Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қобилияти таъмини оромию ҳаёти осоиштаро доранд,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои низомии ноҳияи Фирдавсӣ 
  • 09:40 – Мулоқот бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 
  • 15:01 – Иштирок дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 
  • 10:30 – ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТИББИИ ОҒОХОН ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ 

ҒАРҚИ ВАҲДАТ БОШ АГАР ОСУДА ХОҲӢ ЗИСТАН…

«Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, меҳру муҳаббатро ба миллат бедор намуда, масъулиятро барои ҳифзи Истиқлолият ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон, Ватани ягонаи мо, бештар мегардонад. Ин рӯз барои ҳар фарди бедордили миллат ҳамеша паёми сулҳу оштӣ, ҳамдигарбахшӣ ва таҳаммулу дӯстӣ хоҳад буд», иброз дошта буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Инак, 20 – сол мешавад, ки Ваҳдати тоҷикон побарҷост ва самарҳои неки худро ба бор меорад. Ҳар қадар солҳо аз сари мо мегузарад, мо ба қадру манзалати ин рӯзи саид бештар мерасем. Он рӯзҳои наҳсро ба ёд меоварем ва ба созмондиҳандагони ҷанги таҳмилӣ нафрат мефиристем ва ба ҳаёти осудаи имрӯзаамон шукргузорӣ менамоем. Агар аз як тараф ба ёд овардани он рӯзҳои сиёҳ ногувор бошад ҳам, лекин барои сабақи ҷавонон, ки он рӯзҳои шумро надидаанд, лозим ба ёдоварист. Он рӯзҳо касе ба касе бовар надошт, ҳамсоя дар симои ҳамсояааш қотили худро медид. Гарчанде дар байни мардум мақолест, «Ҳақи ҳамсоя ба ҳақи Худо баробар аст» мазмуну моҳияти худро гум карда буд.
Он ҷавонмардоне, ки дар таълимгоҳҳо зери шиори «Одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар аст» ба воя расида буданд ба ҳамдигар душману қотил гашта буданд. Касе аз касе дилпур набуд, боварӣ коста гашта буд. Мардуми оддӣ, ҳатто мансабдорон ба кӣ бовар кардан, аз кӣ ёрӣ пурсиданро намедонистанд, ҳокими давр камондорон буданд. Муайян кардани мавқеъ мушкил буд. Яъсу ноумедӣ ҳамаро руҳафтода карда буд.
Шахсе, табибе, сиёсатмадоре, пешвое, падаре лозим буд, ки дарди ҷумҳуриро малҳам бахшад. Ба қавле «оташро дар найистон хомӯш созад». Ба бахти миллати тоҷик офаридгор ба арсаи сиёсат, шахси оддию фурутану хоксор, ватандӯсту меҳнатдӯст, дил пур аз хайру бахшиш, ғарқаи раҳму шафқат, муросову мадоро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба майдони сиёсат овард. Омад, бо қадамҳои ҳайр омад, омад бо пайи қадами муборак омад, омад бо барори корҳо, некқадам омад. Қадамҳояш муборак бод!
Он рӯзҳо ҳамаи мардуми ватандӯст, инсондӯст, миллатдӯсти Тоҷикистон бесаброна интизор буданд, ки кай ҷанг, хусумат, бадбинии тарафҳо ба охир мерасида бошад? Кай сулҳу ваҳдат, амнияти мардум таъмин мешуда бошад? Ин орзую хоҳиш ва матлаби мардуми Тоҷикистони ҷангзада буд. Ман фикр мекунам, ки ин дардро бештар шоирону нависандагон эҳсос мекарданд, чунки дили нозуки пур аз меҳри Ватан доштанд.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ шодравон Ашӯр Сафар орзу мекард, ки дар дили мардум хурсандӣ меомада бошад, бори дигар тӯю, сӯр, базму тараб мешуда бошад?
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад.
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад.
Дар куштани фарзанд падар низ кашад теғ,
Дар байн суоле зи насаб мешуда бошад.
Кӣ кард ҷафо бешу кӣ овард бало пеш,
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад.
Бар ҷой ҳамин мамлакати сулҳ ҷудоям,
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад.
Илҳоми гурезанда садо дод зи дурӣ:
Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад.

Ана ҳамин яъсу ноумедӣ сабаб шуд, ки ифшогари байтҳои боло пеш аз муҳлат ноумед, хастадил, бо чашми гирён, интизори сулҳ ба ҳаёт падруд гуфт. Рӯзҳои неки орзу мекардаи худро надид.
Хушбахтона, 27 –июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо иштироки роҳбарони давлатҳои дӯсту миёнарав, созмонҳои байналмилалии хайрхоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» - ро ба имзо расониданд. Ман ҳамчун шоҳиди ин рӯзи хурсандӣ, ба ёд оварда метавонам, ки вақте Ҷаноби Олӣ аз зинапояи ҳавопаймо берун шуд, бо чеҳраи кушода, бо табъи баланд бо як хурсандӣ ба Тоҷикистон паём овард, ки эй мардуми тоҷик, эй ҳамшаҳриҳо, ман ба ваъдаам вафо кардам ва ба шумо сулҳ овардам! Ёдам меояд, ки дар ин пешвозгирӣ шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ иштирок доштанд ва шеъри худро дар ҳузури Ҷаноби Олӣ қироат карданд, ки баъзан ин шеър «Муборак - нома» ном бурда мешавад.
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳу бунёдкори мо омад.

Ин хабари хуш тамоми мардуми аз ҷанг безоршудаи моро хурсанд кард, мардум якдигарро ба ин рӯз щодбош мегуфтанду хурсандӣ мекарданд. Баъд аз ин рӯзи саид рӯ ба ободкорию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар Тоҷикистони азизи мо оғоз гашт ва поягузорӣ ин хушбахтиҳо падарбузурги миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар ҳақиқат мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қатори он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои Истиқлолият қадршиносӣ аз давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст. Беибо мо исрор менамоем, ки Асосгузори ин сулҳу ваҳдат маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ ба як мамлакати сарҷамъ ва муттаҳиду воҳид табдил дод.
Ҳамин нуқтаро кишваршиноси рус Н. Павлов чунин қайд кардааст: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем… Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад. Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд. Қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд».

Раҳмон ГУЛОНОВ, сокини ноҳияи Данғара
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин