Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

ДАР МАСИРИ БУНЁДИ ҶОМЕАИ СОЛИМУ ТАРБИЯТДИДА

https://khovar.tj/2021/01/ta-mina-o-iboeva-va-sha-lo-nematzoda-oliboni-ozmuni-um-uriyavii-murabbii-soli-to-ikiston-2020-gardidand/
Гузориши Раиси Кумитаи иҷроия Рудобаи Мукаррам аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ
ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2020
Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон якҷо бо Шўрои куҳансолони Ҳаракат соли 2020 ҷиҳати иҷрои нақшаи густардаи фаъолияташон 96 вохўрию суҳбат ва чорабиниҳои мухталиф бо қишрҳои алоҳидаи ҷомеаи кишвар баргузор намуданд.
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат”, ки охири соли гузашта ироа гардида буд, аз ҷониби аъзои Шўрои марказии Ҳаракат, аъзои Кумитаи иҷроия ва Шўрои куҳансолон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе (Сино, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур) бо иштироки раиси комиҷроия Р.Мустаҷобова, собиқ раиси комиҷроия М. Асрорӣ, раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, ҳамоҳангсоз – мушовири ҳаракат Р. Давлатов, узви Шўрои куҳансолон Р. Амиров вохўриҳо баргузор гардиданд. Дар онҳо баромадкунандагон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои илму маориф, фарҳанг, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, татбиқи чор ҳадафи стратегии миллӣ, проблемаи решакан намудани коррупсия, ҳамчун зуҳуроти барои ҷомеа хавфнок, ҳалли масоили иҷтимоӣ, эълон гардидани “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва амсоли онҳо изҳори андеша намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи аз 13. 01. 2020 то 26. 01. 2020 раиси комиҷроия Р. Мустаҷобова, собиқ раиси комиҷроия М. Асрорӣ, раиси Шўрои куҳансолон Ғ.Афзалов, ҳамоҳангсоз – мушовири Ҳаракат Р. Давлатов, аъзои Шўрои марказии Ҳаракат профессорон Р. Назариев ва Х. Усмонзода ва аъзои Шўрои куҳансолон А. Сатторзода, Ҳ. Пирумшоев бо ҷалби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии пойтахт, командирони қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Турсунзода, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Қубодиён оид ба масъалаҳои умдаи дар паём ироагардида, суҳбату мулоқотҳо доир сохтанд.
Дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Нақши занон дар татбиқи сиёсати созандаи давлат ва рушди ҷомеаи демократӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия Р. Мустаҷобова, узви Шўрои куҳансолон Л. Насриддинова, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ ва фаъолзанону донишҷўдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳр семинар-машварати корӣ баргузор гардид.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров - муаррифигари тамаддуни қадимаи халқи тоҷик” вобаста ба мавзўи мазкур дар доираи нақшаи фаъолият бо сокинони ноҳияи Сангвор ҷамъомад гузаронда шуд, ки дар он раиси ноҳия М. Давлатзода, мушовири калон, ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, ҳамоҳангсози ҳаракат дар минтақаи Рашт А. Шарифов ширкат доштанд ва ба нишаст кормандони мақомоти иҷроияи ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, намояндагони шўроҳои занон, имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ноҳия ҷалб гардиданд.
Дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 5500 – солагии Саразми бостонӣ мизи мудаввар зери унвони “Саразм- намунаи олии шаҳрсозии тоҷикон” доир гардид, ки дар он раиси комиҷроия Р. Мустаҷобова, собиқ раиси комиҷроия М. Асрорӣ, раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, ҳамоҳангсоз – мушовири ҳаракат Р. Давлатов, аъзои Шўрои куҳансолон Ҳ. Пирумшоев, Ўрун Кўҳзод иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ мавзўъҳои «Саразм- ёдгори нодири аҳди энеолит ва биринҷӣ», «Саразм-намунаи олии фарҳанги шаҳрсозии аҳди бостон», «Ташаккули фарҳанги шаҳрсозӣ ва шаҳрдории тоҷикон», «Шаҳрҳои аҳди қадим ва бостон ва шаҳрҳои асримиёнагии тоҷикон» мавриди таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтанд.
Дар шаҳри Норак бошад бо иштироки раиси комиҷроияи ҳаракат Р. Мустаҷобова корманди масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Хоҷамиров, котиби шўрои вилоятии ҳаракат дар вилояти Хатлон Ф. Саъдуллоев муовини раиси шаҳри Норак С. Ҳасанзода, занони фаъоли шаҳр перомуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбату вохўриҳо баргузор гардид.
Вобаста ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун бо сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ дар шаҳри Турсунзода, қисмҳои низомии 07150, 0307-и Қўшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қисми низомии 0305-и Қўшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Фархор вохўриҳо сурат гирифтанд ва дар онҳо собиқ раиси кумитаи иҷроия ҳаракат М. Асрорӣ, муовини раиси шўрои ҳаракат дар вилояти Хатлон Амиршоҳи Хатлонӣ, мушовири калон, ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, собиқадори қўшунҳои сарҳадӣ полковники мустаъфӣ Ю. Восиев, майори мустаъфӣ, собиқ корманди милитсия Б. Мирзоюсуфов, ҳамчунин командирони қисмҳои зикргардида иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар интиҳо ба китобхонаҳои қисмҳои ҳарбии Қўшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор китобҳои нашрнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аз ҷумлаи силсилакитоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» бо теъдоди 120 нусха тақдим карда шуд.
Дар доираи мавзўи “Нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол ” дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар гузаронида шуд ва он бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, марказҳои илмию тадқиқотӣ ва донишмандону коршиносони дигар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъалаҳои нақши ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими суботи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, саноатикунонӣ ҳамчун сиёсати давлатӣ, рушди соҳаҳои тандурустию, маориф, варзишу сайёҳӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, бо ташаббус ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегарданд, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни мавзўи “Тарғиби махсусиятҳои таърихиву фарҳангӣ, истироҳатию табобатӣ ва экологии Тоҷикистон-яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон”мизи мудаввар дар Муассисаи давлатии “Боғи ботаникӣ” бо иштироки собиқ раиси Кумитаи иҷроия М. Асрорӣ, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳ. Амирбекзода, намояндаи Вазорати фарҳанг Қ. Ғуломзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ҷўрахонзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ И. Ҳамидиён, узви Шўрои куҳансолон, профессор Қ. Восеъ, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов доир гардид.
Инчунин соли сипаригардида дар ноҳияи Рўдакӣ вохўрии раиси комиҷроияи ҳаракат Р. Мустаҷобова ва муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Абдулмаҳинова бо бонувони пешсаф, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, омўзгорон ва хонандагони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар мавзўи “Оқибатҳои ногувори хурофотпарастӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи муосир” баргузор гардид.
Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бошад атрофи мавзўи “Арҷгузорӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” бо омўзгорон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Чорбоғи ин ноҳия чорабинӣ баргузор гардид. Дар он ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия А. Сафарзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Чорбоғ З. Шерова ва директори гимназияи №1 О. Шарифов иштирок намуданд.
Мавзўи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ҳифзи Истиқлолият” зимни як мизи мудаввар бо ширкати олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, ба номи С. Айнӣ матраҳ гардид. Он бо ҳузури собиқ раиси комиҷроия М. Асрорӣ, ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, узви Шўрои куҳансолон, профессор Ҳ. Пирумшоев, муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба илм, доктори илмҳои биология А. Мирзораҳимов ҷараён гирифт.
Кумитаи иҷроия якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Роғун перомуни китоби “Уфуқҳои истиқлол”- и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ бо омўзгорону хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони ҷамоати деҳоти Қади оби шаҳр маҳфили рўнамоиеро доир сохт. Дар чорабинӣ ҳамоҳангсози ҳаракат Р. Давлатов, муовини раиси шаҳр Ф.Файззода, раиси ҷамоат А. Лашкарзода, директорони мактабҳо Қ. Қарчиев ва З. Тўраева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ба номи Абўалӣ ибни Сино конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзўи “Усулҳои муосири ташхис ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПНМ” баргузор гардид. Дар кори конференсия собиқ раиси комиҷроия М. Асрорӣ, ҳамоҳангсози Ҳаракат Р. Давлатов, муовини ректор оид ба илм Ҷ. Муҳаббатов, муовини ректор оид ба тарбия П. Қурбонбекова, директори китобхонаи донишгоҳ С. Расулов, омўзгорон, донишҷўён, коршиносони соҳаи тандурустӣ ва дигар кормандони масъули донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бахшида ба 26-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар коллеҷи ҳунарҳои бадеӣ ва ҳам ҷамоати деҳоти Чорбоғи ин шаҳр мулоқоти таблиғотии шўрои суғдии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
Котиб-ҳамоҳангсози шўрои вилоятӣ А. Ҳотамӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Шўълаи умед” М. Мақсудов, номзади илмҳои таърих, М.Каримов роҷеъ ба Конститутсияи замони соҳибистиқлолии кишвар, изҳори андеша намуданд.
Инчунин, соли сипаригардида ҳайати Кумитаи иҷроия дар як қатор дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Аз он ҷумла, бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявиеро дар мавзўи “Ҷавонон- таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор сохт ва дар он маърўзаи собиқ раиси комиҷроияи ҳаракат М. Асрорӣ таҳти унвони “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат-раҳнамои ҷавонон барои имрўзу ояндаи дурахшони миллат” шунида шуд.
Ҳамин гуна чорабиниҳо бо иштирок ва суханронии раиси комиҷроия Р. Мустаҷобова ва дар ҳамкорӣ бо кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода ва Осорхонаи миллӣ ва бахшида ба 26-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд.
Кормандони шўрои ҳаракат дар вилояти Суғд бошанд, вобаста ба мавзўи “Мақоми рамзҳои давлатӣ дар устувории пояҳои ҳокимияти миллӣ” дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ мулоқотҳои судманд гузарониданд.
Дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ марбут ба нақши ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардида, масъалаҳои мубрами ин ҷанбаи фаъолият дар шароити тезу танд гардидани авзои ҷаҳони муосир матраҳ гардиданд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроия Р. Мустаҷобова, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон З.Исмоилзода, раиси Шўрои куҳансолон Ғ. Афзалов, муовини директори АМИТ «Ховар» Қ. Сайфуллоев, директори радиои Тоҷикистон О. Саидзода, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Сатторӣ сухан карданд.
Доир ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва давлатдории тоҷикон маводи зиёду назариявӣ ва публисистӣ, мақолаҳои пурарзиш аз ҷониби кормандони рўзнома, донишмандон, коршиносону таҳлилгарон дар нашрияи «Ваҳдат» чоп шудаанд ва нашри чунин мавод доимо зери назорат қарор дорад. Аз ҷумла, соли равон мақолаҳо бо унвони «Дастоварди гаронбаҳои миллат»”-и М. Асрорӣ,” Ҷашни пойдории сулҳ ва бедории миллат”-и Ғ. Афзалов, “Президент ва илм”-и Ф. Раҳимӣ, “Истиқлолият нишони давлати миллист”-и Қ. Восеъ, ”Бо чашми хирад дид бояд ҷаҳон”-и К. Олимов, “Ҷавони бинишвар ва сиёсатмадори адлгустар”-и Ҳ. Қаландариён, “Мубаллиғи Ваҳдат”-и Б. Салмон, “Ваҳдати мо поянда бод”- и Р. Маҳмуродова ,”Президент-кафили сулҳу ваҳдат”-и Ш. Мустафоқулов, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон”-и Д. Маҳмудов,”Нобиғаи тақдирсоз”-и А. Хатлонӣ ва амсоли инҳо саҳифаҳои рўзномаи «Ваҳдат» ва сайти ташкилот- “harakat.tj”- ро пурмуҳтавою хонданбоб гардониданд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳайати эҷодии рўзномаи “Ваҳдат” дар самти таҳкими суботу амният ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо мегузорад. Нисбат ба падидаҳои имрўза, ки қувваҳои бадхоҳи пасипардагӣ ва ифротӣ ҳар гуна маълумоти бардурўғу иғвоангезро дар фазои иттилоотӣ пахш менамоянд, дар шумораҳои нашрия мунтазам радияҳо ба табъ мерасанду рўзнома рисолати худро дар ҷомеа иҷро карда истодааст. Вокуниш ба маводи ғаразнок ҳамеша дар мадди назари кормандони рўзнома буда, аз моҳи июн то декабри соли равон маводи зеринро ба нашр расонидаанд: «Изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ» (дар бораи сомонаҳои «ахборком» ва «наҳзатру), «Муроҷиатномаи шўрои ҳаракат дар ВМКБ» (№11), дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ, «Наҳзатиҳо аз коронавирус бадтару хатарноктаранд» -и Саиди Ёқубзод (№11, с.3), «Саҳми фаъолони Ваҳдати миллӣ дар озод кардани падару бародарам аз дасти гурўҳҳои террористӣ»-и С. Гадоев (№11, с.3), «Чашмаи офтобро чӣ гуноҳ?»-и Боймурод Шарифзода (№14,15, с.7,7,), «Хирад алайҳи хиёнат»-и Амиршоҳи Хатлонӣ, «Дини ислом ба ҳифз аз амалҳои ифротӣ ниёз дорад» -и Орифҷон Содиқов (№20,с.7).
Мавриди зикр аст, ки бахшҳои ҳаракат дар вилоятҳои Суғду Хатлон имрўзҳо вобаста ба вазъияти хатарзои бавуҷудомада нисбат ба паҳншавии бемории сироятии СOVID–19 корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро байни мардум ба роҳ монда, пайваста дастурҳоро оид ба пешгирии вирус ба сокинон талқин мекунанд.
Бо ҳамовозӣ ба даъватҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба таҳаммулу сабр ва гўш надодан ба ҳар гуна иғвоҳо ҳидоят месозанд.
Дар ҷаласаи шўрои ҳаракат дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бошад дар иртибот бо ин масъала муроҷиатнома ба сокинони вилоят қабул гардид.
Дар муроҷиатнома таъкид гардидааст, ки вобаста ба вазъияти баамаломада дар шабакаҳои интернетӣ баъзе маълумоти бардурўғ ва воҳиманоку иғвогарона пахш мешаванд. Мехоҳанд дар дили мардум эҳсоси ноумедӣ ба имрўзу фардо, тарсу ҳарос ва нобовариро нисбат ба ҳукумат бедор созанд, ки асосе надорад. Душманони миллат намехоҳанд, ки мо мо осуда зиндагӣ кунем ва дар муттаҳидӣ Ватани азизамонро ободтар созем. Роҳи наҷот аз ин хатар танҳо якдилию якдигарфаҳмӣ ва муттаҳид будан атрофи давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баҳри ҷоннок намудани фаъолияти шўроҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон тибқи нақшаи алоҳида котиб-ҳамоҳангсози ҳаракат дар вилоят Ш. Шоҳқосимов бо бошандагони ин ноҳияҳо вохўриҳо баргузор сохта, дар онҳо аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию иқдомҳои наҷибонаашон дар дастрас намудани маводи тиббӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал дар вазъияти имрўза ёдовар шуда ва мардумро ба таҳаммулу сабр, гўш надодан ба ҳар гуна иғвоҳои даъват кард.
Кумитаи иҷроияи ҳаракат вобаста ба хатари паҳншавии бемории мудҳиши COVID-19, ки имрўзҳо ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, роҳҳои пешгирии он ва чорабиниҳои ҳукумати мамлакат дар ин самт дар сайти ташкилот “harakat.tj” ва нашрияи “ Ваҳдат” мумтазам мақолаву тавсияҳо интишор намуда, ба маводи иғвогаронаи таблиғотӣ перомуни ин мавзўъ, ки ба унвони роҳбарияти давлати мо дар шабакаҳои интернетӣ сангандозиҳо гурўҳҳои алоҳида вокуниш нишон медиҳад.
Дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории COVID-19 Кумитаи иҷроия дар ҳамбастагӣ бо шўроҳои вилоятии ҳаракат фаъолиятро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъати бештар ҳоҳад дод.
Лозим ба зикр аст, ки замони оғози пандемия ҷиҳати иҷрои муқррароти протоколҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 иҷрои бандҳои 11, 12, 13, 16, 18, 1-и нақшаи фаъолият дар соли 2020 ба нақшаи фаъолияти ҳаракат барои соли 2021 гузаронида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҳаракат дар самти ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, истиқлолияту ваҳдати миллӣ, амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва мисли ҳамин дигар мавзўъҳои мубрами ҷомеа нақши бузурги Пешвои миллат дар иртибот бо онҳо минбаъд низ фаъолияташро тавсеа мебахшад ва мавзўъҳои номбурдаро ба нақши фаъол баҳри амалӣ гардидани он мунтазам вохўрию мулоқотҳоро бо қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ хоҳад кард.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин