Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО НАҲЗАТИЁН РӮИ ДИДАНИ НАДОРАНД!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛИРО НАҲЗАТИЁН РӮИ ДИДАНИ НАДОРАНД!
Боиси ифтихору сарфарозӣ ва саодатмандии мо мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус сокинони ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров аст, ки дар замони тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар умр ба сар мебарем.
Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои навадуми асри гузашта қурбони сиёсатҳои разилонаи фарзандони нохалаф ва бадхоҳони миллат, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом (ҳозира бо ном Паймони миллии Тоҷикистон) гардида, дар натиҷа фазои кишварро алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Хушбахтона фарзанди ҷоннисор, сарсупурда ва ҳомии давлату миллат Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳодурона зимоми давлатдории навини миллиро ба ӯҳда гирифта, роҳи рушди устувор ва ояндаи босаодати давлату миллатро ба сӯи ояндаи ободу дурахшон мушаххасу муайян гардониданд. Маҳз бо кӯшишу талоши муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва хиради азалии мардуми шарафманди Тоҷикистон сулҳу субот дар Тоҷикистони маҳбуб ҷилвагар гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафти назаррас ба даст омада, хушбахтона имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳнамоии фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи санаи саодати миллат, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талош намуда истодаем.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда мутаассифона ҳоло байни мо ҳастанд нафароне, ки пешрафту субот, сулҳу ваҳдат, оромиву тинҷӣ ва осудагиву саодатмандии халқи шарифи моро нодида гирифта, нақшаи нооромии авзои ҷомеа, гумроҳ сохтани мардум ва ба сӯи яъсу ноумедӣ равона намудани ҷавононро тарҳрезӣ намуда истодаанд. Аз табори чунин хиёнатпешагону тангназарон аъзо ва пайравони ташкилотҳои экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, памони миллӣ, гуруҳи 24 ва дигарон маҳсуб меёбад.
Дар ҳақиқат ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Дар охир аз номи кулли ҷавонон изҳори итминон меварзам, ки дигарбора мо ҷавонони замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубро ҳеҷ як мафкураи бегона, ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бадхоҳону душманони миллати тоҷик мисли солҳои навадуми асри гузашта гумроҳ карда наметавонанд. Зеро имрӯз мо мардуми шарифи Тоҷикистон ва бахусус ҷавонони саодатмандро ба сӯи фардои ояндаи ободу дурахшон шахсе раҳбариву раҳнамоӣ мекунанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар симои Пешвои ҷавонпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон таманнои онро дорем, ки:
Дар лабони мардуми мо ханда бод,
Бахти мо, иқболи мо, поянда бод!
Ҳомии сулҳу саодатҳои мо,
Пешвои миллати мо, зинда бод!

МУДИРИ БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТОШБОЕВ ДИЛШОД ДАВРОНБОЕВИЧ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин