонон дар шаҳри Душанбе бо Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Зуҳуров, бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1993 Ё.Салимов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1993 М.Убайдуллоев, бо якчанд гурўҳҳои ҷавонони ш.Душанбе бо Раиси ҷамъияти ўзбекони шаҳри Душанбе Қурбонов ,бо раиси ноҳияи Турсунзода Ибод Бойматов.якчанд вохўриҳо гузаронданд.
Дар вохўриҳо масъалаи асосӣ азхотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, эълон кардани оташбас, супурдани силоҳи ғайриқонунӣ ба давлат, баргардондани гурезаҳо ба ҷойҳои зисти доимиашон, бардоштани посгоҳҳои ғайриқонунии силоҳбадастон дар роҳҳои мошингарди Хоруғ- Душанбе, барқарор кардани кўпрўки мошингарди Дашти Шери ноҳияи Дарвоз, бурдани маводи хўрока ва орд аз Душанбе ба Бадахшон ва ғайра иборат буд.
Гурўҳи ҷавонон дар шаҳри Душанбе бо муовини Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1993 Қ.Қоимдодов, собиқ роҳбари вилоят Ғ.Шабозов, ходимони сиёсию давлатӣ М.Назаршоев, Ш.Шабдолов, С.Бекназаров, А.Сулаймонбеков вохўриҳо гузаронданд.
Кўмаки сарварони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ гардонидани сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашмрас буд. Онҳо ба Президенти мамлакат ва Ватани азиз садоқати бепоён нишон медоданд.
Барои ман дар соли 1993 чунин вохўриҳоро гузарондан айни муддао буд, чунки ман аз соли 1992 дар вилояти собиқ Кўлоб қариб 5 сол дар раёсати амният кору зиндагӣ кардаам. Ҳамаи роҳбарони вилояту шаҳр, мақомоти қудратӣ, командирҳои саҳроиро аз наздик мешинохтам, бо бисёриҳо дар масъалаҳои амниятӣ, тинҷӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, низомӣ ҳамкорӣ доштам. Таҷрибаи корӣ ва дастгирии роҳбарияти ҷумҳурӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ имконият дод, ки ҳарчи тезтар ба муваффақиятҳои оташбас, сулҳ ва оштии миллӣ муваффақ шавем.
Бисёр кормандони КДАМ ба Ватан содиқ монда, дар ҳимояи сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷони худро нисор намуданд. Номи неки онҳо ҳама вақт ҷовидон боқӣ мемонад.

Фаромуз ИМОМБЕРДИЕВ,
машваратчии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники мустафъӣ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин