Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 73 сол сипарӣ гардид

9 май аз Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон (ҶДҶ) 73 сол сипарӣ мегардад. Дар иртибот ба таҷлили ин санаи таърихӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд. Тибқи ин қарор, ки ҳадафаш посдорӣ ва арҷ гузоштан ба корнамоии собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ мебошад, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили 73–юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пагоҳ, 9 май ба ифтихори пирӯзӣ дар ҶДҶ дар Боғи Ғалаба чорабинии идона бо иштироки роҳбарият ва масъулини шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардида, дар назди «Лавҳаи хотира» ва «Оташи абадӣ» маросими гулгузорӣ сурат мегирад ва қаровули фахрӣ саф меорояд. Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ, А. Мироненко ва майдони «800-солагии Москва», назди Сирки давлатӣ сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии пойтахт баргузор гардида, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба роҳ монда мешаванд. Инчунин шоми 9 май дар Боғи Устод Рӯдакӣ дӯстдорони сурудҳои ватандӯстонаро Фестивали «Тоҷикистон — ҷилваи биҳишт дар рӯи замин» интизор аст.
Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори Иди Ғалаба ва ироаи кумакпулии якдафъаина ба собиқадорони ҷангу меҳнат чанде пеш аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 720 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо гардид. Аз ин маблағ ба иштирокчиёну маъюбони ҶДҶ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶДҶ ҳалокгардида ба ҳар кадоме 1500 сомонӣ, инчунин ба шахсони дар давраи ҶДҶ дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҶДҶ дар ақибгоҳ коркарда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи НБА Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, 800 сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар набардҳои хунини ҶДҶ фарзандони Тоҷикистон дар радифи дигар халқу миллатҳои дунё паҳлӯ ба паҳлӯ истода, дар мубориза бар зидди фашизми гитлерӣ мардонавор ҷангиданд. Аз ҷумла, дар солҳои ҶДҶ 300 ҳазор тоҷикистонӣ дар муҳорибаҳои шадид ширкат доштанд, ки аз ин омор 92 ҳазор ҳалок гардида, 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 нафар бо ордени «Шараф» сарфароз гардидаанд.
Бинобар иттилои муовини Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Валӣ Сайёрабеков, соли равон аз Ҷумҳруии Тоҷикистон дар чорабиниҳои бахшида ба 73-юмин солгарди Ғалаба дар ҶДҶ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия доир мегардад, ду собиқадори ҷангу меҳнат иштирок менамоянд. Инҳо Ҳайдар Ҳалимов аз Душанбе ва Азиз Қодиров аз Шаҳринав мебошанд, ки ҳарду дар муҳорибаҳои озод кардани Санк-Петербург аз муҳосираи фашизм ширкат намудаанд. Инчунин як нафар ҷанговари интернатсионалисти ҷанги Афғонистон Ҳусейн Ҳасанов аз Душанбе низ иштирок менамояд. Алҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 345 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат зиндагӣ мекунанд, ки аз 90 то 109 сол доранд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 45 нафар собиқадорони ҶДҶ умр ба сар мебаранд. Бо гузашти вақт сол аз сол шумораи собиқадорони ҶДҶ дар ҷумҳурӣ кам мегардад, танҳо аз ҳисоби занони собиқадори ҶДҶ 5 нафар боқӣ мондаанд. Маҳз дӯстиву рафоқат ҳамдилию иттиҳоди халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон буд, ки дар мубориза алайҳи фашизми гитлерӣ халқҳои ҷаҳон ғалаба ба даст оварданд ва сулҳу суботу ҳаёти осоиштаро барои башарият таъмин намуданд.
Бо гузашти 73 сол башарият корнамоию диловарии ҷовидонаи миллионҳо нафар фарзандони халқу миллатҳои гуногуни сайёра ва аз ҳама беш даҳшатҳои он ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърих ҳамто надошт, фаромӯш накардааст ва барои насли имрӯзи ҷаҳон он дарси ибрат аст ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот ва амонӣ дар замин, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст».
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин