Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:08 – Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор 
  • 17:02 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатӣ барафрохтанд 
  • 16:59 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 
  • 14:23 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистони «Ваҳдат»-ро ифтитоҳ намуданд 

САҲМИ САРВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК, ЭЪТИМОД ВА ИФТИТОҲИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. Дар ин мавзӯъ имрӯз дар Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ба кор оғоз намуд

САҲМИ САРВАРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДӮСТӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК, ЭЪТИМОД ВА ИФТИТОҲИ САҲИФАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБОТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. Дар ин мавзӯъ имрӯз дар Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ба кор оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 14.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эътимод, ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбекон» — таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмию амалӣ ифтитоҳ гардид.

Хабарнигории АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ гузориш медиҳад, ки ҳамоиши илмиро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз тавсеа ва густариши ҳамкории судманди ду давлати дӯст, ки аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма мегиранд, ҳарф зад.

Номбурда аз таҳкими ҳамкории судманди ду давлати ба ҳам дӯст ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз қадим бо ҳам робитаҳои устувори ҳамҷаворӣ доштанд ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарварони давлатҳо ин равобит густариши тоза касб намуд.

Зикр гардид, ки мардуми тоҷику ӯзбекро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар муттаҳид месозанд. Дӯстии онҳо аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Омӯзиши таърихи равобити халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша дар мадди назари таърихшиносону ҷомеашиносон қарор дошт. Олимони тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонӣ ба муаммоҳои робитаҳои байни ду давлат таваҷҷуҳ намуда, ҳамкории сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Баъд аз сафарҳои кории Сарварони ду давлат ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2018 дар ҳаёти мардумони ин кишварҳо саҳифаҳои нав кушода шуданд. Солҳои 2018-2020 дар шаҳрҳои Тошканд, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар, Андиҷон, Қӯқанд, Фарғона, Самарқанд, Бухоро бо иштироки олимони ҳарду давлат конференсияҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки дӯстии тоҷику ӯзбекро боз ҳам инкишоф доданд.
«Конференсияи имрӯза низ марҳалаи нав дар таҳкими ҳамкории илмии ҳарду давлат мебошад, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардида, масъалаҳои муҳими илмӣ бо иштироки олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима мегарданд», — гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Муовини аввали Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов низ зимни оғози конференсия дар боби дӯстию ҳамкорӣ ва рафоқати мардумони тоҷику ӯзбек ҳарф зад.

«Дар ҳақиқат, падидаи фараҳбахши бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон- барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамсоядорӣ аст, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардуми ду давлат мебошад. Талошҳои Сарварони давлатҳо дар ин замина низ шоистаи таҳсину хушҳолист. Ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, таъмини рафтуомади озодонаи мардум аз дастовардҳои муваффақ дар арсаи дӯстии ин ду халқи бародар мебошанд. Маҳз иродаи сиёсии Роҳбарони давлатҳоямон буд, ки имрӯз ҳамкорӣ, муҳимтар аз ҳама, дӯстиву рафоқати мардум таҳким меёбад», — изҳор дошт Акмал Саидов.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар бораи муносибатҳои кунунии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ибрози андеша намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ба манфиати ду халқ тадбирҳои таъхирнопазир бояд андешида шаванд.

Дар конференсия, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт, гурӯҳи олимон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Тибқи барнома, конференсияи илмию амалӣ аз чор бахш иборат мебошад.

Дар бахшҳо олимони ҳарду давлат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди равобити сиёсии байни Тоҷикистон ва Ӯзбкистон, рушди робитаҳои иқтисодӣ, равобити илмию технологӣ ва фарҳангиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Дар конференсияи илмию амалӣ дар баробари роҳбарият ва директорони муассисаҳои илмии АМИТ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдар Орипов, директори Маркази иттилоотию таҳлилии муносибатҳои байналмилалии назди ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дониёр Қурбонов, роҳбари Маркази Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Мустафоев, директори Институти сейсмологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар институтҳои илмию тадқиқотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доранд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин