Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

НАСЛИ НАВРО КӢ БОЯД БА РОҲИ ДУРУСТ ҲИДОЯТ КУНАД?

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси Шўрои куҳансолони Шўрои вилояти Суғдии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов гузашту дар он аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят раисони Шўрои куҳансолон, ҳамчунин аъзои Шўрои вилоятии куҳансолон ширкат доштанд, нахуст мулоқоти гарму самимӣ ва сарироҳии муовини якуми Раиси Шўрои вилоятӣ Мавҷуда Бобоева баргузор шуд.
Мавсуф роҷеъ ба вазъи корбарӣ дар Шўрои вилоятӣ ва Шўроҳои маҳаллии Ҳаракат ҳарф зада гуфт, ки "бо интихоби Шумо ба вазифаи раиси Шўрои куҳансолон мо умедвор ва боварӣ дорем, ки фаъолияти Шўроҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷоннок мегардад. Зеро,ҳар яки Шумо дар гузашта худ роҳбар ва вазифаҳои муҳиму пурмасъули давлатӣ кору фаъолият доштед".
Қобилҷон Усмонов бошад, аз ҷараёни эҳёи фаъолияти Шўрои куҳансолон дар Шўрои маҳаллӣ ҳарф зада гуфт, ки имрўз дар 18 шаҳру ноҳияи вилоят Шўрои куҳансолон ба фаъолият оғоз кардааст. Аммо, дар 6 шаҳру ноҳия ин вазифа чун муштарак ба зиммаи раисони Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ё ноҳия вогузор шудааст.
-Бисёр хуб мебуд, дар Шўроҳои шаҳриву ноҳиявии Ҳаракат рўйхати шахсиятҳои ба халқу давлат хизматкарда ва барўманд таҳия шавад,-изҳор дошт, Қобилҷон Усмонов,- имрўз мутаассифона, бисёр аз нафароне, ки ба ҷамъият хизмат кардаанду дар нафақа бошанд ҳам, ҳанўз бақувватанд ва метавонанд ба ҷомеа нафъи бисёр расонанд, аз назарҳо дур мондаанд. Ба андешаи ман ин тоифаро ба фаъолияти Шўрои куҳансолон ҷалб намудан ба манфиати кор мебуд. Зеро бо истифода аз таҷрибаи бои кору зиндагии хеш метавонанд, дар пешбурди кори Шўрои куҳансолон саҳми сазовор гиранд.
Раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов зимни баромадаш изҳор дошт, ки "аз ҳамкории Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳо ва Шўрои шаҳриву ноҳиявии куҳансолони Ҳаракат қаноатманд аст. Фаъолияти ҳарду ташкилотро бештар ба тарбияи ҷавонон сафарбар бояд кард, ки солҳои охир хосатан ҷудошавии оилаҳои ҷавон, гумроҳ шудани онҳо ва содир намудани ҷиноят аз ҷониби эшон ҳамагонро сахт ба ташвиш гузоштааст"
-Тасаввур кунед, ки танҳо соли рафта дар вилоят 1 ҳазору 175 оила вайрон шудааст. Ба касофати ин ҷудошавиҳо зиёда аз 2000 бачагон зиндаятиманд, ки ба нангу номуси ватандорӣ ҳеҷ рост намеояд. Ана, мо бояд дар кадом самт кор кунем.
Ба андешаи собиқадори Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Шўрои вилоятии куҳансолони Ҳаракат Санавбар Нуруллоева ( шаҳриГулистон) "бояд аудаторияро дигар кард".
-Мо бояд бевосита ба маҳалҳои дурдаст, назди мардум равем, на ин ки доираи шунавандагони баромадҳоямон ҳар дафъа ҳамон духтуру муаллим бошанд,-гуфт ў.
Дигар аз аъзои Шўрои вилоятии куҳансолон, шоири узбекзабон Нуриддин Шариф (ноҳияи Б.Ғафуров) масъалаи дастрас намудани нафақаи пиронсолонро бевосита ба оилаҳояшон бардошт:
-Шўрои куҳансолони мо бигзор ба ин масъала дахолат кунад, ки айни ҳол шахси синнаш ба 90 расида ҳам, маҷбур аст, нафақаашро омада аз нуқтаҳои "Амонатбонк" гирад, ки дар ин синну сол барояшон сахт азоб аст.
Раиси Шўрои куҳансолони шаҳри Хуҷанд Хамроҳхон Отаева бошад, таклиф кард, ки мулоқоту вохўриҳояшон тавассути телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода шавад. Дар барномаҳои ток-шоуи телевизионӣ аъзои Шўрои куҳансолон ширкат намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро роҷеъ ба тарбияи ҷавонон гуфта бошанд :
-Телевизиони маҳаллии "СМ-1" ток-шоуи "Печутоби зиндагӣ" ном барнома дорад, ки шахсан ман омода ҳастам, дар он иштирок кунам,-гуфт ў,-барои чӣ як барномаи онро ба тарбияи насли ҷавони ҷомеа бахшида нашавад?!
Анварҷон Атаев, аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати вилоятӣ таклиф ба миён овард, ки барои ҷоннок кардани кори Шўрои куҳансолон корро бояд аз поён аз ташклотҳои ибтидоии Ҳаракат оғоз кард. Бинобар ин шуроҳои куҳансолонро дар маҳалҳо низ таъсис додан ба манфиати кор мебошад.
Ҳамин тариқ таи якуним соат кордидагон фикру мулоҳизаи худро баҳри пешбурди кори Шўрои куҳансолон ва дар маҷмўъ фаъолияти Шўрои вилоятиву маҳаллии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баён доштанд.
Камина зимни иштирок ба чунин хулоса омадам, ки ин зумра бо вуҷуди синни муборакашон ба ҷое расидан (баъзеҳо синнашон аз 80 гузаштааст) ҳанўз қувваю ғайраташон дар пешбурди кор дар ҷўш аст. Пас месазад, ки таҷрибаи бои кориву зиндагии эшонро самаранок истифода барем. Бо ин амал мо мақоли халқии "бо як тир ду нишон"-ро амалӣ месозем. Яъне, ки ҳам онҳоро истифода мебарему ҳам эшон аз эътибору таваҷҷўҳ нисбаташон мамнун мегарданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин