Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ

Хотироту хулосаҳои хешро аз он рӯзҳои мудҳиши таърихи миллат ва имрӯзи ободу шукуфои Тоҷикистон ҳамдиёронамон зимни суҳбат чунин баён доштанд:

Гулафзо САВРИДДИНОВА,
ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, дорандаи ордени «Дӯстӣ», вакили иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-Ба андешаи инҷониб, мо бояд ҳамеша шукри Ваҳдат ва ободии Ватанамонро кунем. Зеро мо дар хотир дорем ва ман худ шоҳид ҳастам, ки солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ ва халқи мо дар кадом вазъу ҳолат қарор дошанд. Ҳатто нони хурданӣ пайдо кардан душвор гардида буд. Хоҷагии халқ фалаҷ шуда, сатҳи зиндагӣ хеле паст рафт.
Ман дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ташаккур ва арзи сипос баён мекунам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо ҷидду ҷаҳд, талошҳои пайвастаашон дар таърихи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ба ҷангу хунрезӣ дар ҷумҳурамон хотима бахшида шуд. Якдигарфаҳмӣ, Ваҳдату ягонагӣ пойдор гардид. Хушбахтона аз нав Тоҷикистони тозаистиқлоли мо рӯ ба тараққӣ ниҳод.
Имрӯз пояҳои иқтисодии давлатамон мустаҳкам гардида, рӯз аз рӯз кишварамон ободу зебо мегардад. Чи хеле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд: «Танҳо бо меҳнати худамон мо метавонем давлатамонро обод созем». Ҳар яки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки минбаъд ҳам бо кору фаъолияти худ дар амри ободонӣ ва пешрафти кишвари азизамон- Тоҷикистон ҳиссагузорӣ намоем.
Бо ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдат ҳамаи ҳамватанонамонро табрик намуда, хоҳони онам, ки осмони Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор ва мардумонаш хушу хуррам бошанд.
Ид муборак!

Мэлс НУРОВ,
омӯзгори мактаби президентӣ дар вилояти Суғд, Аълочии маорифи Тоҷикистон
-Салом, эй Ваҳдати тоҷикзаминам,
Салом, эй Ваҳдати рӯи заминам.
Салом, эй навбаҳори Сулҳу Ваҳдат,
Дигар рӯи хазонатро набинам.
Дар авохири асри ХХ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад. Ҷанги нангин бо номи ҷанги бародаркӯш, ҷанги тоҷику тоҷик, ҷанги падару писар, ҷанги додару бародар буд. Падару писари тоҷик дар сангарҳо сӯи ҳам тиру туфанг доштанду душманон дар дил шодиву сурур…
Мехоҳам аз китоби «Меъмори Ваҳдат» иқтибосеро орам, ки номаи бахту саодати миллат- Ваҳдати миллиро бозгӯ менамояд: «Рӯзи аз Маскав баргаштани Раиси ҷумҳур 27-июни соли 1997 фурудгоҳи шаҳри Душанбе идона оро ёфта буд. Мардуми шаҳр бо дилу дидаҳои шодоб аз хурсандӣ ва садоқат ба Сарвари миллати худ ба истиқболу шодбошии Эмомалӣ Раҳмон омада буданд. Аз чеҳраи шукуфон, дидаҳои шараррез ва табассумҳои орифонаи Эмомалӣ Раҳмон нур меборид. Он рӯз мардум аз Пешвои худ нур ва сафоро ҳадя гирифта буд! Нури зиёбахши Сулҳ дар дилу дидаи мардум таҷаллӣ мезад.
Дар арафаи ба имзо расидани Аҳдномаи ризояти миллӣ Анҷумани созмони умумиҷумҳурии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барпо шуд. Таъсиси ин Ҳаракати бонуфуз яке аз мақсадҳои олии Пешвои миллат буд. Мехостанд, ки нерӯҳои сулҳдӯсту ватанпарварро дар атрофи ғояҳои наҷиби Ваҳдату ягонагӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ҳам оваранд. Анҷумани Ҳаракат 18 июли соли 1997 доир гардида, Эмомалӣ Раҳмон раиси Анҷуман интихоб шуданд.
Имрӯзҳо дар ҳайати ин Ҳаракат миллионҳо нафар ватанпарварон шомиланд, ки фаъолияти пурсамари онҳо ба таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти баланди хештаншиносиву ватанпарастӣ равона шудааст».
Дар тӯли наздик 26 соли Истиқлолият, 20- соли Ваҳдати миллӣ, 25- соли Анҷумани саодати миллат- Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон шоҳиди чи қадар заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба Сулҳу Ваҳдат гардидем. Аз хондаву дида ва шунидаҳои зиёд дар бораи кору фаъолияти Пешвои миллат маълумотҳои бисёре ба андешаву хотираҳои хеш гирифтам.
Дар раванди таълимдиҳӣ ба шогирдон гаштаву баргашта мегӯям: Аз Пешвои миллати тоҷикон ифтихори ватандорӣ, сулҳу ваҳдатофарӣ, ободкориву созандагӣ, мактаби бузурги эҳтироми падару модардориро омӯзед. Аз дирӯз то имрӯзи шукуфоии Ватан сари минбари баланди сиёсат ва асолату рисолати Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки давлату миллати хешро аз минбарҳои баланд ба ҷаҳониён шиносониданд ва барҳақ лоиқу арзандаи номи ифтихории Пешвои миллати тоҷикон, ҳомии Сулҳу Ваҳдат мебошанд.
Бо ифтихор ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистони азизамонро бо ин рӯзи муборак ва муқаддас, 20 -солагии Ваҳдати миллӣ табрику таҳният менамоям.
Сӯҳбаторо Тоҳирҷон ИСКАНДАРЗОД,
хабарнигори «Ваҳдат»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин