Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

БАҲРИ ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНИҲО ЧӢ БОЯД КАРД?

Соли ёздаҳум аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал мекунад. Бешубҳа, он дар ҳаёти иҷтимоии сокинони мамлакат таҳаввулоту дигаргунӣ ворид намуд. Ин санади муҳим, ки талаботаш риояи сарфаю сариштакорист, боиси баланд шудани фарҳанги маъракаороии ҳамватанон гардид.
Бо вуҷуди ба зиндагии сокинони мамлакат сабукӣ бахшидани қонуни мазкур ҳанўз ашхосе ёфт мешаванд, ки бинобар паст будани маърифати ҳуқуқӣ талаботи онро сарфи назар мекунанд. Ин нукта дар семинари омўзишӣ барои котибони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, ки 20 апрели соли равон дар толори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, таъкид гардид. Мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Одинашо Вализода зикр намуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 560 воҳиди корӣ таъсис шудааст. Раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон раиси комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим мебошанд. Мутаассифона, то ҳол баъзе комиссияҳои ҷамъиятӣ танҳо дар қоғаз вуҷуд дошта, аз фаъолияташон ҳисобот пешниҳод намекунанд. Аз ин рў, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мавзўи "Ҳуҷҷатнигорӣ - оинаи фаъолият" семинари омўзишӣ доир намояд. Намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Холиқзода ёдовар шуд, ки қонуни мазкур бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайи назарсанҷӣ қабул гардид. Ҳадаф аз он, қабл аз ҳама, роҳ надодан ба зоҳирпарастию худнамоӣ, пешгирии хароҷоти беҳуда, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Новобаста аз баргузории чорабиниҳои гуногун ҳанўз ҳам иддае аз ҳамватанон дар риояи талаботи он саҳлангорӣ мекунанд. Чунончӣ, сокини ноҳияи Вахш Н. А. бар хилофи моддаи 8-уми қонун 5 феврали соли равон зодрўзашро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Душанбе бо иштироки 15 нафар гузаронид. Сокини ноҳияи Шаҳритуз С. М. бошад, талаботи қисми 2 моддаи 10-ро сарфи назар карда, 8 феврали соли ҷорӣ фотиҳатўйи духтарашро бо иштироки зиёда аз 40 нафар баргузор намуд. Дар шаҳри Панҷакент нафаре 11 феврали соли равон ба ширкаткунандагони ҷанозаи падараш таом дода, пул тақсим кард.
- Аз ҳама ташвишовар вайрон кардани қисми 6 моддаи 10-и қонуни мазкур мебошад, - гуфт Усмоналӣ Холиқзода. - Дар аксар маврид тўйдорон ҳангоми ба идораи САҲШ рафтан зиёда аз чор мошини сабукрав киро намуда, дар роҳ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал эҷод мекунанд. Ин рафтор боиси ба миён омадани ҳолатҳои садамавӣ мегардад. Дар се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура барои нақзи қонун нисбат ба 72 нафар парвандаи интизомӣ ва нисбат ба 115 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода шуд.
Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Мирзозода зикр намуд, ки татбиқи қонун ба беҳтаршавии вазъи иқтисодии оилаҳо мусоидат карда, дар замири сокинони мамлакат фарҳанги сарфакориро парвариш медиҳад. Масалан, то қабули қонуни мазкур танҳо тўйи хатнасур се рўз давом мекард. Дар тўйи домодию арўсӣ низ аз "фотиҳатўй" сар карда, то "ордбезон"-у "рўйбинон" ва "равғанрезон" қариб як ҳафтаро сарф намудан лозим меомад. Ҳоло беҳуда гузаронидани вақт аз байн рафта, маъракаҳо камхарҷу камташвиш шудаанд. Тибқи ҳисоби мутахассисон, дар 11 соли амали қонун қариб 20 миллиард сомонӣ ба нафъи мардум сарфа шудааст. То соли 2007 дар мамлакат соле 45000 никоҳ ба қайд гирифта мешуд. Ду соли охир ин рақам солона бештар аз 81000 никоҳро ташкил дод. Яъне, то татбиқи қонун аксар оилаҳо бинобар серхарҷ будан тўйи фарзандонашонро ба таъхир меандохтанд. Амалишавии қонун хароҷоти таом додан дар тўйҳоро се маротиба кам намуд. Тибқи маълумоти оморӣ, пасандози сокинони мамлакат дар бонкҳо 20 - 25 фоиз зиёд шуд. Ин маънои онро дорад, ки татбиқи қонуни мазкур боиси сарфа шудани маблағи хонаводаҳо гардид.
- Бо шарофати қонун аз шаҳрвандоне, ки дар маъракаҳо барои фаъолият даромад мегирифтанд, пардохти андоз ба роҳ монда шуд, - гуфт Азизулло Мирзозода. - Чунончӣ, аз фаъолияти худ сарояндаҳо, ровиён, наворбардорон ва ғайра соле 25 миллион сомонӣ андоз месупоранд. Татбиқи қонун боиси ба миён омадани маъракаҳои хайриявӣ гардид. Масалан, соли 2007 дар ҷумҳурӣ ягон хатнасури хайриявӣ доир нашуда буд. Соли 2014 дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорон ва муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ 14087 хатнасури хайриявӣ гузаронида шуд.
Азизулло Мирзозода ёдовар шуд, ки тибқи тағйиру иловаҳои соли 2017 ба қонун воридгардида минбаъд хатнасур дар доираи оила гузаронида мешавад. Аз ин рў, соҳибкороне, ки нияти баргузории хатнасури хайриявиро доранд, метавонанд онро дар беморхона гузаронида, маблағи баргузории маъракаи хонаводагиро ба сардори оила диҳанд.
Аз рўйи маълумоти оморӣ, соли 2007 дар мамлакат 58426 тўйи домодию арўсӣ ба қайд гирифта шуд. Соли 2017 ин рақам 94232 ададро ташкил дод. Танҳо дар се моҳи соли равон дар мамлакат 24575 тўйи домодию арўсӣ ба қайд гирифта шуд.
- То қабули қонун маъракаҳо аксар бо забҳи чорвои калон доир мегашт, - гуфт Азизулло Мирзозода. - Баъди қабули қонун дар мамлакат зиёда аз 1,5 миллион маърака баргузор гардид, ки дар як қисми онҳо чорвои хурд забҳ намуданд ва дар қисми дигар аз бозор гўшт хариданд.
Мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Юнусзода Низомномаи намунавии комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро, ки 1 марти соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, шарҳ дод. Дар он омадааст, ки комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиши (қарори) роҳбари ташкилот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 7 нафар таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ роҳбари ташкилот мебошад. Ба ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ кормандони обрўманд ва таҷрибадори ташкилот ворид карда мешавад.
- Яке аз ваколатҳои комиссияи ҷамъиятӣ ташкили гўшаи танзими анъана ва ҷашну маросим ва дафтари сабти маъракаҳои кормандон мебошад, - гуфт Б. Юнусзода. - Бо мақсади ҳисоби оморӣ дар дафтари сабти маъракаҳои кормандон тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ қайд карда мешавад. Комиссияи ҷамъиятӣ ба кормандони ташкилот дар танзими ҷашну маросим ёрӣ мерасонад.
Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар нимсола ва солона ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд. Аз моҳи июни соли 2007 то се моҳи аввали соли равон 4298 ҳодисаи нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба қайд гирифта шудааст. Аксар касоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, дар ин ё он муассисаву ташкилот кор мекарданд. Аз ин ба хулоса омадан мумкин аст, ки агар дар иттиҳодияҳои меҳнатӣ таблиғи қонуни мазкур ва шарҳи онро дуруст ба роҳ монанд, қонуншиканиҳо пешгирӣ мешавад.



Сайфиддин СУННАТӢ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин