Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:21 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 
  • 16:51 – Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид 
  • 08:16 – Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:06 – СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шудаанд.

КМИР ҶТ пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифт. Ҳамин тариқ 5 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бюллитини интихоботӣ ворид карда шуданд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 11 октябр ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

Тибқи иттилои КМИР 4 943289 нафар овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Беш аз 145 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро мушоҳида хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 267 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин