Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Б О З Г А Ш Т

Моҳи ноябри соли 1992 давраи пурдаҳшаттарини Тоҷикистон буд ва дар чунин шароит бояд ба сохти нави давлатдорӣ мустақилона қадам мегузошт. Аз ноуҳдабароӣ ва бесалоҳиятии Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ сокинони мамлакат аз рӯи ақида ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ниҳоят ба муқобили ҳамдигар сангар гирифтанд. Ҳатто кор ба дараҷае расид, ки аз дасти силоҳбадастон одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасиданд. Вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, нооромию набудани кафолати амният дар ҷумҳурӣ боиси ба минтақаҳои нисбатан бехавф кӯч бастани сокинони пойтахт ва аҳолии вилояти Қурғонтеппа гардид.
-Мо бо тамоми аҳли хонаводаамон аз ноилоҷӣ ба ноҳияи Рушон назди хешовандон рафтем, - мегуяд сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) Ғарибсултон Шодмонова.- Дар як хона 25-30 кас зиндагӣ мекардем. Соҳибони хона ҳарчӣ ризқе меёфтанд, бо мо тақсим мекарданд. Дар он ҷо истода ҳушу ёдамон ба макони зист манзили дар Ҷайҳун будаамон буд. Мо ба ин ноҳия солҳои 60-уми асри гузашта муҳоҷир шуда омада будем. Аниқтараш моро ба ин ҷо кӯчонда оварданд. Дар саҳро ба пахтакорию сабзавоткорӣ машғул шуда, ана ҳамин хонаҳоро сохтем. шавҳарам раҳматӣ устои хуб буд. Ана ҳамин хонаро, ки хоси мардуми Бадахшон аст, худаш сохтааст.
-Кай аз Бадахшон ба ин ҷо дуюмбора баргаштед? – Пурсидам аз холаи Ғарибсултон.
-Эмомалӣ Раҳмон баъди роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб шудан ба ҳама мардуми гуреза муроҷиат карда гуфтанд, ки ба макони зисташон баргарданд. Мо низ аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Сарвари давлат қувваю ҷуръат пайдо карда, бо фарзандону наберагон ба ҳамин ҷо баргаштем. Худо ҳеҷ гоҳ хораш накунад. Мулкро тинҷ кард, халқро аз нав ҷамъ намуда, сулҳу ваҳдатро дар саросари мамлакат муҳаё сохт. Ман дар ҳаққи ин Марди ҷонфидо, ки ҷангро хомӯш карда, барои мо тинҷию осудагӣ овард, ҳамеша дуои нек мекунам. Бинед, имрӯз мо ҳама чӣ дорем.
Холаи Ғарибсултон ба дарахтони пурмева ва қатори ҷӯякҳои помидору бодиринг, қаламфуру лӯбиё, ҷавҳарию пиёз ва сабзавоти гуногун ишора карда, аз ҳаёти зиндагии хушу хуррами худ изҳори қаноатмандӣ мекард. Президенти мо, – суханашро идома дода холаи Ғарибсултон илова кард, дар ҳақиқат дилсӯзу ғамхор аст, ба куҷое ки равад, аввал ятимону бепарасторон, маъюбону муйсафедонро ҳолпурсӣ мекунанд. Худо Ӯро ҳамеша дар сари мо нигоҳ дорад.
-Баъди бозгашт солҳои наздик ба Бадахшон сафар карда, чӣ тағйироту дигаргуниро эҳсос кардед?
-Солҳои пеш ягон хурсандӣ ё нохушӣ мешуд, бо чӣ қадар азобҳо ба онҷо рафта меомадем. Ҳозир бошад, дар чанд соат ба Бадахшон рафта меоем. Чи қадар роҳҳои тахту ҳамвори зебо, ин қадар ободиҳоро дида, кас ҳайрон мешавад, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Раҳмат ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!
Он солҳо як қисм сокинони мамлакат аз сабаби набудани осудагию амният ба хотири раҳоии ҷон ба диёри бобоӣ: хуҷандӣ ба Хуҷанд, кӯлобӣ ба Кулоб, помирӣ ба Помир, ғармӣ ба Ғарм кӯч мебастанд. Аҳолии шаҳри Хоруғ дар ҳамон давра аз ҳисоби гурезаҳо аз 28 ҳазор ба 60 ҳазор расида, масъалаи таъминоти ҷои зист ва маводи озуқа хеле вазнин гардида буд. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ бо афзудани аҳолӣ аз ҳисоби гурезаҳо низоми тақсимоту ҷо ба ҷогузориҳо гум шуда, оқибатҳои ғайри чашмдоштро ба миён меовард.
Аз сабаби сар задани задухурдҳои мусаллаҳона як қисми сокинони вилояти Қурғонтеппа аз ноилоҷӣ дарёи Амуро убур намуда, ба давлати исломии Афғонистон гуреза шуданд. Дар байни онҳо хонаводаи сокини ноҳияи Қубодиён Мирзосафар Кулулов низ тарки Ватан карданд. Мирзосафар ҳамон вақт 11- 12 сол дошт. Ӯ он рӯзҳои мудҳишро ба хотир оварда вуҷудашро ғаму андуҳ фаро мегирад. «Падарам дар пеши чашмонам ба ҳалокат расид» - гуфта, ашк гулӯгираш кард.
Давраи сарсонию саргардониҳои худро дар давлати Афғонистон Мирзосафар рӯзҳои сахти зиндагии худ мешуморад. Ва шукр мекунад, ки имрӯз дар саросари мамлакат сулҳу ваҳдат поянда асту ҷумҳурӣ ва сокинони он сол то сол ба дастовардҳои калони истеҳсолӣ муваффақ мешаванд. Ӯ ҳоло роҳбарии мактаби варзишии ноҳияи Қубодиёнро ба уҳда дошта, аз он меболад, ки шогирдонаш дар мусобиқаҳои варзишии ноҳиявию вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, шаъну шарафи Тоҷикистонро боло мебардоранд. Мирзосафар боварӣ дорад, ки шогирдонаш дар оянда ҳамчун ворисони ҳақиқии ин сарзамин барои таҳкими сулҳу ваҳдат, ки бо саъю талошҳои асосгузори он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Бо гузашти айём кӯдакону наврасоне, ки дунболи падару модар ба хоки Афғонистон гузашта азобу ранҷи ғарибиро аз сар гузаронида буданд, ба камол мерасанд. Аксарияти онҳо ба сини 30-35 расида, ҳоло хубу бадро фарқ мекардагӣ шудаанд. Бо гузашти солҳо бо дидани манзараҳои ҳузнангезӣ як қатор кишварҳои олам ба мисли Сурияву Ироқ, Афғонистону Украина дарк менамоянд, ки давлат сохтану давлатдорӣ кардан кори саҳл нест. Аз ин рӯ, ба заҳматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аҳсан хонда ҳамватанонро ба ҳушёриву зиракӣ даъват мекунанд.
Эҳромиддин Анваров, ки ҳоло сарварии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-и ноҳияи Шаҳритус ба номи Ҳайдар Қиёмовро ба уҳда дорад, моҳи ноябри соли 1992 дар синни 8-солагӣ ҳамроҳи падару модар ва бародарону хоҳарон ба хоки Афғонистон гуреза шуда, мушкилии волидонро хуб эҳсос мекард. Ӯ лаҳзаи ба таври қатъӣ азми ба Ватан баргаштани падару модарашро аз Афғонистон нағз дар хотир доранд. «Мо акнун соҳиб пайдо кардем, боварӣ дорем бо роҳбарии ҳамин одам, Эмомалӣ Раҳмон Ватани мо обод мешавад. Чизу чораатонро ғундоред ба диёри азизамон Шаҳритус бармегардем»,-гуфта аз ҷой бархост ва барои тез омода шудани мо амр кард.
Ба деҳаамон Ленин-Юли, ҳоло ба номи Лочин Нуров омада, ҳама ҷоро валангор дидем. Сарфи назар аз ин ҳолат падару модарамро баъди гурезагию ғарибиро аз сар гузаронидан, бори аввал чунин хушҳол дидам. Дар ҳавои кушод зери дарахтони пурмева, ки гуё Худо барои мо ин қадар фаровон ато карда бошад, зиндагӣ карда, бо навбат ҳамроҳи ҳамсояҳо дасти якдигарро гирифта, то фарорасии боронгариҳо барои худ хона сохта, боми онро мепӯшондем.
Ана, ҳамин тавр, зиндагиро баъди бозгашт оғоз намуда, бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама чиз расидем. Аз файзи кӯшишу талошҳои ин марди ҷонфидои миллат, ки ба пойдории сулҳу ваҳдат омада расидем. Имрӯз хонаҳои обод дорему зиндагии пурнишот. Мо ҷавонон аз он ифтихор дорем, ки чунин як роҳбари оқилу дурандеш дорем. Пешвои муаззами мо аз ҷавонон умедҳои калон доранд ва дар ҳақи онҳо доимо ғамхорӣ мекунанд, то ки ворисони ҳақиқии ин сарзамини биҳиштосо бошем. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо мо бояд ба донишу маҳорати худ такя намуда, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки касе оромии мардуми моро халалдор намояд.
Эҳромиддин Анваров ҳоло директори МТМУ рақами 25-и ноҳияи Шаҳритус мебошад. Таълимгоҳе, ки ӯ роҳбарӣ менамояд ба номи собиқ директори он ва собиқ фирорӣ дар давлати исломии Афғонистон Ҳайдар Қиёмов номгузорӣ шудааст. Мактаб дар деҳае воқеъ аст, ки аксар аҳолии он моҳи ноябри соли 1992 ба хоки Афғонистон гуреза шуда буд. Бо собиқ сарвари таълимгоҳи мазкур Ҳайдар Қиёмов ҳамон солҳо дар Кампи Сахӣ, лагери гурезаҳои тоҷик дар Афғонистон дар ҳолати руҳафтодагию ноумедӣ вохурда будам. Суханони пурсузу гудоз чашмони ашкбору илтиҷоомези ӯ ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам намеравад, ки гуфта буд: «Ман ба ягон гуруҳ шомил набудам. Тамоми умри худро ба таълиму тарбияи фарзандони мардум бахшидам. Моро дар ин ҷо, дар мулки бегона хору зор намонед. Мо фарзандони шумоем, шумо фарзандони моед. Илтимос моро ба Ватан баргардонед». (муаллим бо гиря ва илтиҷо ин суханонро мегуфт) Ин суҳбат, ки моҳи феврали соли 1993 дар Афғонистон сурат гирифта буд, дар хазинаи Телевизиони Тоҷикистон маҳфуз мебошад.
Баъди бозгашт ба Ватан бо тадриҷ сарҷамъ шудани муҳоҷиронро дида Ҳайдар Қиёмов аз хурсандӣ ашки шодӣ мерехт. Дар ҳаққи роҳбари давлат Эмомалӣ Рахмон дуои нек карда, ҳамдеҳагонро ба муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат даъват мекард. Бо боварӣ аз ояндаи неку дурахшони Тоҷикистон ҳарф мезад. Вале афсус, ки ӯ ба дарду ғами ҷонкоҳ, ки аз таъсири саргардонию ғарибӣ ба ҷисми лоғараш асар карда буд, тоб наоварда баъди як соли бозгашт дунёро падруд гуфт. Сари болини ӯ, ки асосан шогирдон меистоданд, вопасин суханашонро бо дард баён карданд: «Ман дар дил дигар ормоне надорам. Зеро дар хоки Ватани азизам абадӣ хоб мекунам». Боварӣ дорем, ки Ҳайдар Қиёмов яке аз ҷонфидоёни соҳаи маориф Тоҷикистони азизро мисли имрӯза ободу зебо, халқашро ана ҳамин тавр шоду хуррам тасаввур мекард. Ӯ ҷавононро доимо ба он ҳидоят менамуд, ки дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид бошанд.
Имрӯз собиқ гурезаҳо дар ҳақиқат зиндагии хушу хуррам доранд. Боғҳое ғарқи ҳосил заминҳои пур аз тарбузу харбуза, бодирингу помидор, булғорию палакҳои ҳандалакҳои хушбӯйро ба мо нишон дода: «Ин файзу баракат, ин неъмату ҳосили фаровоне мебинед, аз шарофати тинҷию осудагии Ватан аст»,-мегуяд сокини деҳаи Себзори ноҳияи Ҷайҳун Абдураҳмон Кулулов.
-Вақте дар қайиқ савор шуда, дарёи Амуро убур кардан, дар бағал кӯдаки навзод доштам. Пойҳоям даруни об буд. Рост истода аз Ватан чашм намекандам. То соҳили дигар-хоки давлати исломии Афғонистон расидан, тамоми умри гузаштаро пеши назар оварда, дарун- дарун мегиристам. Чунки ман боварӣ надоштам дуюмбори дидани хоки Ватани азиз муяссарам мешавад. Раҳмат, ба Пешвои муаззамамон, ба ғайрату нангу номуси беназирашон, ки халқи парешонгаштаро сарҷамъ карда мулкро обод намуданд. Мо аз ин марди ҷонфидо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои ҳақиқию дилсӯзи миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем -гуфт дар суҳбат ба мо муаллимаи фанни забони русӣ Шарофат Ҳусейнова, ки давраи гурезагӣ дар Кампи Сахӣ масъулияти раиси занонро ба уҳда дошт.
-Муаллима, кадом лаҳзаеро аз он рӯзҳои сахт наметавонед фаромӯш кунед? – пурсидем аз ӯ.
-Лаҳзаи аз Афғонистон ба ноҳияамон баргаштанро. Вақте ба Шаҳритус расидем ҳама шодӣ мекардем, ки дар Ватанему боз ба висоли якдигар расидем. Дугонаам Зебунисо ба тарафи чанд нафар одамоне, ки дуртар аз мо меистоданд, ишора карда гуфт, ки Шарифа бубин, кӣ омадааст? Зебунисо ҳамкурсам буда, давраи донишҷӯӣ дар як хона зиндагӣ мекардем. Ман зодаи шаҳри Конибодомам. Падарам бозгашти моро шунида, ба ин ноҳия барои пешвозгиӣ омада будааст. Ман дар масофаи хеле наздик қиблагоҳамро нашинохтам. Ӯ чунон тағйир ёфта буд, ки бовариам намеомад, ки одам дар як мудати кӯтоҳ ин қадар тағйир меёфта бошад, (гиря гулӯгираш кард).
Шукр мегуям, ки он рӯзҳои талх паси сар шуданд. Ҳар дафъае ба назди шогирдон дароям ҳамеша аз он рӯзҳои сарсонию ғарибӣ қиссаҳо мекунам. Онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ, худшиносию ватандӯстӣ ҳидоят менамоям. Аз ҷонфидоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон ёдовар шуда, онҳоро дар роҳи садоқат ба Ватан инчунин афзун намудани дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ тарбия менамоям.
Ҳамкурси Шарофат Зебунисо Набиева, ки дар назди мо меистод як даста мактуби ҳамон солҳо дар ғарибӣ навиштаашонро нишон дода, чанд сатреро аз онҳо хонд, ки хеле таъсирбахш буд. Дар мактубҳо рӯзҳои сахти ғарибӣ, ҷудоӣ аз ёру дӯстон ва ёди Ватан иншо шуда, ёдгории арзишноке аз он давраҳои мудҳиш барои бойгониҳо шуда метавонад.
Сокинони вилоят бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагӣ ва сулҳу ваҳдат, ки бо ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи халқ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бо меҳнати аҳлона ба сӯи фардои дурахшон – бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ҳуқуқбунёд ва ягона устуворона қадам мезананд. Онҳо боварӣ доранд, ки ҷашни 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба намоиши ҳақиқии якдилии сокинони мамлакат аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, табдил хоҳад ёфт.

Шералӣ МУСТАФОҚУЛОВ,
мухбири рӯзномаи «Ваҳдат»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин