Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО
Ҷашни истиқлол дорад ҳомиёни мо,
Ҷилва дорад аз тароват халқи бениёзи мо.


Воқеан ҳамин тавр ҳаст вақте, ки саҳифаҳои таърихро варақ гардон мекунем мебинем, ки дар ҷаҳон нест халқе, ки баҳри ба даст овардани истиқлолияти худ талошу ҷонбозиҳо накарда бошад.
Халқи тоҷик ҳам дар тули ҳазорсолаҳои мавҷудияти худ баҳри ба даст овардани истиқлолият аз асорати аҷнабиён баъди барҳам хурдани давлатдории “Сомониён” ҷаҳду талошҳои бешумор кардааст ва баъди ин ҷонбозиҳо халқи баландқомату номдори тоҷик боз аз нав истиқлолият ба даст овард. Лекин ин истиқлолият баҳри халқи пуршарафи мо тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст чун, ки баъди пош хурдани иттиҳоди Ҷамоири Шуравӣ аз тарафи душманони хориҷӣ зулм ва фишор бар сари мардуми тоҷик равона карданд ва ҳамин тавр миллати тоҷикро боҳам ҷанг андохта қариб аз байн мебурданд.
Мардум бо ҳушёрӣ ва зиракии худ дар якҷоягӣ бо сарвари оқилу доно Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона аз ин вартаи фалокат баромада баҳри пойдорӣ ва мустаҳкамии ин истиқлолияти халқи тоҷик ҷаҳду талошҳои беназире намудаанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин истиқлолиятро беҳуда дастоварди беназир ва ҷавҳари асосии миллат нагуфтааст.
Барои ҳамин мо ҳомиёни Ватанро зарур меояд, ки дар якҷоягӣ бо халқи сарбаланди худ барои ин истиқлолиятро ҳамеша пойдор ва уствор нигоҳ доштан, якдилона бо ҳам даст бо даст гирифта аз душманони хориҷу дохилии худ ҳифз намоем ва баҳри гулгул шукуфоии ин сарзамини беандоза меҳрубон ва аҷдодӣ ин давлату миллат ҷаҳду талош намоем ва нагузорем, ки ин неъмати бебаҳо бори дигар аз даст биравад.
Дар васфи ин истиқлолият ва озодӣ шоирону нависандагон чи қадар шеърҳо, мақолаҳо ва китобу асарҳои беназире навиштаанд, ки назираш нест. Ҳамин ҳаст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду вохуриҳои худаш бо мардуми шариф чи дар дохил ва бурунмарзӣ, инчунин ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гаштаю баргашта таъкид ва супориш медиҳанд, ки ин дастоварди бузургу бебаҳоро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва аз ҷон ҳам дида беҳтар донем.
Дотсенти кафедраи фанҳои махсуси
МДТ Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
майори милитсия Шарифов З.Х.ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин